Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани 73-солае, ки адабиёти динӣ мефурӯхт, ба қочоқи нашъа муттаҳам шуд


Раҳбар Аминова

Парвандаи як зани 73-соларо дар вилояти Хатлон, ки ба миёнравӣ дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам аст, ба додгоҳ фиристодаанд. Ба ин зан аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳоло парванда ба додгоҳ рафтааст. Хеле нигаронам. Оромишро гум кардаам. Хавф дорам, ки зиндонӣ мешавам.

Маъмурони Идораи мубориза бо маводи мухаддири вилояти Хатлон Раҳбар Аминоваро баҳори имсол дастгир карданд. Вале гуфтанд, ба сабаби пирӣ ва бемориаш ӯро на дар боздоштгоҳ, балки дар ҳабси хонагӣ нигоҳ медоранд.

Қурбонназар Баротзода, сармуфаттиши Идораи мубориза бо маводи мухаддири вилояти Хатлон, рӯзи 3-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Аминова аз рӯи моддаи 200-и Кодески ҷиноӣ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) тафтиш шудааст.

"Раҳбар Аминова дар бозпурсӣ ба гуноҳи худ иқрор кард. Ин зан ҳамчун миёнарав дар қочоқи тақрибан 400 грамм ҳашиш муттаҳам аст. Ҳамзамон барои интиқоли пули маводи мухаддир аз шиносномаи ӯ истифода шудааст. Азбаски бемор буд, ба боздоштгоҳ бурда нашуд, аммо аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод нест", - афзуд ӯ.

Боздошти баъзе аз ҷавонҳо ва афроди миёнсол бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон хабари нав нест, вале иттиҳоми Аминоваи 73-сола бисёриҳоро дар минтақа ҳайратзада кардааст. Худи ӯ рӯзи 3-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талош дорад, бо киро кардани вакили дифоъ гуноҳашро сабук намояд ва дар айни пирӣ ба кунҷи зиндон наравад.

Ӯ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар хонааш аст ва суҳбати мо низ дар ҳамон ҷо сурат гирифт. Раҳбар Аминова гуфт, "фикр намекардам, масъала ин қадар ҷиддист. Хоҳиши яке аз дӯстонро барои интиқоли баъзе "доруҳо" ва гирифтани маблағ бо шиносномаам иҷро кардаму ба ин ҳол афтодам. Ҳоло парванда ба додгоҳ рафтааст. Хеле нигаронам. Оромишро гум кардаам. Хавф дорам, ки зиндонӣ мешавам. Шояд гуноҳамро сабук кунанд ваё пириву бемориамро ба назар гиранд."

Пиразани муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир соҳиби чаҳор фарзанд буда, як писараш чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, тақрибан 100 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад ва аз фарзандонаш ҳам кумаки зиёде дарёфт намекунад.

Хонум Аминова чанди сол қабл низ бо ҷурми фурӯши адабиёти мамнӯи динӣ боздошт ва як муддат ҳабс шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон, ки аз тавлидкунадагони бузурги маводи мухаддир ба шумор меояд, беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад. Бино ба омори интишоркардаи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, ҳар сол дар Тоҷикистон аз 800 то 1000 ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор ошкор шуда, аз муомилоти қайриқонунӣ то 7 тонна маводи мухаддир мусодира карда мешавад.

Дар се моҳи аввали имсол дар вилояти Хатлон ҳафт ҳолати қочоқи маводи мухаддир сабт ва нисбат ба омилонаш парванда боз шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG