Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи "Ҳунари Қуръон" дар Вашингтон (ВИДЕО)


Дар пойтахти Амрико шаҳри Вашингтон, намоишгоҳе бо номи “Ҳунари Қуръон” идома дорад, ки дар он дастхатҳои қадимаи китоби муқаддас барои мусулмонон ва ҳам китобҳо дар бораи Қуръон ба намоиш гузошта шудааст.

Дар пойтахти Амрико шаҳри Вашингтон, намоишгоҳе бо номи “Ҳунари Қуръон” идома дорад, ки дар он дастхатҳои қадимаи китоби муқаддас барои мусулмонон ва ҳам китобҳо дар бораи Қуръон ба намоиш гузошта шудааст.

Дастхатҳоро, ки аз рӯзи 22-уми октябр ба намоиш гузоштанд, дар намоишгоҳи Артур Саклер метавон дид. Намоишгоҳ бо мусоидати Институти Смисониан ва Осорхонаи ҳунарҳои туркӣ ва исломии Истанбул баргузор мешавад ва дар он дастхатҳои қадима аз Эрону Афғонистон, Шимоли Африқову Туркияро метавон дид. Дастхати азими Қуръони ороста бо рангҳо ва оби тилло меҳмононро дар даромадгоҳи намоишгоҳ пешвоз мегирад.

Маъсума Фарҳод, масъули намоишгоҳ мегӯяд, ки "ин яке аз бузургтарин ва вазнинтарин китобҳост. Шаст кило вазн дорад. Аксари ин китобҳоро махсус барои намоиш офаридаанд ва ҳамчун ҳадя ба масҷидҳо додаанд."

Аксарияти 66 китоб ба Осорхонаи ҳунарҳои туркӣ ва исломии Истанбул ва баъзе ба осорхонаи Фреер ва Саклер тааллуқ доранд. Баъзеашон аз асри 7 ва баъзе аз қарни 17 мондаанд. Баъзе аз дастхатҳоро аз оромгоҳҳои султонҳои усмонӣ ба осорхона овардаанд, ки баъзе аз манотиқи Аврупо, Африқо ва тамоми Ховари Миёнаро зери даст доштанд.

Намоишгоҳи Қуръон дар Вaшингтон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Маъсума Фарҳод, масъули намоишгоҳ гуфт, ки "китобҳоро барои султону ҳокимони қудратманди ҳамин минтақаҳо офаридаанд. Пас аз солҳо дар ниҳоят китобҳоро хонаводаи салтанати усмонӣ аз худ кард."

Масъулони намоишгоҳ мегӯянд, ки матни ҳама китобҳо як аст, вале хатҳо гуногун. Хаттотҳо аз ҳар яке аз ин китобҳо осори ҳунарии нодир сохтаанд: "Масалан як дастхати хаттот бо номи Ёқут аст, ки ғолибан бузургтарин хаттот дар ҷаҳони ислом дар поёни қарни 12 ва аввали қарни 13 буд."

Дар намоишгоҳ зебоиҳои ҳунари хаттотӣ ва китобати Қуръон дар аҳди қадим барҷаста намоён аст. Баъзе аз китобҳо достонҳои алоҳидае дар бораи хаттотон ва соҳибони аслиашон доранд.

Маъсума Фарҳод умедворӣ кард, ки "бинандагон, новобаста аз завқашон, омада як достоне бо худ мебаранд. Шояд баъзеҳо ба хаттотӣ алоқа дошта бошанд, баъзеҳо ба хаттотони алоҳида, ё оростани матнҳо. Умедворем барои ҳама як чизе инҷо дорем."

Намоишгоҳи Қуръон то 27-уми феврали соли 2017 идома мекунад.

XS
SM
MD
LG