Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи "Қуръон"-и эҳтимолан 1370-сола дар Бритониё


"Қуръон"-е ки дар санг китобат шудааст. Акс аз Қандаҳори Афғонистон
"Қуръон"-е ки дар санг китобат шудааст. Акс аз Қандаҳори Афғонистон

Пораҳои китоби “Қуръон”-е, ки бовар меравад, дастикам 1370 сол қабл китобат шудааст, аз китобхонаи Донишгоҳи Бирмингеми Бритониё ёфт шудааст. ББС рӯзи 22 июл хабар дод, ки ин пораҳои “Қуръон”, ки бо хатти арабии қадима дар пӯсти буз ё гӯсфанд китобат шудааст, бахше аз коллексияест, ки ҳанӯз дар солҳои 20 аз Ироқ ба Бритониё оварда шуда буд, вале то ҳол осори бостонӣ буданаш ташхис нашуда буд. Ташхиси радиокарбонӣ нишон дод, ки ин пораҳои “Қуръон” дар баайни солҳои аз 568 то 645 китобат шудаанд. Бино ба таърихи Ислом, Паёмбар Муҳаммад ваҳйҳоеро, ки “Қуръон” бар пояи онҳо тартиб дода шуд, байни солҳои 610-632 дарёфт кардааст. Пораҳои ин “Қуръон”-и қадима, бовар меравад ба сурати алоҳида китобат шуда, тақрибан дар соли 650 зери муқоваи як китоб ҷамъ оварда шуданд. Профессори улуми Масеҳият ва Ислом Девид Томас гуфтааст, ин пораҳо “моро ба солҳои аввали зуҳури Ислом мебаранд. Нафаре ки инро китобат кардааст, бояд Паёмбар Муҳаммадро хуб мешинохт. Ӯ шояд Паёмбарро дидаву мавъизаҳояшро ҳам шунида буд.” Аммо натиҷаҳои ташхиси радиокарбонӣ чандон дақиқу собит нест, ки пораҳои ёфтшуда дар Бритониёро бо боварии қотеъ қадимтарин “Қуръон”-и дунё эълон кунанд.

XS
SM
MD
LG