Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон "Салимбойбача"-ро таҳти пайгард қарор дод


Қамчӣ Колбоев ва Салим Абдувалиев
Қамчӣ Колбоев ва Салим Абдувалиев

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон соҳибкори 73-солаи узбекистонӣ Салим Абдувалиев, машҳур ба "Салимбойбача"-ро таҳти пайгард қарор додааст.

Ҳукми боздошти Абдувалиевро Додгоҳи ноҳияи Октябри Қирғизистон эълом кард.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, Салим Абдувалиев бо истифода аз нуфузи худ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масири интиқоли маводи мухаддирро ба Аврупо ташкил карда, бо соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноии Қирғизистон Қамчӣ Колбоев робита доштааст.

"Салимбойбача"-ро Додгоҳи ноҳияи Мирободи Узбекистон 19-уми марти имсол бо ҷурми "Муомилоти ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, қисмҳои асосии силоҳ, мавод ё дастгоҳи тарканда, ки аз сӯи шахси хатарнок дубора содир мешавад" 6 сол зиндонӣ кард.

Шуруъ аз моҳи январи соли 2017 Салим Абдувалиев муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Узбекистон буд. Вай ҳамзамон аз соли 1997 Эътилофи муҳорибаҳои омехтаи Узбекистонро раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG