Дар тарҳи қонун омадааст, барои таҳқир, огоҳона паст задани шаъну шараф шахсони воқеӣ 100 ҳазор сом ва шахсони ҳуқуқӣ 200 ҳазор сом ҷарима карда шаванд.
Дар гузинаи пешини лоиҳа, ки вазорат моҳи апрели имсол пешниҳод карда буд, ҷарима барои шахсони воқеӣ 7500 сом ва барои шахсони ҳуқуқӣ 23 ҳазор сом пешбинӣ шуда буд.
Ҳамчунин дар сурати қабули лоиҳаи қонун дар Қирғизистон барои туҳмат шахсони воқеӣ 100 ҳазор ва шахсони ҳуқуқӣ 200 ҳазор ҷарима мешаванд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо дастури раиси Девони Қирғизистон Оқилбек Жапаров таҳия шудааст. Ба гуфтаи муаллифон, дар қонунгузории амалкунандаи Қирғизистон барои таҳқиру туҳмат ҷазои муносиб пешбинӣ нашудааст.