Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон бо дархости Русия як қирғизистониро дастгир кардааст


Марзи Қирғизистон ва Қазоқистон
Марзи Қирғизистон ва Қазоқистон

Додгоҳе дар Қазоқистон шаҳрванди 29-солаи Қирғизистон Алина Горшенинаро, ки ба таҳдид ё зӯроварӣ муттаҳам мешуд, бо дархости Русия ҳабс кард.

"Медиазона" бо такя ба хабаргузории "Rusnews" иттилоъ дод, ки Горшенина 1-уми июн дар марзи Қазоқистон бо Қирғизистон дастгир шуд.

Лариса, модари Горшенина, ба "Новости Бишкека" гуфтааст, ҳамроҳи духтараш мехостанд барои истироҳат ба шаҳри Алмато бираванд.

Ба нақли ӯ, Додгоҳи Қазоқистон қарор кардааст, ки Алина Горшенина ба Русия истирдод шавад. Аммо Rusnews навишта, ки додгоҳ шаҳрванди Қирғизистонро танҳо ҳабс карда, истирдоди ӯ дар ҳоли ҳозир баррасӣ мешавад.

Ба иттилои "Медиазона", номи Горшенина аз 27-уми декабри соли 2023 дар рӯйхати шахсони таҳти ҷустуҷӯ дар Русия шомил аст. "Rusnews" навишта, ки ба зидди ин қирғизистонӣ моҳи июни ҳамон сол парванда кушодаанд.

Модари Горшенина гуфтааст, тибқи маводи парванда, шахсе тавассути рақамҳои ношинос ба намояндагони мақомоти Русия таҳдид кардааст. Чаро муфаттишон бар инанд, ки тавассути рақамҳои ношинос маҳз Горшенина тамос гирифта, таҳдид кардааст, феълан маълум нест.

XS
SM
MD
LG