Холид Ал-Атия, муовини нахуствазир ва вазири дифои Қатар гуфтааст, кишвараш бо Эрон "ихтилофоти зиёде" дорад, аммо ҳозир нест, ки "оташи ҷанг дар минтақа шӯълавар шавад."
Вазири дифои Қатар, ки рӯзи якшанбеи 3-юми июн дар як конфронси амниятӣ дар Сингапур суханронӣ мекард, бо матраҳ кардани ин суол, ки "оё даъват кардани Амрико ва Исроил ба ҷанг алайҳи Эрон оқилона аст?", ба "тарафи савумӣ" ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ, "кишварҳои минтақаро ба оғози ҷанг бо Эрон тарғиб мекунанд, ки бисёр хатарнок аст."
Вазири дифои Қатар ҳамчунин гуфтааст, ки кишвараш хостори побарҷо мондани созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон аст.
Ба навиштаи расонаҳои байналмилалӣ, ишораи вазири дифои Қатар ба "тарафи савум" эҳтимолан ба Арабистони Саудӣ бозмегардад, ки рақиби минтақаии Эрон ба шумор меравад ва Қатарро низ таҳти муҳосира қарор додааст.
Арабистони Саудӣ ва се муттаҳиди арабиаш -- Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Миср аз соли гузашта бо муттаҳам кардани Қатар ба "ҳимоят аз терроризм", робитаҳои худро ба таври комил бо ин кишвар қатъ карданд. Ин чаҳор кишвар яке аз шартҳои барқарории робита бо Қатарро қатъи муносибат бо Эрон зикр карданд. Қатар ҳамеша иттиҳоми "ҳимоят аз терроризм"-ро радд кардааст.
Вазири дифои Қатар дар суханронии рӯзи якшанбеаш дар Сингапур таъкид кардааст, ки "Эрон ҳамсояи мо аст" ва гуфт, кишвараш "музокира" бо Теҳронро аз ҷанг беҳтар мешуморад. Ҳудуди 10 ҳазор низомии амрикоӣ дар Қатар ҳузур доранд ва пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Ал-Удид дар наздикии Доҳа, яке аз пойгоҳҳои амрикоӣ дар мубориза алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" будааст.
Вазири дифои Қатар ҳамчунин гуфтааст, ки кишвараш хостори побарҷо мондани созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон аст. "Ба бовари шахсии ман, Амрико хирадмандтар аз он аст, ки ба ҷанг бо Эрон ворид шавад",-гуфтааст Холид Ал-Атия.
Изҳороти вазири дифои Қатар дар ҳоле баён шудааст, ки Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳудуди 10 рӯз пеш гуфта буд, ки фишори ҳукумати Доналд Трамп, "барои тағйири режим дар Эрон нест". Вазири умури хориҷии Амрико таъкид карда буд, ки ин хостаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки "Эрон ҳамчун кишваре оддӣ рафтор кунад."
Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико ҳудуди се ҳафта пеш дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт буд, тағйири режим дар Эрон дар дастури кори ҳукумати Доналд Трамп қарор надорад. Оқои Болтон, ки қаблан ба зарурати "тағйири режим" сӯҳбат карда буд, ба шабакаи Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфт, ки изҳороти қаблиаш замоне садо дода буд, ки фарде озод буд ва ҳеҷ масъулияти давлатӣ надошт.
Мақомҳои Эрон борҳо ҳукумати Амрикоро ба талошҳо барои "сарнагунии низом" муттаҳам карданд ва Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ҳудуди 10 рӯз пеш бо такрори ин иддао гуфт, "таъбири сарнагунӣ дар сӯҳбатҳои мақомоти амрикоӣ нав нест". Раҳбари Эрон бо ин ҳол бо ташбеҳи Амрико ба гурбаи маъруфи достони "Том ва Ҷерри" гуфт, Вашинтон "боз ҳам шикаст хоҳад хӯрд."
Дар конфронси амнияти байналмилалӣ, ки дар Сингапур идома дорад, вазири дифои Амрико низ иштирок дорад. Ин нишаст солона бо ибтикори як Пажӯҳишгоҳи мустақил баргузор мешавад ва вазирони дифоъ ва фармондеҳони артиши 28 кишвар ба он даъват мешаванд.
САД СОЛ ГУЗАРАД БУИ ГАДОИ НАРАВАД ,, РОЙГОН ГАДОИ КУНЕД БА ХАЛК БО ПУЛ ФУРУШЕД ШУМО АХ СЕР НАШИДЕД ГУШНАХО
Иқдоми инсондӯстонаи наҷиб...Аҳсан ба ин одамони накӯкору хайрхоҳ...Худованд подоши амали неки шуморо худаш медиҳад, албатта! Худо нигаҳбонатон бошад!
Аввал додани баркро дуруст ёд гиранд, хитои хамаи хатхои барку зеристгоххора нав кард, мутахассис тайёр карда дод,- вале холо хам бо боридани барф ё борон бахона карда, барка хомуш мекунанд, гуё боз вайрон шуд ва таъмир кунанд , бегох ё фардо барк мешавад...
Касе ки гуфтааст: ^Дар назди конун шоху гадо баробар аст^ , НОМАЬКУЛ кардааст! Шох- шох хасту, гадо-гадо!
Аз 50 000 000 милион доллар зиёд кумак барои ин касали пандемия омадаги кучо шуд??????????????