Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби аз 13 то 17 сол зиндон барои Қадамҷон Сафизода ва ҳамроҳонаш. ВИДЕО


Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Қадамҷон Сафизода, корманди пешини дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва шаш тан аз ҳамроҳонаш, мутаносибан аз 13 то 17 соли зиндонро талаб кард. Ин афрод дар маҷмӯъ барои аз худ кардани 8 миллион сомонӣ айбдор мешаванд. Ин камсобиқатарин парвандаи марбут ба кормандони фанновариҳои компютерӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Сухани айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 8-уми июн дар додгоҳи ноҳияи Сино шунида шуд ва дар ҷараёни мурофиа, ки зоҳиран ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст, айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбарон Қадамҷон Сафизода ва Парвиз Назаров 17 сол, барои Фурқат Раззоқов, Арслон Маҳкамов, Владимир Бабаев ва Зуҳал Сангинов 15 ва барои Ҳикматулло Хоҷаев 13 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш шадидро тақозо намуд.

Ин камсобиқатарин парвандаи марбут ба кормандони фанновариҳои компютерӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Онҳо бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “соҳибкории ғайриқонунӣ”, “дуздии амвол дар ҳаҷми махсусан калон”, “қасдан вайрон кардани барномаҳои электронӣ” ва “сӯистифода аз боварӣ” муттаҳам мешаванд. Парвандаи ин афрод беш аз як сол аст, ки дар баррасӣ қарор дорад.

Қурбоналӣ Файзуллозода – дар гузашта сардори таъминоти техникӣ ва ҳоло мудири нашриёти "Шарқи Озод" , ки дар ин парванда ба ҳайси ҷавобгар даъват шуда буд, аз ҷавобгарӣ озод карда шудааст. Аммо вай то 10 рӯзи оянда -- замони ба иҷро даромадани ҳукми додгоҳ ҳаққи тарки ҷои истиқоматашро надорад. Файзуллозода бар асоси моддаи 314-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ" муттаҳам мешуд.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ волидони ин ҳафт нафар аз Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент хоста буданд, ки барои муҳокимаи одилонаи фарзандонашон дар додгоҳ, мусоидат кунад. Онҳо иддао карда буданд, ки фарзандонашон “барои ҷиноятҳое айбдор мешаванд, ки содир накардаанд”. Волидони гумонбарон гуфтаанд, парвандаи зидди фарзандонашон, ки дар оғоз танҳо аз рӯи моддаи "соҳибкории ғайриқонунӣ" баррасӣ мешуд, бо иловаи чанд моддаи дигар сангинтар шуд.

Парвандаи ин афрод дар додгоҳи ноҳияи Сино баррасӣ мешавад.
Парвандаи ин афрод дар додгоҳи ноҳияи Сино баррасӣ мешавад.

Дар номаи худ ба унвонии Озода Раҳмон, волидон эътироф карда буданд, ки фарзандонашон “аз ноогоҳӣ” бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи пулӣ ба “ҷинояти дараҷаи миёна” даст зада, зангҳои байналмилалии ширкати “Мегафон”-ро бидуни иҷозат ба зангҳои дохилӣ табдил додаанд. Ба қавли волидон, гумонбарон аз ин кор 6 ҳазору 830 доллар фоида ба даст овардаанд.

Наздикони Қадамҷон Сафизода ва шаш нафари дигар мегӯянд, рӯзи 20 марти соли 2016 дастгоҳи онҳо аз тарафи кормандони Хадамоти алоқа ва УБОП-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мусодира шудааст. Раёсати тафтишотии ВКД ҳудуди 8 моҳ тафтиши ин парвандаро бар асоси моддаи 259, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "соҳибкории ғайриқонунӣ" ба роҳ монда буд.

“Аммо мақомоти Хадамоти алоқа ба натиҷаи ин тафтишот розӣ нашуда, санҷиши қазияро ба ихтиёри Додситонии кулл супурданд. Тафтишоти навбатӣ натиҷаи санҷиши аввалияро ба даст овард. Баъдан парвандаи айбдоршавандаҳо дар моҳи августи соли 2016 ба додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт барои тасдиқ пешниҳод шуд, вале бо дастури Додситонии кулл ва талаби Хадамоти алоқа дубора баргардонда шуд. Дар ҷараёни тафтиши дубора ба парвандаи онҳо се моддаи дигар илова шуд”, - гуфта буданд волидони яке аз гумонбарон.

​Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар аввали моҳи майи соли гузашта гуфта буданд, ки ҳамроҳ бо Қадамҷон Сафизода – мудири собиқи Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон – панҷ нафари дигар боздошт шудаанд.

Қадамҷон Сафизода 14 январи соли 2012, дар ҳоле ки ҳамагӣ 30 сол дошт, ба унвони мудири Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи президент аз муҳимтарин ниҳодҳои ин идора ҳисоб мешавад. Сафизода хатмкардаи факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, номзади илмҳои техникист.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG