Пайвандҳои дастрасӣ

Қадамҷон Сафизода гуфт, ки худро гунаҳкор намедонад


Қадамҷон Сафизода

Муҳокимаи парвандаи Қадамҷон Сафизода, корманди собиқи дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт шуруъ шуд. Феълан дар паси панҷараи додгоҳ дар баробари ӯ, шаш нафари дигар нишастаанд. Яке аз вакилони дифои муттаҳамон гуфт, ин афрод дар маҷмуъ барои аз худ кардани 8 миллион сомонӣ айбдор мешаванд.

Дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 23-юми май гуфтанд, ки Қурбоналӣ Файзуллозода – дар гузашта сардори таъминоти техникӣ ва ҳоло мудири нашриёти "Шарқи Озод" – низ дар ин парванда ба ҳайси ҷавобгар даъват шудааст. Файзуллозода бар асоси моддаи 314-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ" муттаҳам мешавад.

Қаблан волидони муттаҳамон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки фарзандонашон “аз ноогоҳӣ” бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи пулӣ ба “ҷинояти дараҷаи миёна” даст зада, зангҳои байналмилалии ширкати “Мегафон”-ро бидуни иҷозат ба зангҳои дохилӣ табдил додаанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ рӯзи 23-юми май дар додгоҳи ноҳияи Сино гуфт, Қадамҷон Сафизода ва ҳамроҳонаш бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноятӣ – “соҳибкории ғайриқонунӣ”, “дуздии амвол дар ҳаҷми махсусан калон”, “қасдан вайрон кардани барномаҳои электронӣ” ва “сӯистифода аз боварӣ” – муттаҳаманд. Вале Қадамҷон Сафизода, Қурбоналӣ Файзуллозода ва Ҳикматулло Хоҷаев дар ин мурофиаи додгоҳӣ ба бегуноҳии худ пофишорӣ карда, гуфтанд, айби эълоншударо қабул надоранд.

Панҷ нафари дигар – Парвиз Назаров, муовини пешини мудири “Кохи Наврӯз”, Владимир Бобоев, Зуҳайл Сангинов, Арслон Маҳкамов ва Фурқат Раззоқов – мутахассисисони ширкати “Мегафон” гуфтанд, ки худро қисман бар асоси моддаи 259, яъне "соҳибкории ғайриқонунӣ" гунаҳкор дониста, бо иттиҳомоти дигар розӣ нестанд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Рустам Ҳакимов, вакили дифои Қадамҷон Сафизода ва Парвиз Назаров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон вақте яке аз айбдоршавандаҳо худро комилан гунаҳкор намедонад, бояд ташхиси такрорӣ анҷом дода шавад. "Айбдоршавандаҳо барои аз худ намудани 8 миллион сомонӣ пули ширкати “ТАКОМ” - “Билайн Тоҷикистон” айбдор мешаванд ва мо зарур донистем, ки ташхиси такрорӣ сурат гирад. Мо аз додгоҳ хостем, то мутахассисони пойгоҳи 201-и Русия ва ширкати “Бабилон” дар ҳайати ташхисгарон ҳузур пайдо кунанд. Ба хотири онки ташхис мунсифона ва одилона сурат гирад", - афзуд ӯ.

Қаблан волидони муттаҳамон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки фарзандонашон “аз ноогоҳӣ” бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи пулӣ ба “ҷинояти дараҷаи миёна” даст зада, зангҳои байналмилалии ширкати “Мегафон”-ро бидуни иҷозат ба зангҳои дохилӣ табдил додаанд. Ба қавли волидон, гумонбарон аз ин кор 6 ҳазору 830 доллар фоида ба даст овардаанд.

Мақомоти Хадамоти алоқа ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар гузашта ин қазияро шарҳ надодаанд.

Наздикони Қадамҷон Сафизода ва муттаҳамони дигар мегӯянд, рӯзи 20 марти соли 2016 дастгоҳи онҳо аз тарафи кормандони Хадамоти алоқа ва УБОП-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мусодира шудааст. Раёсати тафтишотии ВКД ҳудуди 8 моҳ тафтишотро нисбат ба онҳо идома дода, бар асоси моддаи 259, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "соҳибкории ғайриқонунӣ" парванда боз кард.

“Аммо мақомоти Хадамоти алоқа ба натиҷаи ин тафтишот розӣ нашуда, санҷиши қазияро ба ихтиёри Додситонии кулл супурданд. Тафтишоти навбатӣ натиҷаи санҷиши аввалияро ба даст овард. Баъдан парвандаи айбдоршавандаҳо дар моҳи августи соли 2016 ба додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт барои тасдиқ пешниҳод шуд, вале бо дастури Додситонии кулл ва талаби Хадамоти алоқа дубора баргардонда шуд. Дар ҷараёни тафтиши дубора ба парвандаи онҳо се моддаи дигар илова шуд”, - гуфт волидони яке аз гумонбарон.​

​Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар аввали моҳи майи соли гузашта гуфта буданд, ки ҳамроҳ бо Қадамҷон Сафизода – мудири собиқи Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон – панҷ нафари дигар боздошт шудаанд. Ба қавли манобеи Радиои Озодӣ, ин афрод дар гузашта ба ворид кардани компютер аз Чин машғул буданд.

Қадамҷон Сафизода 14 январи соли 2012, дар ҳоле ки ҳамагӣ 30 сол дошт, ба унвони мудири Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи президент аз муҳимтарин ниҳодҳои ин идора ҳисоб мешавад. Сафизода хатмкардаи факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, номзади илмҳои техникист.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG