Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозиҳои Путин" ва "фасод" дар "Сочи-2014"


Филми ҳуҷҷатии дар бораи Бозиҳои зимистонаи Олимпии Сочи-2014 масъалаи фасодро дар ин кишвар ба миён овардааст.

Дар кинофестивали филми ҳуҷҷатии IDFA дар Амстердам муаррифии филми коргардон Александра Гентелева бо номи Putin's Games ё «Бозиҳои путин» баргузор шуд. Коргардон дар филм масъалаи ҷой доштани фасод дар рафти сохтмони иншоотҳои олимпиро ба миён гузоштааст.

Дар филми ҳуҷҷатии Putin's Games андешаҳои коргардон Александр Гентелев ҳамчун рӯъё дар бораи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ рӯи навор омадааст, ки дар шаҳраки Русия гуё барф набошад.

Яке аз қаҳрамонҳои филм, мухолифи ҳукумати Русия Борис Немсов, сокини Сочӣ ва муаллифи гузориши «Олимпиадаи зимистона дар субтропик» мебошад, ки гуфтааст, будҷаи сохтмони олимпиадаи Сочи алакай ба 50 миллиард доллар расидааст. Тибқи ин гузориш ин маблағ беш аз ҳамаи олимпиадаҳои қаблӣ будааст.

Дар филм ҳамчунин гуфта мешавад, ҳарчанд то ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи вақти кам мондааст, ҳанӯз корҳои сохтмонӣ ба анҷом нарасида ва ҳатто баъзе иншоотҳо барои сохтан дар нақша ҷойи муайян надоранд.

"Бозиҳои Путин"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:21:53 0:00

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG