Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Путин ба ИМА


Президенти Русия Владимир Путин дар суханронии ахири худ таҳдидҳои нав ба ИМА-ро ба забон оварда, ба сокинони кишвараш ваъда дод, ки меъёрҳои зиндагиро боло мебарад.

  • Ин ҳама дар шароитест, ки ба хотири бӯҳрони идомаёбандаи иқтисодӣ, мизони маҳбубияти президент Путин дар поинтарин сатҳ қарор дорад.

Рӯзи 20 феврал дар муроҷиаташ ба ҳарду палатаи федеролии маҷлис Путин гуфт, ки агар Вашингтон мушакҳои миёнапарвозашро дар Аврупо ҷойгир кунад, Маскав на танҳо кишварҳои мизбони аслиҳаи амрикоӣ, балки худи ИМА-ро ҳадаф қарор медиҳад.

Путин маҳбубияташро аз даст медиҳад?

Суханронии Путин дар ҳоле баргузор мешавад, ки пурсиши афкори умум мизони маҳбубияти президентро дар 13 соли ахир дар ин кишвар дар поинтарин сатҳ қарор додааст. Як пурсиши созмони назарсанҷии наздик ба Кремлин нишон медиҳад, ки аз ҳар 5 шаҳрванди Русия як нафараш зери хати фақр ба сар мебарад. Соли 2018 тасмими ҳукумат барои боло бурдани синни нафақа боиси эътирозҳо шуд.

Барои ғасби Қрим дар соли 2014 ва пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, ки боиси кушта шудани беш аз 10 ҳазору 300 нафар шудааст, Русия ҳамоно таҳти таҳримҳои ғарб қарор мегирад.

Путин наздики 20 сол дар сари қудрат мебошад, танҳо як дафъа дар вазифаи нахуствазирӣ кор кардааст. Соли 2018 Путини 66-сола бори дигар дар интихобот пирӯз шуд ва шаш соли дигар ҳақи раҳбарии ин кишварро ба даст овард. Мунаққидон мегӯянд, ки Путин қудратро монополия карда мухолифони сиёсиро саркӯб ва дигарандешонро фишор меорад.

ИМА, таҳримҳо ва "сиёсати харобкорона"

Дар суханронии худ Путин бори дигар гуфт, ки Русия аз созиши таслеҳотии соли 1987 бо ИМА берун мешавад ва аз паи рушди системаи дифои мушакии худ хоҳад шуд.

Путин гуфт, ки Русия хостори равобити дӯстона бо ИМА мебошад ва омода аст, ки дар мавзӯи назорат аз силоҳ бо Вашингтон гуфтугӯ кунад, вале айни замон таъкид кард, ки Маскав дар барпо кардани чунин музокирот ташаббус нишон намедиҳад.

“Мо хостори зиддият, бахусус бо қудрати ҷаҳоние мисли ИМА нестам”, гуфт Путин. Айни замон, Путин таҳримҳои Русияро ҳамчун ”як сиёсати харобкоронаи ИМА” интиқод кард.

Ҳабси Майкл Калвиро бархе афроди наздик ба Кремлин ҳам интиқод кардаанд
Ҳабси Майкл Калвиро бархе афроди наздик ба Кремлин ҳам интиқод кардаанд

Ӯ гуфт, Русия маҷбур мешавад силоҳҳое эҷод ва мустақар кунад, ки на танҳо қаламравҳои кишварҳои ба таври мустақим таҳдидкунанда, балки инчунин “марказҳои қарорқабулкунанда”-ро ҳадаф қарор медиҳанд.

ИМА 2 феврал гуфт, ки ҷараёни беруншавӣ аз созиши ҳастаӣ бо Русияро ба кор меандозад. Аз ин пеш Вашингтон ва НАТО Маскавро дар нақзи созиш ва истеҳсоли мушаки навъи 9M729 гунаҳкор карданд.

Русия, ки ин иттиҳомотро рад мекунад, гуфт, ки ҳамчунин аз созиш берун мешавад. Ин санад кишварҳои имзокунандаи онро аз истеҳсол, истиқрор ва озмоиши мушакҳои замин ба ҳаво ва баллистикии қудрати парвозашон 500 то 5,5 ҳазор километр бозмедорад.
Бо вуҷуди таҳдидҳои низомӣ, бештари вақти суханронии 90-дақиқаинаи Путин ба масоили дохилӣ бахшида шуд.

Путин гуфт, ки Русия захираҳои ҳангуфте барои сармоягузорӣ дорад, ки на аз роҳи қарз, балки аз роҳи даромад ба даст омадаанд.

Ӯ ваъда дод, ки андозҳо кам ва қарзҳои хона дастрастар мешаванд. Ӯ инчунин ваъда дод, ки мизони фақру бенавоӣ ҳам коҳиш дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, аз миёни 147 миллион аҳолии Русия 19 миллион нафараш зери хати фақр ба сар мебаранд ва моҳе танҳо бо 160 доллар зиндагӣ мекунанд.

Путин гуфт, ки “бизнеси одилона” набояд аз таъқиб битарсад. Ин ҳарфҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран дар Русия раҳбари як ширкати сармоягузори амрикоӣ Майкл Калвӣ бо иттиҳоми тақаллуб боздошт шуд. Чандин ҷонибдори Кремлин ҳам одилона будани иттиҳомоти зидди Калвиро зери суол бурданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG