Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рухсатии Путин дар ҷангалзори Сибир. ВИДЕО


Путин ва Шойгу

Кремлин рӯзи 27 август чанд аксу навори видеоӣ аз саҳнаҳои истироҳати тобистонаи президент Владимир Путин дар Сибирро нашр кард.

Дар ин саҳнаҳо Путин дар иҳотаи чанд мақоми расмӣ, аз ҷумла бо вазири дифоъ ва раиси Хадамоти амнияти федеролӣ дида мешавад.

Путини 65-сола либоси низомӣ дар тан, бо дурбин ва васоили кӯҳнавардӣ дида мешавад. Дар саҳнаҳои дигар ӯро ба ҳангоми шиноварӣ дар обҳои Енисей, дарёе, ки аз минтақаи Туваи Сибири шарқӣ убур мекунад, намоиш медиҳанд.

Ин акси Путинро дар соли 2009 ҳамчун намоиши қудрату бозу арзёбӣ карданд
Ин акси Путинро дар соли 2009 ҳамчун намоиши қудрату бозу арзёбӣ карданд

Дар гузашта саҳнаҳои истироҳати Путинро дар табиат, лаҳзаҳои моҳидорӣ ва офтобхӯриашро бидуни курта нашр карда буданд, ки инро ҳамчун талоши намоиши саломатии хуб, омодагии хуби ҷисмонӣ ва гузашта аз ин, ба сифати намоиши қудрату бозу ба кишварҳои дигар арзёбӣ кардаанд.

Дар хабари расмӣ гуфта шуд, ки Путин дар роҳ ба Кемерови Сибир рӯзи душанбе истироҳат гирифт. Дар ин минтақаи сибирӣ ӯ бо вазъи конҳои ангишт шинос шуда, бо раҳбарони минтақаҳои маҳаллӣ ва ҳам бахши энержӣ ҷаласа барпо мекунад.

Путин ба тамошои ҷангал баромад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG