Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: аз мушкилоти иқтисодии Русия то скрипкаи офшорӣ


Дар гуфтугӯи мустақим бо Владимир Путин сокинон бештар дар бораи вазъи иқтисодиву иҷтимоии Русия, болоравии нархи ғизо ва маводи дорувор изҳори нигаронӣ карданд.

Дар саволу ҷавоби телевизионии президенти Русия Владимир Путин бо мардум, ки рӯзи 14 апрел баргузор шуд, нигарониҳои асосӣ марбут ба вазъи иқтисодии кишвар буд. Дар миёни масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳ – равобит бо кишварҳои мисли Туркия, Украина ва вазъи Сурия будааст. Яке аз аввалин пурсишҳои мавриди нигаронӣ болоравии қимати ғизо ва муҳимоти дигар дар Русия буд. Путин гуфт, ки нигарониҳои мардумро аз таъсири бӯҳрон дарк мекунад. Ӯ гуфт, ки болоравии нархҳо дигар ба як тамоюли собит табдил шудааст.

Айни замон, гуфт ӯ, посухи ҷавобии Русия ба таҳримҳои Ғарб бо сабаби низоъҳо дар Украина, ки қарор кард аз воридоти ғизо аз Ғарб худдорӣ кунад, ба фоидаи Русия анҷомид. Ба гуфтаи ӯ, бахши кишоварзии ин кишвар тақвият ёфта базудӣ нархҳоро дар кишвар ба эътидол меорад. Путин гуфт, ки сохтори иқтисоди Русия тадриҷан аз шакли суннатии содироти захираҳои табиӣ ба содироти «технологияҳои навин» табдил мешавад. Ин гуфтугӯи 14-уми телевизионии Владимир Путин буд, ки ба

Карикатураи президент Путин дар ҷараёни нишасти 14 апрел
Карикатураи президент Путин дар ҷараёни нишасти 14 апрел

шакли саволу ҷавоб бо журналистон ва ҳам сокинони манотиқи мухталифи ин кишвар аз студияи телевизионӣ дар Маскав танзим шуда буд.

Анъанаи гуфтугӯҳои мустақими телевизиониро Путин ҳанӯз аз соли 2000-ум, замони тоза ба қудрат омаданаш ба роҳ мондааст. Ташкилкунандагони ин гуфтугӯ мегӯянд, ки тавассути телефон, вебсайти махсус таъсисёфта ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвонии президент Путин беш аз 2 миллион савол ворид шудааст. Саволу ҷавоб 3 соату 40 дақиқа давом дошт, ва ба таъкиди матбуоти расмӣ, Путин дар ин муддат ба 80 савол посух дод.

Путин гуфт, ки амалиёти низомии Русия дар Сурия муваффақиятомез буд, ҳарчанд таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ ҳамоно по бар ҷо боқӣ мемонанд. Вай гуфт, ки Русия дар музокироти марбут ба хатми низои Сурия фаъолона иштирок мекунад ва ба таъкиди ӯ, ин низоъ бояд бо мусолимати сиёсӣ хотима ёбад. Ба саволи як зане дар бораи вазъи хеле бади роҳҳо дар Русия Путин гуфт, ки ин мушкилро эътироф мекунад ва раҳбарони манотиқ ҳақ доранд, ки барои ҳалли мушкилоти муҳимтари манотиқ аз буҷаи роҳу нақлиёт истифода кунанд.

Дар ин нишаст Путин аз раҳбари Чеченистон Рамазон
Қодиров, ки ба мухолифони ҳукумати Русия ҳамла кардааст, ҳимоят кард ва гуфт, ки ӯ дар ҷангалҳо силоҳ ба даст зидди душманони Русия меҷангид.

Путин дар бораи Қодиров: "Вай дар ҷангал зидди душман меҷангид"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Дар ин нишаст ҳамчунин саволҳое дар бораи ҳаёти шахсии ӯ баъди талоқаш бо Людмила Путина дода шуд ва ӯ бо фирор аз посухи мустақим дар бораи худ гуфт, ки зиндагии ҳамсари собиқаш Людмила хубу хуш ва ҳатто беҳтар аз гузашта мегузарад.

Шореҳи бахши русии радиои Озодӣ Ирина Лагунина саволуҷавобҳои Путинро тавассути телевизион чунин хулоса кард:

Ирина Лагунина: Ба назари ман, на ҷавобҳои президент, балки бештар саволҳои мардум таваҷҷӯҳро ҷалб мекард. Аз рӯи саволу муроҷиатҳои мардум маълум мешавад, ки вазъ дар кишвар шадидан сангин шудааст. Аксари саволҳо марбут ба эҳтиёҷоти рӯзмарраи мисли нарху наво ва дастрасӣ ба маводи дорувор, вазъи роҳҳо ва набуди инфраструктураи зарурӣ буд. Шикояте аз ҷазираи Сахалин дар бораи кори ғуломонаи мардум дар як ширкати моҳидорӣ ва ҳам набуди имкони тарки ин ҷазира кардани онҳо буд. Ин ҳама баёнгари он аст, ки дар Русия дар ин як соли охир бӯҳрони иқтисодӣ амиқтар шуда, ба як бӯҳрони системанок табдил шудааст. Ҷавобҳои Путин бошад, мисли 14 дафъаи гузашта, бештар ваъдасупорӣ буд, ки "зиндагӣ ҳатман беҳтар мешавад" ва "ба зудӣ аз ранги тираву тор пурнуртар хоҳад шуд". Танҳо чизе, ки нав ва хеле ҷолиби тавҷҷӯҳ буд, ин буд, ки ин навбат Путин аз сиёҳ кардани Ғарб худдорӣ кард. Вай дар бораи кишварҳои ғарбӣ бо лаҳни нарму дӯстона сӯҳбат кард ва ИМА-ро як шарики Русия номид. Чунин вонамуд кард, ки гӯё Русия комилан аз Украина фосила гирифтааст ва ҳеҷ имкони таъсир ба ин кишварро надорад. Танҳо ҳамла ва ё интиқоди шадиди Путин ба самти Туркия равона шуд. Ба саволи духтарчае дар бораи он ки агар президентони Туркия ва Украина дар ҳолати ғарқшавӣ бошанд, Путин киро наҷот хоҳад дод? – ӯ Туркияро дар пуштибонии террористон ва «Давлати исломӣ» муттаҳам кард. Туркия танҳо «душмане» буд, ки дар давоми ин 3 соату 40 дақиқа садо дод.

Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, ҳоло Путин талош дорад бо ин нармишаш Ғарбро ба бекор кардани таҳримҳо водор кунад?

Ирина Лагунина: Ба назари ман, вазъи Кремлин ҳоло хеле мушкил шудааст, чунки ҳолати худи кишвар хеле бад аст. Путин ҳам инро хеле хуб дарк мекунад ва онҳо нигарон ҳастанд, ки сабаби ин вазъ норизоиятҳои мардумӣ нашавад, чунки зидди ҳукумат нигаронида мешавад. Дар давоми ин саволу ҷавобҳо, мақомот, аз ҷумла додситонӣ, ҳар 10 дақиқа хеста гузориш медоданд, ки вокуниши онҳо ба мушкили садодода чист. Дар давоми ин сӯҳбат 3 парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва вақте дар бораи парвандаи сеюм хеста хабар доданд, мардум дигар хандиданд. Аз сӯе ин баёнгари дилмондагии мардум аз сохторҳои давлатӣ аст, аз сӯи дигар, ин ба он маъност, ки Кремлин дар баробари

Ирина Лагунина
Ирина Лагунина

мушкилот хеле заъфпазир шудааст ва танҳо роҳи ҳалли онро дар намоиши зӯр мебинад. Хулосаи ин сӯҳбатҳо, ба назари ман ин аст, ки дар давоми 16 соли охир Кремл аз воқеият дур шуда вазъи дохилии кишварро аз дарун дуруст дарк намекунад ва дар як ҳолати бунбаст қарор ёфтааст. Бесабаб нест, ки як нафаре дар СМС ба унвонии Путин навишт, ки "кай шумо президент буданати худро ба ёд оварда, бо корҳои Русия машғул мешавед?". Ин СМС чанд лаҳза намоиш дода шуд ва зуд пок шуд.

Радиои Озодӣ: Дар мавзӯи ду миллиард доллари дар бонкҳои оффшории давлати Панама паноҳёфта Путин гуфт, ки «фармоишгари ин ҳама таҳқиқот маълум аст» ва зоҳиран аз додани посухи мустақим фирор кард. Бардошти шумо аз ин мавзӯъ чӣ буд?

Ирина Лагунина: Барои Путин фирор аз посухи мустақим хеле қулай буд, чунки заъфи мавзӯъ дар ин буд, ки ҳеҷ журналист саволи дуруст дода натавонист. Бале, исми Путин воқеан ҳам дар ин санадҳо пайдо нест, воқеан ҳам маълум нест, ки баҳрабардори ниҳоии ин маблағҳои аз кишвар ғайбзада кӣ аст. Он ҷо исми дӯстони Путин зикр мешаванд, вале исми худи Путин нест. Савол бояд на дар бораи нуқтаи охири ин пулҳо, балки дар бораи роҳ ё схемаи аз Русия берун рафтани онҳо дода мешуд. Ин пулҳо аз аввал аз ҳисобҳои ширкатҳои стратегии русӣ, аз корхонаҳои давлатӣ ғайб заданд, қисме аз ин пулҳо замоне нопадид шуданд, ки Путин президент не, нахуствазир буд. Агар тахмин задан мумкин бошад, ки президент метавонад дар ҷараёни ҳама кору ҳодисаҳо дар кишвар набошад, нахуствазир бояд донад, ки пулҳои ширкатҳои стратегии давлатӣ куҷо шуданд. Ҷавоб ин аст, ки ё Путин медонад, ки ин пулҳо чӣ тавр ғайб заданд ва ин хеле бад аст, ваё агар надонад, дучанд бад аст, чунки баёнгари заъфи ҳукумат аст. Азбаски ин савол садо надод, Путин ҳам роҳат дар бораи скрипкаву виолончел сӯҳбат карду халос шуд.

XS
SM
MD
LG