Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин амр дод, омодагии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Русияро бисанҷанд


Тамринҳои низомии Русия дар Доғистон дар моҳи сентябри соли 2019.
Тамринҳои низомии Русия дар Доғистон дар моҳи сентябри соли 2019.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия амр додааст, ки “омодагии ҷангӣ”-и 150 ҳазор низомӣ ва садҳо ҳавопаймо ва киштиҳои ҷангӣ дар ҷанубу ғарби Русияро бисанҷанд, чун ба қавли ӯ, ба ин қисмати Русия “хатари ҷиддӣ”- и терроризм таҳдид мекунад.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия рӯзи 17-уми июл гуфт, санҷиши омодагиҳо аз ҳоло оғоз шудааст ва омодагии нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои ширкат дар размоишҳо моҳи сентябр таҳти унвони “Қафқоз-2020” тафтиш карда мешаванд.

Ӯ афзуд:”Бар асоси қарори фармондеҳи олии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия (Владимир Путин) нерӯҳои ҳавзаҳои ҷанубӣ ва ғарбии низомӣ тафтиши ногаҳонии омодагии ҷангиро анҷом медиҳанд.”

Ҳавзаҳои ҷанубӣ ва ғарбии низомии Русия дар марз бо Украина ва дар шарқи Русия ҷойгиранд, ки дар ин самт ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав аз соли 2014 инҷониб ба зидди неруҳои мусаллаҳи Украина меҷанганд.

Айни замон омодагии ҷангии нерӯҳои ҳавоӣ ва баҳрии Русия дар Баҳри Сиёҳ, Хазарро тафтиш мекунанд. Дар умум ба гуфтаи Сергей Шойгу, омодагии бештар аз 400 ҳавопаймо ва 100 киштиро месанҷидаанд.

Баъди онки Русия нимҷазираи Қрими Украинаро ба қаламраваш ҳамроҳ кард ва бо идомаи муноқиша дар шарқи Украина, чандин тамринҳои ногаҳонии ҷангӣ дар минтақаҳои ғарбӣ ва ҷанубуғарбии Русия сурат гирифт.

Андрий Таран, вазири дифои Украина рӯзи 17-уми июл гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш моҳи сентябр тамринҳои низомӣ баргузор мекунанд. Ӯ афзуд: “Азбаски нерӯҳои Русия бо баҳонаи омодагӣ ба тамринҳои низомии стротегии Қафқоз-2020 ҷамъ мешаванд, раҳбарони вазорати дифои Украин ва неруҳои мусаллаҳ қасд доранд, ки тамринҳои стротегии “Талошҳои муштарак-2020” -ро дар ҳамон замон ва дар охири моҳи сентябр баргузор кунанд.”

Вазири дифои Украина гуфт, ки интизор доранд, намояндагони кишварҳои узви НАТО ҳам дар тамринҳои низомӣ ширкат кунанд. Аз замони шуруи муноқиша дар шарқи Украина дар моҳи апрели соли 2014 тақрибан 13200 нафар кушта шудаанд. Дар ин ҷанг Русия аз ҷудоиталабони тарафдори он кишвар ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG