Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирри миллиардҳои дӯстони Путин


Аркадий Ротенберг - сӯдбари асосӣ аз қарордодҳои давлатии Русия
Аркадий Ротенберг - сӯдбари асосӣ аз қарордодҳои давлатии Русия

Мунтақидони раисиҷумҳури Русия мегӯянд, ки Владимир Путин ба як гурӯҳи дӯстонаш имкон додааст, ки аз ҳисоби қарордодҳои давлатӣ миллиардҳо доллар сарват ба даст биоранд.

Мухолифони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин муддатҳост, ки ӯро ба ошнобозӣ айбдор мекунанд ва мегӯянд, сирри миллиардҳо доллар ҷамъовардаи дӯстони Путин дар шароити фавқулодда боимтиёзест, ки барояшон дар даст ёфтан ба тендерҳои давлатӣ фароҳам меоранд.

Ҳарчанд Кремл батакрор ин иддаоҳоро рад кардааст, гузориши нав дар нашри русии маҷаллаи “Forbes” нишон медиҳад, ки қарордодҳои “равғанӣ”-и давлатиро умдатан ёрони наздики Путин, аз ҷумла марде, ки гумон меравад, домоди президенти Русия бошад, ба даст меоранд.

Бино ба ин гузориши муфассали таҳлилӣ, ки ҳафтаи гузашта чоп шуд, аз 5 барандаи асосии қарордодҳои давлатии Русия дар соли 2015 чор нафараш афродеанд, ки аз атрофиёни хеле наздик ба Путин шумурда мешаванд. Дар маҷмӯъ, ин 5 нафар дар як сол ба мабалғи қариб 1 триллион рубл, муодили 12,8 миллиард доллар бо қурби кунунӣ, аз ҷониби давлат барои иҷрои барномаҳои бузург фармоиш гирифтаанд.

http://www.forbes.ru/rating-photogallery/313039-koroli-goszakaza-2016-reiting-forbes/photo/1

Дар садри ин рӯйхати афроде, ки аз ҳисоби дӯстӣ бо Путин соҳиби қарордодҳои давлатӣ ба маблағи миллиардҳо доллар шудаанд, миллиардер ва спарринг-партнёри Путин дар гуштии дзюдо Аркадий Ротенберг қарор дорад. Ротенберг дар тӯли соли 2015 ба маблағи 7,8 миллиард доллар аз ҳукумати Русия фармоиш гирифтааст.

Геннадий Тимченко бо Аркадий Ротенберг
Геннадий Тимченко бо Аркадий Ротенберг

Таҳти рақами 3 дар ин рӯйхат Геннадий Тимченко бо 2,1 миллиард доллар саҳми бурдааш аз қарордодҳои давлатии Русия дар як соли охир истодааст. Тимченко аз ёрони собиқадори Путин ба шумор меояд ва ӯро ҳатто “ҳамён”-и раисиҷумҳури кунунии Русия низ ном мебаранд.

Дар ҷои чорум Кирилл Шамалов ном бурда мешавад. Шамалов, ки бино ба гузоришҳои нашршуда ҳам дар матбуоти Русия ва ҳам дар расонаҳои Ғарб, ба духтари хурдии Путин издивоҷ кардааст, дар як сол қарордодҳои давлатӣ ба маблағи 1,9 миллиард долларро ба худ ихтисос додааст.

http://www.reuters.com/investigates/special-report/russia-capitalism-shamalov/


Мақоми панҷум дар ин рӯйхати сӯдбарони дӯстӣ бо Путин боз ҳам ба хонаводаи Ротенбергҳо, дақиқтараш ба писари Аркадий Ротенберг – Игор Ротенберг бармегардад. Ин миллиардери ҷавон аз ҳисоби қарордодҳои давлатии Русия дар соли гузашта 1,4 миллиард доллар саҳм бурдааст.

Танҳо нафари дар назари аввал “бегона” дар ин рӯйхат миллиардер Леонид Михелсон аст, ки зоҳиран бо Путин дӯстии мустақим надорад. Аммо ин молики ширкати гази “Новатек” аз шарикони тиҷории Геннадий Тимченко аст, ки бо Путин ҳанӯз аз даврони ҷавониаш дар Ленинград (Петербурги кунунӣ) дӯстии наздик дорад.

“Forbes” ин рӯйхатро бар асоси омори қарордодҳои давлатии Русия тартиб дода ва “Шоҳони қарордодҳои давлатӣ” номаш кардааст. Саҳми ҳар кадоме аз дӯстони Путин бар асоси фисади саҳмияе, ки онҳо дар ширкатҳои барандаи қарордодҳои давлатӣ доранд, ҳисобу китоб шудааст.

Исмҳои Ротенберг, Тимченко ва Шамалов луқмае дигар дар даҳони он мунтақидоне мешавад, ки Путинро ба сохтани як низоми фасодолудаи мабнӣ ба ошнобозии ошкоро дар тӯли 16 соли ҳукуматаш бар Русия айбдор мекунанд.

Алексей Навалний, раҳбари оппозисиюни Русия дар як навори видеоӣ, ки дар сомонаи расмиаш дар пайи гузориши “Forbes” нашр кард, мегӯяд: “Ҳеҷ кадоме аз ин афрод тоҷири моҳир нест. Сарвати онҳо аз ин ҳисоб нест, ки онҳо чизе кашф ваё чизе сохта бошанд, ваё афроди хеле оқилу хуб бошанд. Сирри сарвати онҳо танҳо дар ин аст, ки президенти кишвари мо онҳоро дар болои халтаҳои пул гузоштааст.”

Амрико алайҳи Геннадий Тимченко ва Аркадий Ротенбергро ҳамчун афроди марбут ба ҳалқаи атрофиёни наздики Путин дар вокуниш ба тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия таҳримот ҷорӣ кардааст.

https://www.treasury.gov/press-center/press-releases/Pages/jl23331.aspx

Вазорати дороии Амрико ҳангоми эълони ин таҳримот гуфт, Путин дар ширкати нафти “Gunvor” сармоя дорад ва ба маблағҳои ин ширкат дастрасӣ дорад. Ин ширкатро дӯсти наздики Путин - Тимченко таъсис додааст, вале як рӯз қабл аз эълони таҳримоти Амрико аз он хориҷ шуд. Кремл саҳм доштани Путин дар “Gunvor”-ро рад мекунад.

Катерина Тихонова, духтари хурдии Путин ва Кирилл Шамалов
Катерина Тихонова, духтари хурдии Путин ва Кирилл Шамалов

Алексей Навалний низ дар ибтидои моҳи феврал ба додгоҳ алайҳи Путин дар робита ба “комёбиҳои тиҷорӣ”-и домодаш Кирилл Шамалов шикоят бурд. Навалний мегӯяд, ки Путин бо ироаи 1 миллиарду 750 миллион доллар ба ширкати Шамалов ба бархӯрди манфиатҳо роҳ додааст, ки бар хилофи қонуни зидди фасод аст. Вале додгоҳи Маскав даъвои Навалний алайҳи Путинро напазируфт.

Аз ҳисоби қарордодҳои давлатӣ ва пулҳои будҷа даст ёфтани дӯстону хешу табори президентҳо дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ ба як падида табдил ёфтааст. Вале агар дар кишварҳои дигари ин қаламрав фоидаи бурдаи атрофиёни раҳбари давлат бо даҳҳову садҳо миллион доллар маҳдуд шавад, дар Русия, ки аз нигоҳи зарфиятҳои иқтисодӣ бузургтарин кишвари ин паҳност, доманаи “кандан”-и ёрони президент аз хазинаи давлат, бино ба гузориши “Forbes” ба миллиардҳо доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG