Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин вазири дифои Русияро аз мақомаш барканор кард


мулоқоти Владимир Путин бо вазири нави дифоъ Сергей Шойгу дар Ново-Огорево
мулоқоти Владимир Путин бо вазири нави дифоъ Сергей Шойгу дар Ново-Огорево

Бо амри президенти Русия Анатолий Сердюков аз мақомаш барканор шуд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, вазири дифои кишвар Анатолий Сердюковро ба истеъфо фиристод ва ба ҷойи ӯ волии вилояти Маскав Сергей Шойгуро таъин кард. Дар ин бора худи Путин дар мулоқот бо Шойгу хабар дод. Ӯ истеъфои вазири пешинро “бо авзоъ дар атрофи вазорати дифоъ ва таъмини шароит барои тафтиши воқеъбинонаи ҳама масоил” марбут кард.

Чанде пеш Кумитаи тафтишоти Русия аз рӯи қазияҳои қаллобӣ зимни фурӯши моликият ва қитъаҳои замин аз сӯи ширкати “Оборонсервис”, як муассисаи вазорати дифоъ, панҷ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар чаҳорчӯби ин парванда аллакай се гумонбар боздошт шудаанд.

Тафтишот муайян кардааст, ки мақомдорони Вазорати дифои Русия аз ширкати моликдори "Оборонсервис" объектҳои беҳтарин, қитъаҳои замин ва саҳмияҳои
Анатолий Сердюков панҷ соли охир вазири дифои Русия буд
Анатолий Сердюков панҷ соли охир вазири дифои Русия буд
сердаромади моликияти воқеъ дар ҳудуди Маскавро интихоб мекарданд. Ба ин тарҳҳо, баъдан, ба қавли онҳо, пулҳои калони буҷа масраф шуда моликият дар ниҳоят бо нархҳҳои хеле кам ба ширкатҳои тиҷоратии шарики "Оборонсервис" фурӯхта мешуданд, мегӯяд Кумитаи тафтишоти Русия. Ғайр аз ин, тафтишот мегӯяд, ки сохтмонҳои зиёд аз ҳисоби худи "Оборонсервис" ба даст оварда мешуданд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, дар натиҷаи хариду фурӯши танҳо ҳашт моликияти ғайриманқул ба буҷаи давлат се миллиард доллар зарар расидааст.


Аз рӯи иттилои хабаргузориҳои русӣ, Путин дар мулоқот бо Шойгу дар қароргоҳаш дар Ново-Огорево гуфт, бо вуҷуди ин, “солҳои охир барои пешрафти нирӯҳои мусаллаҳи кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, дар бахши таъминоти манзил кори зиёде анҷом шудааст”. Вай гуфт, ки вазири нави дифоъ бояд шахсе бошад, ки “тамоми тамоюлҳои хуби то ҳол анҷомшударо ба хотири пешрафти нирӯҳои мусаллаҳ идома дода фармоишҳои давлатӣ ва ҳам нақшаҳои азими мусаллаҳсозии артишро ба субут расонад”.

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин дар сӯҳбат бо журналистон гуфтааст, ки қарори аз вазифа барканор кардани Сердюков аз ҷониби худи президент қабул шудааст. Вай таъкид кард, ки таъйини Шойгу ба ин мансаб аз рӯи машварати раҳбари ҳукумат сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG