Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулл: Аз дороиҳои Амонуллои Ҳукуматулло аз матбуот огаҳ шудем


Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мегӯянд, бо ин ки аз матлаби интиқодӣ дар ҳақи Амонулло Ҳукуматулло, раиси пешини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз матбуот огаҳӣ ёфтаанд, вале ҳеҷ иқдоме дар ин замина гирифта нашудааст.

Дар як гузориши таҳқиқотии созмони OCCRP - Барномаи таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳоии созмонёфта, ки рӯзи 4 январ нашр шуд, гуфта мешавад, ки хонаводаи Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов) дар Ҷумҳурии Чех ва

Агар собиқ сардори мо (Амонуллои Ҳукуматулло) ягон тепловоз ё вагонро дуздида мебурд, баъд мо мегуфтем, ки хуб нашудааст. Аммо ҳозир дар ким-кадом давлат бо сармояи манбааш номаълум амвол харидаанд, идораи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Шумо чӣ посух дода метавонад?

шаҳри Маскав ба маблағи 10,6 миллион доллар хонаву сохтмони маъмурӣ харидааст. Ҳамсари ӯ Амина Мусоева, ки аксар дороиҳо дар шаҳрҳои Карлови Варию Марианске Лазне ба номи ӯ сабт шудаанд, маводи ин гузоришро бепояву асос хонд.

Бо гузашти чор рӯз аз нашри гузориш дар бораи дороиҳои Амонуллои Ҳукуматулло дар хориҷи Тоҷикистон, ҳеҷ як сохтори давлатию интизомии кишвар ба ин матлаб вокуниш накардааст.

“Ягон муроҷиат дарёфт накардаем”

Як корманди дафтари матбуоти Додситони кулл рӯзи 8 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи таҳқиқоти анҷомшуда аз матбуот огоҳ шудаанд, вале дар робита бо иқдоми эҳтимолии ин ниҳод дар заминаи матлаби таҳқиқотӣ изҳори бехабарӣ кард.

Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ ҳанӯз дар ин замина вокуниш накардаанд. Рӯзи 5 январ як масъули ин оҷонсӣ танҳо гуфт, ки аз таҳқиқоти журналистӣ огоҳанд.

“Вагон медуздид, ба мо рабт мегирифт”

Масъулини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки ба иддаои OCCRP Амонуллои Ҳукуматулло соли 2012, замони раҳбариаш дар ин идора амволашро дар хориҷа харидааст, мегӯянд, онҳо низ дар ин бора посухе надоранд. Як масъули ин ниҳод рӯзи 8 январ ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “амволи Амонуллои Ҳукуматулло дар ихтиёри худаш аст ва ба онҳо дахл надорад”.

Амонуллои Ҳукуматулло солҳои 2002 то 2014 раҳбари ширкати "Роҳи Оҳан" буд
Амонуллои Ҳукуматулло солҳои 2002 то 2014 раҳбари ширкати "Роҳи Оҳан" буд

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, “агар собиқ сардори мо (Амонуллои Ҳукуматулло) ягон тепловоз ё вагонро дуздида мебурд, баъд мо мегуфтем, ки хуб нашудааст. Аммо ҳозир дар ким-кадом давлат бо сармояи манбааш номаълум амвол харидаанд, идораи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Шумо чӣ посух дода метавонад?”

Дороиҳои Ҳукуматулло дар Чехияву Маскав

Рӯзи 4 январ созмони OCCRP (Organized Crime and Corruption Reporting Project) – дар матлабе дар весбайти худ навишт, ки раиси собиқи ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон Амонуллои Ҳукуматулло ва аъзои оилаи ӯ дар Ҷумҳурии Чех ва шаҳри Маскави Русия шаш хонаву сохтмон (недвижимость) доранд.

Карлови Вари аз замони Шӯравӣ ба ҳайси як осоишгоҳи беҳтарин барои элитаи сиёсии Шӯравӣ маъруф аст
Карлови Вари аз замони Шӯравӣ ба ҳайси як осоишгоҳи беҳтарин барои элитаи сиёсии Шӯравӣ маъруф аст

Дар таҳқиқоти муфассали ин созмон гуфта мешавад, ки гӯё ин хонавода барои харидани манзилу сохтмонҳои боҳашамат шурӯъ аз соли 2012 беш аз 10,6 миллион доллар сарф кардааст. Ба навиштаи муаллифон, ду хонае, ки дар осоишгоҳи Марианске Лазне соли 2012 бо арзиши 500 ҳазор ва 1,1 миллион доллар харидорӣ шудаанд, низ ба ҳамин хонавода тааллуқ дорад. Арзиши чор сохтмон дар Карлови Вари аз 200 ҳазор то 5 миллион доллар баровард шуда гаронтарини онҳо як сохтмони маъмурӣ мебошад.

Муаллифон мегӯянд, ки аксари моликият дар Чехия ба номи Амина Мусоева, ҳамсари Амонуллои Ҳукуматулло сабт шудааст. Ин созмон мегӯяд, ки Ҳукуматуллои 66-сола соли 2014 аз мақомаш канор рафт ва бознишаста шуд, вале таҳқиқоти журналистии онҳо собит кардааст, ки хариди ин моликият дар Чехия соли 2012, дар замони сари кор будани ӯ ва баъди он сурат гирифтааст.

Амина Мусоева ин хабарҳоро ғайривоқеӣ номид

Худи аъзои хонаводаи Ҳукуматуллоҳ дурустии ин маълумотро ба журналистони OCCRP рад кардаанд. Ҳамсари Ҳукуматулло - Амина Мусоева рӯзи 5 январ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз нашри мақола дар бораи моликияти хонаводаи онҳо дар хориҷа хабар надорад. Мусоева инчунин гуфт, ин маълумот, ки хонаҳои Карлови Вари ва Марианске Лазне ба ӯ тааллуқ доранд, воқеият надоранд ва афзуд, ки ҳамаи суолҳо дар ин замина на аз ӯ, балки бояд аз ҳамсараш пурсида шавад. Худи Амонуллои Ҳукуматулло дастнорас аст ва тибқи бархе хабарҳо, то охири ҳафтаи гузашта дар сафари хориҷӣ будааст. Соли 2016 ӯ дар дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ вуҷуди моликият дар Карлови Вариро рад карда буд.

Карлови Вари замони пеш аз инқилоби Октябр як шаҳри олмонинишин буд ва он замон ҳам ашрофзодаҳо барои муолиҷа ба ин ҷо меомаданд
Карлови Вари замони пеш аз инқилоби Октябр як шаҳри олмонинишин буд ва он замон ҳам ашрофзодаҳо барои муолиҷа ба ин ҷо меомаданд

Дар матлаби муҳаққиқони созмони OCCRP, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки замони шурӯи харидории манзилҳои гаронбаҳо дар Чехия маоши моҳонаи раиси ширкати Роҳи оҳан на бештар аз 5,000 сомонӣ ($625) буд.

Амонулло Ҳукуматулло аз солҳои 1990 дар сохторҳои мухталифи ҳукуматӣ кор карда, то соли 2002 узви порлумон ва раиси ширкати “Нафтрасон” буд. Марҳилаи кори ӯ дар “Роҳи Оҳан” 12 сол (аз 2002 то 2014)-ро дар бар мегирад.

Макони маъруфи тафреҳу истироҳат

Карлови Вари, ки дар солҳои ҳуҷуми фашистони олмонӣ дар солҳои 1930-1040 Карлсбад ном дошт, як осоишгоҳи маъруфи муолиҷаи бемориҳои меъда, буғум ва узвҳои ҳозима ба ҳисоб меравад. Обҳои маъдани табобатии он барои истеъмолу табобати беморон машварат дода мешавад.

Виллаи Юрий Лужков, шаҳрдори пешини Маскав дар Карлови Вари
Виллаи Юрий Лужков, шаҳрдори пешини Маскав дар Карлови Вари

Ин осоишгоҳ дар миёни шоҳони императории Австрия ва Русия ҳам хеле маъруф буд. Баъди пошхӯрии шӯравӣ дар ин шаҳраки қадимаву зебо бархе намояндагони элитаи сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ барои худ хонаву ҷой гирифтанд. Аз ҷумла, мақомдорони русу қазоқ ва озарӣ дар ин шаҳр барои худ хона харидаанд. Аз ҷумла, хонаводаҳои Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон ва Нурсултон Назарбоев, раҳбари Қазоқистон ҳам дар Карлови Вари хона доранд.

Виллаи яке аз духтарони Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон дар Карлови Вари
Виллаи яке аз духтарони Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон дар Карлови Вари

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG