Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дари баста, сад дари кушода. 50%-и корбарони Интернет "прокси" доштаанд


Ҳудуди 50 дарсади корбарони Интернет дар Тоҷикистон дар сурати маҳдуд шудани баъзе аз торнамоҳо аз хадамоти "прокси" истифода мекардаанд.

Сайтбандиҳои чанд соли охир дар Тоҷикистон ҳудуди панҷоҳ дарсад аз корбарони Интернет дар кишварро водор кардааст, то аз филтршиканҳо ё "прокси" истифода кунанд. Ин иттилоъро рӯзи 29 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Асомуддин Атоев -- раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон баён дошт ва аммо гуфт, "ин ҳисоби тахминист, на расмӣ". Ҳоло 45 дарсад ё тақрибан 3,5 миллион аз аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доштаанд.

Бунафша Зунунова, сокини 50-солаи шаҳри Душанбе, мегӯяд, ҳар боре ки мехоҳад ба сомонаи зарурии худ ворид шавад ва аммо онро баста мебинад, нороҳат ва ҳатто асабонӣ мешавад. Ба гуфтаи ин хонум чунин масдудият на танҳо дастрасии ӯро ба иттилоот маҳдуд мекунад, балки ҳуқуқашро ҳамчун муштарӣ нақз менамояд. "Ҳар моҳ барои истифодаи Интернет 140 сомонӣ пардохт мекунам, вале имкони озодона боз кардани сомонаи дилхоҳам, ба мисли Фейсбук ва Ютубро надорам ва пули ман гуё “ба ҳаво” меравад," -- афзуд ӯ.

Дар бозори ироаи хадамоти Интернети кишвар 10 ширкат фаъолият доранд, ки бузургтаринҳояш Babilon-M, Tcell, Beeline, Мегафон ва Telecom Technology мебошанд. Шурӯъ аз соли 2012 маҳдудсозии сомонаҳо тариқи ин ширкатҳо пайваста ҷараён мегирад ва ҳамаи онҳо якбора сомонаҳои "махсус"-ро мебанданд, ки ба қавли муштариён аз хадамоти як ширкат даст кашида, ба дигараш гузаштан маънои "аз таҳи борон гурхета ба новдон рафтанро" мемонад.

Хадамоти алоқа – масъули танзими фаъолияти ширкатҳои телефонҳои мобил ва Интернет дар Тоҷикистон – маъмулан сабабҳои масдуд ё маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳоро шарҳ намедиҳад. Вале эҷоди маҳдудият дар роҳи дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон маъмулан дар рӯзҳое сурат мегирад, ки дар кишвар ягон ҳодисаи муҳим рух медиҳад. Барои мисол дастрасӣ ба шабакаҳои Фейсбуку Ютюб дар Тоҷикистон тақрибан аз 24 августи соли ҷорӣ маҳдуд карда шуд. Ба дунбол, ҳафтае баъд дастрасӣ ба сомонаи Озодӣ ва баъд аз шурӯи амалиёти зидди гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, шабакаи иҷтимоии Одноклассники низ дучори чунин мушкил шуданд.

Рустам Қосимов, раҳбари Бунёди Интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, “масдуд кардани сомонаҳо дар кишвар бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҳоло аксарият аз филтршиканҳо истифода мебаранд, теъдоди корбарони ин торнамоҳоро на кам, балки баръакс зиёд мекунад. "Имрӯз барномаҳои зиёде мавҷуданд, ки имконияти гузаштани девори бастаро доранд," - -мегӯяд ӯ.

Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев

Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон тасмими бастани сомонаҳоро таҳдид ба амнияти иттилоотӣ медонад. Ӯ мегӯяд, "ба ҳангоми гирифтани ин гуна тасмим бояд дар хотир дошта бошем, ки ҷомеи Тоҷикистон ба мисли қарни пеш на статикӣ, балки динамикист. Аз тарафи дигар ин амал эътимоди байни шаҳрванд ва давлатро заиф мекунад."

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки созмони “Freedom House” рӯзи 28 октябр дар гузориши тозаи худ аз пайваста поёнравии сатҳи озодии баён дар дар Интернет изҳори нигаронӣ мекунад. Созмони “Freedom House”, ки вазъи ниҳодҳои демократӣ, озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон дар кишварҳои дунёро назорат мекунад, гуфт, беш аз 61 дарсад корбарони Интернет дар кишварҳое ба сар мебаранд, ки интиқоди ҳукумат, низомиҳо ва ё хонаводаи ҳоким дар Интернетро таҳти сонсур гузоштаанд. 58 дарсади корбарони Интернет, бино ба ин таҳқиқот, аҳли кишварҳоеянд, ки блогнаваисон ваё корбарони фанновариҳои иттилоотиву мухобиротӣ барои нашри матолиби сиёсӣ, иҷтимоӣ ваё мазҳабӣ ҳатто маҳкум ба зиндон шудаанд. Аммо дар ин гузориш вазъи озодии Интернет дар Тоҷикистон шарҳ дода нашудааст.

Пурсиш: Аз басташавии сомонаҳо худро нороҳат эҳсос намекунед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

XS
SM
MD
LG