Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҳаводорон ва мухолифони Мурсӣ дар рӯзи иди Фитр


Майдони Робиаи Адавия, макони таҷаммуи ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ.
Майдони Робиаи Адавия, макони таҷаммуи ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ.

Ҳазорон тан аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканор шудаи Миср ва мухолифони ӯ рӯзи панҷшанбе, дар иди Фитр ба хиёбонҳои Қоҳира ва шаҳрҳои дигар рехтанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Наҷло Маҳмуд, ҳамсари Муҳаммад Мурсӣ, дар миёни тарафдорони раиси ҷумҳури барканоршуда, ки дар майдони Робиаи Адавия ҷамъ омада буданд, суханронӣ кард. Ӯ дар бораи шавҳараш гуфт: «Умедворам боз мегардад, иншоаллоҳ боз мегардад, иншоаллоҳ.» ва ҳозирон посух медоданд: «Боз мегардад… боз мегардад.»

Майдони Таҳрир низ аз ҳаводорони артиш ва давлати муваққати Миср, ки ҷонибдори барканории Мурсӣ ҳастанд, пур шуд. Артиши Миср панҷ ҳафтаи пеш Муҳаммад Мурсиро пас аз чанд рӯзи тазоҳуроти мухолифонаш бо талаби истеъфои ӯ, аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ барканор кард.

Фазои иди Фитр агарчи чеҳраи сиёсӣ ба худ гирифта буд, аммо ба ҳадде чеҳраи идона ва хурсандӣ доштааст, ки ҳеҷ гузорише аз сар задании хушунат мунташир нашудааст. Шабакаи хабарии Ал-ҷазира гузориш додааст, ки бо ҳузури ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ аз дигар шаҳрҳо ва вилоятиҳо, майдони Робиаи Адавия ва атрофи он, пур аз мардум буд. Бино ба ин гузориш, оташбозӣ ва ҷашн дар майдони Робиаи Адавия бо шиорҳое алайҳи давлати муваққат ва артиши Миср ҳамроҳ буд.

Дар муқобили дар майдони Таҳрир ҷонибдорони барканории Муҳаммад Мурсӣ намози иди Фитрро багузор карданд. Шайх Ҷумъа Муҳаммад, хатиби намози иди Фитр дар майдони Таҳрир бо маҳкум кардани «хунрезиҳо», аз ҳаводорони Мурсӣ дар майдонҳои Робиаи Адавия ва Ан-Наҳза хост ба эътирозҳои худ поён диҳанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи чаҳоршанбе Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳури муваққати Миср, ба бунбаст расидани талошҳои дипломатии байналмилалӣ барои поён додан ба бӯҳрони ин кишварро эълон кард.
XS
SM
MD
LG