Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон хостори сармоягузории Ҷопон ба иқтисоди Тоҷикистон шуд


Дар пайи мулоқоти Синдзо Абэ – нахуствазири Ҷопон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, миёни Душанбе ва Токио ҳашт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Идомаи шарикӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон, мубориза алайҳи малах ва маблағгузории терроризм, ёрӣ барои барқарор кардани таъмини оби ошомиданӣ ва мубодилаи мутахасисони забондон ҳосили сафари расмии Синдзо Абэ, нахуствазири Ҷопон ба Тоҷикистон аст, ки рӯзи 24 октябр анҷом шуд.

Ҷопон то кунун барои бунёди иншооти маишиву иҷтимоӣ дар кишвар беш аз 27 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, пас аз анҷоми мулоқот дар изҳороти матбуотӣ гуфт, Ҷопон акнун бояд аз тарҳҳои кумаки техникиву гуманитарӣ ба ҷалби сармояи мустқим ва қарзҳои имтиёзӣ ба иқтисоди Тоҷикистон гузарад.

Ҷаноби Раҳмон гуфт, “имрӯз барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи дурусти онҳо дар дурнамо метавонад ҳамкориҳои ду кишварро ба стаҳи нави шарикии иқтисодӣ боло барад. Дар ин росто мо ба ҷониби Ҷопон пешниҳод намудем, ки масъалаҳои сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистонро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳанд ва имконоти расонидани кумакро ба хотири рушди бахши хусусии иқтисодӣ ва татбиқи амалии тарҳҳои бузурги инфросохторӣ баррасӣ намоянд.”

Боздиди Синдзо Абэ аз Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:05 0:00

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, инчунин, бо ишора ба фаъолияти муваффақи пойгоҳи дорусозии “Аввалин” дар вилояти Хатлон пешниҳод намуд, ки корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ бештар шавад. Чунин пешниҳоди ҷаноби Раҳмон ба Синдзо Абэ дар ҳолест, ки дар ин сафар нахуствазири Ҷопонро намояндагони беш аз 50 ширкату корхонаҳои азим ҳамроҳӣ мекунанд ва ба таъкиди президенти Тоҷикистон дар мулоқоти ҷонибҳо дар ояндаи наздик ба имзо расидани силсилаи санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҳимояву ташвиқи сармоя матраҳ шудааст.

Ҳамзамон бо ин, зимни мулоқот бо ҳам Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ мавзӯъҳои минтақаию ҷаҳонӣ, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба вазъи Афғонистон ва Шарқи Наздик, ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои афзояндаи терроризму ифротагароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро низ дахл кардаанд. Дар робита ба татбиқи тарҳҳои зербиноии минтақаӣ чун САSA-1000 ва лоиҳаҳои роҳсозӣ ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар ва кулли минтақа нигаронда шудааст, табодули назар сурат гирифтааст.

Синдзо Абэ - нахуствазири Ҷопон баъд аз анҷоми дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ин сафари худро ҳамчун марҳилаи нав дар таҳкими муносибати ду кишвар унвон кард ва инчунин гуфт, Ҷопон барои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои муталиф бо Тоҷикистон ҳавасманд аст. Аммо бо ин ҳам Синдзо Абе нагуфт, ки санадҳои имзошуда чи миқдор маблағро дар бар мегирад ва дар маҷмӯъ ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ қадар сармоягузорӣ хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба навишатҳои расонаҳои Ҷопон дар доираи ҳамин сафараш ба кишварҳои Осиё Марказӣ нахуствазири Ҷопон барои дастарасии ширкатҳояш ба нафту газ ва ураниум маблағгузории беш аз 16 миллиард долларо пешбинӣ кардааст.

Муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ҷопон ҳанӯз соли 1991 оғоз шуда, ин кишвар то имрӯз дар Тоҷикистон 340 барномаҳои хурду бузурги иҷтимоиро роҳандозӣ кардааст, ки муҳимтаринаш таҷдиди роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа−Панҷи Поён ва сармоягузории сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе аст. Дар баробари ин 1800 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Ҷопон таҳсил карда, мутахассисони зиёд курсҳои бозомӯзӣ ва тамринҳоро гузаштаанд.

Нахуствазири Ҷопон баъд аз анҷоми сафараш дар Тоҷикистон ба Узбакистон ва сипас Қирғизистону Қазоқистон меравад.

XS
SM
MD
LG