Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва СММ - мухолифи референдуми истиқлолияти Курдистон


Ҷангиёни пешмаргаи курд. Ироқ
Ҷангиёни пешмаргаи курд. Ироқ

Бо наздик омадани мӯҳлати баргузории раъйпурсии истиқлолхоҳии курдҳо дар шимоли Ироқ, мухолифат ба ин нақшаҳо бештар мешавад. Ахиран раҳбари СММ ва Эрон ба ин мухолифатҳо ҳамроҳ шуданд.

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш рӯзи 17 сентябр ҳушдор дод, ки раъйпурсии рӯзи 25 сентябр барномарезишуда дар амри мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” мушкил эҷод мекунад. Дар як изҳороти Гутерреш, ки онро сухангӯи СММ Стефат Дуяррич пахш кард, гуфта

Нақшаи раъйпурсӣ “бозӣ бо оташ”-ро мемонад ва дар сурати бурузи ноамниҳо, Бағдод ба худ ҳақ медиҳад, ки аз нирӯ истифода кунад

мешавад, ки “дабири кулли СММ истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ваҳдати Ироқро эътироф мекунад ва ба ин назар аст, ки ҳама масъалаҳои мавҷуда дар равобити ҳукумати федеролии Ироқ ва ҳукумати минтақавии Курдистон бояд аз роҳи як музокирот ва созишҳои созанда баррасӣ шавад”. Вай гуфтааст, ки раҳбарони ҳарду ҷониб бояд ин масъаларо “бо таҳаммул ва хештандорӣ” ҳаллу фасл кунанд.

Қонунгузорони минтақаи мухтори Курдистон ва чанд маҳалли атроф нақшаи баргузории як раъйпурсии ғайриҳатмиро қабул карданд, ки истиқлолияти минтақаро аз Бағдод дар назар мегирад. Кишварҳои ҳамсояи мисли Туркияву Эрон, ки шумори зиёди аққалиятҳои курдро доранд, шадидан зидди баргузории райпурсӣ садо баланд карданд. Ғарб дар ин замина изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки ин ҳодиса боиси эҷоди ташаннуҷ дар минтақа мешавад.

Эрон шадидан мухолиф аст

Дар изҳороти Эрон рӯзи 17 сентябр ҳушдор дода шуд, ки агар Курдистони Ироқ ба истиқлолият даст ёбад, ин ба маънои ба ҳам зада шудани тамоми тавофуқҳои қаблӣ дар заминаи ҳудуҳои марзии байни Эрону дигар кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Алии Шамхонӣ, котиби Шӯрои амнияти Эрон дар сӯҳбат бо телевизиони IRIB гуфт, ки “Эрон танҳо созишҳои марзии бо ҳукумати марказии Бағдод мувофиқашударо эътироф мекунад ва дар сурати ҷудо шудани минтақаи Курдистон аз ҳукумати Ироқ, тамоми хатҳои марзии мувофиқашуда масдуд мешаванд”.

Алии Шамхонӣ
Алии Шамхонӣ

Вай гуфтааст, ки ин амал метавонад боиси бурузи ноамниҳо ва бекор шудани тавофуқҳои амниятиву бехатарӣ дар марзҳои Эрон ва Курдистони Шимолӣ шавад. Президенти Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон гуфт, ки ҳафтаи ҷорӣ дар СММ бо нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ал-Ибодӣ нигарониҳо дар заминаи раъйпурсиро баррасӣ мекунад. Вай гуфт, “ҳадаф роҳ надодан ба пора шудани Ироқ аст”.

Рӯзи 16 сентябр Ибодӣ гуфт, ки нақшаи раҳбарони курдҳо барои баргузории раъйпурсӣ “бозӣ бо оташ”-ро мемонад ва дар сурати бурузи ноамниҳо, Бағдод ба худ ҳақ медиҳад, ки аз нирӯ истифода кунад.

Рӯзи 17 сентябр муовини президенти Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ ҷонибдорони референдумро аз паёмадҳои хатарноки он, ки ваҳдати миллии Ироқро зери зарба мемонад, ҳушдор дод.

Туркия, Эрон ва Сурия – се ҳамсояи Ироқ – низ бо баргузории ин раъйпурсӣ мухолифат кардаанд. Яке аз манотиқи мавриди муноқиша байни ҳукумати марказии Ироқ ва Курдистон минтақаи Киркук аст.

Минтақаи нафтии Киркук аз курдҳову арабҳо ва туркманҳо таркиб ёфтааст. Ба дунболи пешравиҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимолу ғарби Ироқ дар соли 2014 пешмаргаҳои Курдистон контроли Киркукро ба даст гирифта буданд.

Раъйпурсӣ барои истиқлоли Курдистони Ироқ, қарор аст, дар минтақаҳои Ирбил, Сулаймония, Даҳук ва Киркук дар шимоли Ироқ баргузор шавад. Гуфта мешавад, ки панҷуним миллион нафар афроди қобили раъй дар он иштирок хоҳанд кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG