Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмон Тошев: Чӣ гуна ки тавонистем, ҳамон тавр бозӣ кардем. ВИДЕО


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ин бозии гурӯҳи “F” шоми панҷшанбеи 5-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури наздики 18 ҳазор тамошобин доир гардид.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои меҳмонон шуруъ шуд ва онҳо дар муддати 15 дақиқа бартарӣ доштанд. Баъдан ташаббусро мизбонон ба даст гирифтанд.

Дар дақиқаи 41-уми бозӣ ба нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов муяссар шуд, ки тӯбро аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид намояд. Ҷалилов барои аввалин бор дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба майдон омада буд.

Дар нимаи дувуми дидор ҳисоб тағйир наёфт. Голи ягона ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ ва се имтиёз овард. Дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҷуз аз бозигарони бошгоҳҳои футболи кишвар, чаҳор легионер – ҳимоятгар Хуршед Бекназаров ва ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз Индонезия), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев (аз Булғористон) ва Амирбек Ҷӯрабоев (аз Узбекистон) - ширкат доштанд.

Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "дар нахустин бозии хонагӣ мо голи меҳнатӣ задем ва ҳисобро нигоҳ доштем. Аз ҳама асосиаш ин аст, ки мо соҳиби се имтиёз гардидем ва акнун лаҳзаҳои хубу манфии бозиро таҳлил мекунем. Ба бозӣ ҳеҷ гуна шикоят надорем, чӣ гуна ки тавонистем ҳамон тавр бозӣ кардем".

Усмон Тошев: Чӣ гуна ки тавонистем, ҳамон тавр бозӣ кардем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Дастаи мунтахаби Қирғизистон таҳти раҳбарии мутахассиси русиягӣ Александр Крестинин муқобили мунтахаби Тоҷикистон ба майдон омад. Ин мураббӣ баъд аз анҷоми бозӣ ба хабарнигорон гуфт, дастааш аз ӯҳдаи анҷоми вазифаи дар наздашонбуда набаромад. Вай афзуд, "дар ибтидои нимаи аввали дидор мо хуб бозӣ кардем, серҳаракат будем. Вале дар мобайни қисми аввал бозиамон хуб набуд. Дар нимаи дувум беҳтар бозӣ кардем, вале муваффақ нашудем".

Дар бозии аввалини гурӯҳи "F" мунтахаби Муғулистон дар майдони худ бар мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Ба ин тартиб, дар ин гуруҳ дастаҳои Муғулистону Тоҷикистон бо се имтиёзӣ пешсафанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Футболбозони тоҷик бозии дувумашонро рӯзи 10-уми сентябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Муғулистон анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG