Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳон-2022: Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон ба Қирғизистон. АКС


​Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар майдони худ мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ин бозии гурӯҳи “F” шоми панҷшанбеи 5-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури наздики 18 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои меҳмонон шуруъ шуд ва онҳо дар муддати 15 дақиқа бартарӣ доштанд. Баъдан ташаббусро мизбонон ба даст гирифтанд. Манучеҳр Ҷалилов имкони хуби голзаниро истифода карда натавонист ва тӯбро аз назди дарвозаи рақиб ба ҳадаф нарасонд.

Дар нимаи аввали дидор футболбозони қирғиз низ лаҳзаҳои мувофиқи голзаниро аз даст доданд. Тӯби аз ҷаримагоҳ задаи бозигари онҳо ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Дар дақиқаи 41-уми бозӣ ба нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов, ки барои аввалин бор дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба майдон омад, муяссар шуд, ки тӯбро аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид намояд.

Дар нимаи дувуми дидор ҳисоб тағйир наёфт. Голи ягона ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ ва се имтиёз овард.

Дар бозии аввалини гурӯҳи “F” мунтахаби Муғулистон дар майдони худ бар мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ дастаҳои Муғулистону Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дувумашро рӯзи 10-уми сентябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Муғулистон анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ки 23-юми сентябр 54-сола мешавад, дар як нишасти хабарӣ гуфт, “мо ин бозиҳоро дер боз интизор будем, чигуна ки тавонистем омодагӣ дидем. Дар бозии нахустин мо як вазифа доштем – пирӯз шудан ва дилпурона ба пеш қадам задан. Бинобар ин, кӯшиш кардем, ки мухлисонро хурсанд намоем. Фикр мекунам, ки ҳаводорон аз бозӣ қаноатманд шуданд ва ба онҳо барои дастгириашон сипосгузорем.”


Дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҷуз аз бозигарони бошгоҳҳои футболи кишвар, чаҳор легионер - ҳимоятгар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон) ва ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов («Персебая», Индонезия) - ширкат дошт.

Дастаи мунтахаби Қирғизистон таҳти раҳбарии мутахассиси русиягӣ Александр Крестинин, ки 19-уми сентябр 41-сола мешавад, муқобили мунтахаби Тоҷикистон ба майдон омад. Ӯ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, мо ба бозӣ тибқи нақша омодагӣ дидем. Бозигарони мо руҳияи болида доштанд. Бозиҳои мо муқобили мунтахаби Тоҷикистон хоҳ дар Душанбе ва хоҳ дар Бишкек ҳамеша шавқовару ҷаззоб сурат мегиранд. Бозии имрӯза низ ҷолиб буд.”

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам сездаҳ бор рӯбарӯ шудаанд. Дар ҳашт бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд, се дидор бо пирӯзии футболбозони қирғиз хотима ёфта, ду бозӣ мусовӣ шудааст. Таносуби тӯбҳо 19-11 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили Қирғизистону Муғулистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Дилшод Додобоев («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарчор аз «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (ҳарду аз «Кӯктош»), («Хатлон»), Илҳомҷон Баротов, («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Персебая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Сармураббӣ - Усмон Тошев (Узбекистон).

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022

Мусобиқоти интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи "F". Даври 1-ум

ТоҷикистонҚирғизистон – 1:0

Гол: Алишер Ҷалилов, 41.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Хуршед Бекназаров, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 89), Алишер Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев (Комрон Турсунов, 90), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 87).

Қирғизистон: Павел Матяш, Тамирлан Козубоев, Азамат Бойматов, Эдгар Бернхардт, Мирлан Мурзаев, Бекжан Сагинбаев, Кайрат Жиргалбек, Виталий Люкс, Бахтиёр Дуйшобеков (Абай Боколеев, 69), Фарҳат Мӯсобеков (Алимардон Шукуров, 75), Аҳлиддин Исроилов (Турсуналӣ Рустамов, 46).

Огоҳӣ гирифтанд: Кайрат Жиргалбек, Азамат Бойматов, Тамирлан Козубоев (Қирғизистон).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон).

Сардовар: Адҳам Муҳаммад Маҳадмеҳ (Урдун).

Нозири доварон: Кадҳум Ауда Лазим Ал-Сайёдӣ (Ироқ).

Комиссари бозӣ: Бачир Чафик Абдул Холиқ (Лубнон).

5-уми сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 800 тамошогар.

Муғулистон – Мянмар – 1:0

Гол: Дулгуун Амараа, 17.

Огоҳӣ гирифт: Тседенбал Норжджмуу (Муғулистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Мг Лвин (Мянмар), 65 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Рован Арумугҳан (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Ҳамид Муъминӣ (Эрон).

5-уми сентябр. Улан-Батор. Варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон. 3221 тамошогар.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гуруҳи "F"

Ҷ

Дастаҳои мунтахаб

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Муғулистон

1

1

0

0

1-0

3

1

Тоҷикистон

1

1

0

0

1-0

3

3

Ҷопон

0

0

0

0

0-0

0

4

Қирғизистон

1

0

0

1

0-1

0

4

Мянмар

1

0

0

1

0-1

0

Даври 2-юм

10-уми сентябр (сешанбе)

Муғулистон – Тоҷикистон

Мянмар – Ҷопон

XS
SM
MD
LG