Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Эрон идома дорад


Ёздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон субҳи имрӯз, ҷумъаи 14-уми июн оғоз шуд ва ҳамоно ҷараён дорад.

Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, бархе аз чеҳраҳои машҳури сиёсии ин кишвар ва низ номзадҳои интихоботи ёздаҳуми раёсати ҷумҳурӣ дар соатҳои нахустини интихобот раъйи худро ба сандуқҳо андохтанд.

Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алии Хоманаӣ нахустин касе буд, ки хабари ҳузураш дар назди сандуқи раъйдиҳӣ, ба расонаҳои дохилии Эрон роҳ пайдо кард. Оқои Хоманаӣ дар мавриди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, «барои раёсати ҷумҳурӣ як нафарро, ки ба зеҳнам расид интихоб кардам, ба касе ҳам нагуфтам, ҳатто касони наздик ва хонаводаи ман ҳам хабардор нестанд, ки ба чӣ касе раъй додам.»

Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, аз номзадҳое, ки Шӯрои Нигаҳбон салоҳияти ӯро барои ширкат дар ин интихобот радд кард, дар соаатҳои нахустини раъйгирӣ дар он ширкат кард. Оқои Рафсанҷонӣ ба хабарнигорон гуфтааст, "дуо мекунам имрӯз сарнавишти хубе барои кишвар, инқилоб ва низом рақам бихӯрад. Дуо мекунам, натиҷаи интихобот як ваҳдати миллӣ бошад ки шарти муваффақиятҳост."

Ӯ афзудааст, ки «ин инсиҷом дар муқобили хатарҳои хориҷӣ ва дохилӣ заминае хоҳад буд барои рафъи мушкилот ва ҳамдилии мардум.»



Муҳаммадризо Ориф, номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки пеш аз баргузорӣ аз ширкат дар он канор рафт, дар соатҳои нахустин дар интихобот ширкат кард. Пас аз канор рафтани оқои Ориф ислоҳталабон ва бархе чеҳраҳои мухолифи давлати Эрон ба ҳимоят аз Ҳасан Рӯҳонӣ пардохтанд. Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Муҳаммад Хотамӣ, руасои ҷумҳури пешин аз ҷумлаи ҳомиёни Ҳасан Рӯҳонӣ ҳастанд ва аз шаҳрвандон хостаанд, то ба ӯ раъй бидиҳанд.

Бино бар гузоришҳо аз Эрон, Ҳасан Рӯҳонӣ низ дар ним соат пас аз раҳбари Эрон раъйи худро ба сандуқ андохт. Номзадҳои дигар низ ҳамзамон раъйи худро ба сандуқҳо андохтанд. Бархе аз рӯҳониҳои баландопяи эронӣ низ дар соатҳои нахустини интихобот ширкат карданд.

Ба гуфтаи вазири умури дохилии Эрон раъйгирӣ ба муддати 10 соат, яъне то соати 6 бегоҳ идома мекунад. Аз назари қонунӣ, вазири умури дохилӣ метавонад муҳлати онро тамдид кунад. Вазири умури дохилии Эрон рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон дар кутоҳтарин муддат эълом мешавад.

Шаш нафар дар ин интихобот ҳузур доранд, ки аксари онҳо, ба ҷуз Ҳасани Рӯҳонӣ, аз ҳимояти гуруҳҳои усулгарон бархӯрдоранд.

Интихоботи президентӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00
XS
SM
MD
LG