Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ-баҳси номзадҳои афғон - рӯзи дувум


Акс аз рӯзи аввали мунозираҳост
Акс аз рӯзи аввали мунозираҳост

Тайи ду рӯз бо ибтикори телевизиони Афғонистон ва Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ мунозираи телевизионии номзадҳо ба мақоми президентии Афғонистон доир шуд.

Дар даври дувуми мунозираҳои телевизионӣ, ки рӯзи якшанбе доир шуд, вазири пешини молия Ашраф Ғанӣ, мушовири собиқи раисиҷумҳур Ҳидоят Амин Арсало ва шоҳзода Муҳаммад Нодир Наъим ширкат карданд.

Собиқ вазири умури хориҷӣ Залмай Расул, бародари сарвари феълии кишвар Қаюм Карзай ва фармондеҳи собиқи муҷоҳидин Абдулраб Расули Сайёф, ки низ мебоист дар мунозираи имрӯза ширкат мекарданд, ба далоили мухталиф ҳузур надоштанд.

Гардонандагии мунозираи телевизионии рӯзи якшанбе ҳам бар дӯши намояндаи Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Акбар Аёзӣ буд. Мунозираи номзадҳо аз тариқи телевизиони Афғонистон ва сомонаи интернетии Радиои Афғонистони Озод ба таври мустақим намоиш дода шуд.

Ашраф Ғанӣ, собиқ вазири молияи Афғонистон, изҳор намуд, ки дасти тими ӯ аз хун ва аз фасод пок аст ва аз ин рӯ метавонад барои мардум сулҳ биёварад ва ислоҳоти сартосариро анҷом диҳанд. Ӯ афзуд, ки онҳо таҷрибаи амалӣ кардани барномаҳоро низ доранд.

Номзади дигар - мушовири собиқи раисиҷумҳур Ҳидоят Амин Арсало гуфт, ки ҳадафи аслии ӯ аз байн бурдани ҷангу хунрезӣ дар Афғонистон аст. Ба гуфтаи оғои Арсало, ҳукуматаш барои аз байн бурдани фасоди идорӣ талош хоҳад кард ва иқтисодро тавре ба роҳ хоҳад монд, ки фақр дар Афғонистон аз байн бурда шавад. Ӯ дар бораи меъёрҳое, ки барои муовинҳои худ муқаррар кардааст, гуфт, сифатҳои аз ҳама муҳим ҳирфаият ва покии дасту қалб аст: “Покӣ, аҳлият, таҷриба, дар хуну хенрезӣ ва фасод оғӯшта набошанд ва вазифаеро пеш бурда тавонад. Ва як зан ҳам бошад ва нақши занонро тақвият кунад.”

Шоҳзода Муҳаммад Нодир Наъим, набераи Зоҳиршоҳ, охирин шоҳи Афғонистон, ки зимнан ҷавонтарин номзад ба мақоми раисҷумҳур аст, ҳангоми муаррифии барномааш гуфт, ки аз нигоҳи ӯ, муҳимтарин аз ҳама миллат ва мардуманд ва онҳо дар авлавият қарор хоҳанд дошт. Ӯ афзуд, то замоне ки фосила байни мардум ва ҳукумат аз байн наравад, мо ба аҳдофи худ намерасем. Дар бораи меъёрҳои интихобо ба ҳукуматаш Муҳммад Нодир Наим гуфт, аъзои кобина бояд воқеъан ҳамақида бошанд, таҷриба дошта бошанд ва барои хидмат ба Ватан омода бошанд. Ӯ афзуд, аз пайи онҳое нест, ки барояш райъ меоваранд.

Мунозираи номзадҳои мақоми президентӣ дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00


Дар мунозира дигар масоил, аз ҷумла, масоили ҳуқуқи занон хушунат алайҳи занон ки на танҳо коҳиш ёфта балки афзоиш ҳам ёфтааст. Ахтарбибӣ, яке аз занҳое, ки ба рӯяш тезоб(кислота) пошидаанд, дар толор ҳузур дошт, ва дар бораи чӣ гуна рӯй додани ин ҳодиса қисса кард.

Яке аз номзадҳо Муҳаммад Наим инро ғайри қобили қабул номид ва гуфт, ки ҳукуматаш ба мавзӯъ ҳатман расидагӣ хоҳад кард ва барои он талош хоҳад кард, ки бо вуруди тағйирот ба қонун барои чунин ҷиноёт ҳадди аққал 5 сол муҷозот таъин шавад. Ӯ афзуд, ҳамчунин талош хоҳад кард, то дастикам 30 дарсади ҳукуматаш аз ҳисоби занҳо бошад.

Ёдовар мешавем, даври аввали мунозираҳои 15 феврал бо ширкати узви собиқи ҳизби Гулбуддин Ҳикматёр Қутбиддини Ҳилол, вазири пешини мудофиа Абдул Раҳим Вардак, волии собиқи вилояти Нангарҳор Гул Оғо Шерзай ва узви пешини парлумон аз вилояти Ғазнӣ Довуди Султонзай барномаҳои худро муаррифӣ карда, дидгоҳи худро ба масоили гуногуни марбут ба фардои Афғонистон иброз доштанд. Дар мунозираи дирӯза собиқ вазири умури хориҷӣ Абдулло Абдулло ширкат надошт.

Қарор аст, ки рӯзи 5 апрел мардуми Афғонистон аз миёни 11 номзад раҳбари нави кишварро интихоб кунанд. Раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай баъди адои ду давраи панҷсолаи раёсат дигар ҳаққи ширкат дар ин интихоботро надорад. Интихоботи президентии Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, то поёни соли равон нирӯҳои Амрико ва эътилофи таҳти фармони НАТО аз ин кишвари ҷангзада хориҷ шаванд. Ва аммо давлати Карзай то кунун бо Амрико паймони амниятиеро, ки заминаи ҳуқуқии тамдиди ҳузури теъдоде аз нирӯҳои амрикоиро таъмин кунад, имзо накардааст.

Баҳси номзадҳои афғон - рӯзи аввал
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
XS
SM
MD
LG