Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай барои бори бистум ба Покистон меравад


Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар авохири моҳи август ба Покистон меравад.

Умар Довудзай, сафири Афғонистон дар Исломобод мегӯяд, ки оқои Карзай дар авохири моҳи август боздиди серӯза аз Покистон хоҳад дошт. Ин нахустин сафари Ҳомид Карзай ба Покистон пас аз рӯи кор омадани ҳукумати нави он кишвар бо раҳбарии Навоз Шариф хоҳад буд. Интизор меравад гуфтугӯҳо дар мавриди нақши Покистон дар раванди сулҳи Афғонистон, меҳвари ин сафари раиси ҷумҳур Карзайро ташкил бидиҳад.

Дар ин миён Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки як ҳайат аз ҳамин шӯро аз 26 то 28 август, дар сафар бо Ҳомид Карзай ҳамроҳ хоҳад буд. Оқои Карзай дар ин авохир борҳо гуфтааст, ки замоне бо раҳбарони Покистон дар мизи музокирот хоҳад нишаст, ки тааҳҳуди воқеии он кишвар барои ҳамкорӣ дар раванди сулҳи Афғонистон ва ҳамчунин мубориза бо терроризмро ба даст оварад.

Хабаргузории Ройтерз менависад, шуморе аз нозирон ба ин боваранд, ки Покистон метавонад дар раванди сулҳи Афғонистон нақши муҳим ва аслӣ дошта бошад. Аз сӯи дигар шуморе аз аҳзоби мухолифи ҳукумати Афғонистон мегӯянд, то замоне, ки ҷомеаи байналмилалӣ бар Покистон фишор ворид накунад, ин кишвар шартҳои Афғонистон дар талошҳои сулҳро нахоҳад пазируфт. Фозил Санчоракӣ, сухангӯи Эътилофи миллии Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бидуни ин фишор сафари Ҳомид Карзай ба Покистон низ дастоварде ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.

Ин изҳорот дар бораи сафари президент Карзай ба Покистон ва талошҳои сулҳ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ҳукумати Афғонистон ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки беҳтар хоҳад буд то дафтари Толибон ба ҷои Қатар дар Туркия ва ё ҳам дар Арабистони Саудӣ боз шавад. Дафтари Толибон дар Қатар барои он баста шуд, ки ҳукумати Афғонистон дар мавриди барафроштани байрақи ин гурӯҳ ва ҳамчунон лавҳаи «Иморати Исломии Афғонистон» дар ин дафтар, мухолифат кард.

Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, аз соли 2002 то ҳоло раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай 19 боз аз Покистон дидан намудааст. Гуфта мешавад, ки дар бархе маворид тавонист ҳимояти Исломободро ҷалб кунад, аммо то кунун дар хусуси сулҳу суботи Афғонистон, ваъдаҳои он кишвар ҷомаи амал напӯшидааст.
XS
SM
MD
LG