Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Ҷинояткорӣ миёни хонандагон зиёд шудааст"


Масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки ҷинояткорӣ аз сӯи хонандагон сол аз сол дар ҳоли афзудан аст.

Ба гуфтаи масъулони вазорати маориф, дар соли равон 316 ҷиноят аз сӯи хонандаҳо ба қайд гирифт шудааст, ки 32 ҷиноят нисбати соли гузашта зиёд аст. Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм гуфт, ки омилҳои даст ба ҷиноят задании хонандагон ва ҷавонон зиёд аст ва он пеш аз ҳама таҳсили ҳатмӣ то синфӣ 9 ба шумор меравад.

«Як омили даст ба ҷиноят задании хонандагону наврасон шаҳришавии аҳолии пойтахт аст. Омили дигараш, ин ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон то синфи 9 таҳсил ҳатмист, на синфи 11.», гуфт Саидов.

Дар Тоҷикистон 450 нафар омӯзгор намерасад

Ба гуфтаи масъулони вазорати маориф ҳоло дар Тоҷикистон 450 нафар омӯзгор намерасад. Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, ки теъдоди зиёди омӯзгорон аз ҳисоби занҳоянд ва ин яке аз омилест, ки норасогии омӯзгоронро ба миён меорад.

Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл гуфт, ки 68 дарсади омӯзгорон занонанд ва ҳатто дар шаҳрҳо то 75 дарсад мерасад.

Нуриддин Саидов гуфт, рухсатии баъд аз таваллуд омил мешавад, ки ҷойи кори онҳо мувақатан холӣ монад ва яке аз омилҳои норасогии омӯзгорон ба миён меояд: «Омили дигар тағйири кадр аст. Омӯзгорони забонҳои хориҷӣ мутахассисоне ҳастанд, ки дар кишвар бештар талабот доранд. Омӯзгорони забонҳои хориҷӣ метавонанд дар дигар корхонаҳо, сафоратҳо ва созмонҳои ғаридавлатӣ кор кунанд. Ҳамчунин зиёд шудани шумораи хонандагон аз омили дигари норасогии омӯзгорон аст.", гуфт Саидов.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати маориф? ҳоло дар тамоми мактабҳои миёнаи кишвар 1717 000 хонандагон таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 130 000 омӯзгор таълим медиҳанд.

Даъвои Бибиниссо ва радди вазорат

Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон иддаои як хатмкунандаро, ки даъво дорад квотаи ӯро а дигар кас додаанд рад мекунанд.

Сайфиддин Давлатов, масъули раёсати таҳсилоти то мактабӣ ва миёнаи умумии вазорати маориф мегӯяд, даъвои Бибиниссо Мамадҷонова, хатмкунандаи мактаби рақами 18-и ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон ва довталаби квотаи президентӣ асос надорад.

Бибиннисо Мамадҷонова, хатмкунандаи мактаби рақами 18-и ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон, мирӯз пеш аз шурӯъшавии нишасти матбуотии вазорати маориф ба Душанбе омад то шахсан мушкилашро ба вазир расонад. Маҳмадҷонова даъво дорад, ки зимни озмун барои дарёфти квотаи президентӣ ба ӯ ноҳақӣ сурат гирифтааст. Ин духтар даъво дорад, ки миёни рақибонаш дар ин озмун ғолиб омадааст, аммо масъулони коммиссияи квотаи президентӣ роҳхати кавотаро ба дигар кас додаанд.

Аммо масъулони вазорати маориф мегӯянд, меъёри гузариш аз озмуни квотаи президентӣ соҳибшудани 9 хол аст на камтар аз он. Ин хатмкунанда ҳам камтар аз 9 хол баҳо гирифтааст.

XS
SM
MD
LG