Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Квотаи хатмкунандагони манотиқи дурдаст афзоиш ёфт


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон теъдоди квотаҳо барои хатмкунандаҳои макотиби таҳсилоти умумӣ аз манотиқи дурдасти кишварро нисбат ба як соли пеш 71 ҷой афзудааст.

Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ барои аввалин бор довталабон тавассути имтиҳонҳои маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон шомили муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ мешаванд. Аммо масъулони вазорати маориф мегӯянд, хатмкунандагоне, ки квотаи президентӣ ба даст меоранд, танҳо дар ин марказ номнавис шуда, бидуни санҷишу имтиҳоне курсии донишҷӯиро соҳиб мешаванд.

Радиои Озодӣ дар як сӯҳбат аз Сафарбой Самадов, сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз дипломии вазорати маориф ва илмӣ Тоҷикистон нахуст аз афзоиши квотаҳо барои хатмкунандаҳои манотиқи дурдасти кишвар пурсид:

Сафарбой Самадов: «Нақшаи қабул сол аз сол бештар шуда истодааст. Агар дар соли гузашта квотаҳо барои хатмкунандаҳои макотиби таҳсилоти умумии манотиқи дурдасти Тоҷикистон 1220 ҷой буд, имсол ин рақам ба 1291 расид. Албатта, зиёд кардани миқдори ҷой барои довталабони квотаи президентӣ салоҳияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мебошад. Ходимони ин вазорат дар заминаи дастуру супоришҳои президент ва ҳукумати Тоҷикистон, талаботи иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои куҳистонро ба инобат гирифта ҳар сол теъдоди нақшаи довталабони квотаи президентиро зиёд карда истодаанд. Албатта зиёд шудани миқдори ҷойҳо ин ба он шаҳру ноҳияҳое ҷудо карда мешавад, ки дар ҳақиқат дар онҷо мутахассисон намерасанд ва ниёз ба мутахассисони ҳирфаӣ доранд».

Радиои Озодӣ: Имсол қабул ба донишгоҳҳои олии кишвар тавассути низоми нав, яъне маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Пас онҳое, ки квотаи президентиро ба даст меоранд, чигуна донишҷӯ мешаванд?

Сафарбой Самадов: «Дохил шудан тариқи квота ин дастури президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Онҳое, ки тавассути квотаи президентӣ ба донишгоҳҳо меоянд, мисли солҳои қаблӣ имтиҳони қабул намесупоранд, балки тариқи сӯҳбат аз тарафи омӯзгорони муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони вазорати маориф ва илм ба ҳайси донишҷӯ қабул карда мешаванд. Танҳо як чизро гуфтан мехоҳам, вақте ки бақайдгирии довталабон ба маркази милиии тестӣ шурӯъ шуд, аз ҷониби вазири маориф ба тамоми шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо мактуб равон карда шуд. Ва дар асоси он, новобаста аз он ки хатмкунанда довталаби квотаи президентӣ ҳаст, худро дар нуқтаҳои бақайдгирии маркази миллии тестӣ сабтином карданд. Аз панҷ нафар як нафар соҳиби квота мешавад, аз сабаби он ки чаҳор тани дигар аз шомилшавӣ ба донишгоҳ намонанд, бояд дар маркази миллии тестӣ сабтином шаванд. Аз ин сабаб мо имсол тасмим гирифтем, ки пеш аз саршавии санҷишу имтиҳонҳои маркази миллии тестӣ, квотаро ҷамъбаст мекунем».

Радиои Озодӣ: Дар мавриди тақсими квотаҳо кадом мушкилиҳо ҷой дорад?

Сафарбой Самадов: «Дар ҳақиқат тайи солҳои аввали таъсисёбии квотаи президентӣ мушкилиҳо зиёд буданд. Аз ҷумла, фарзандони мансабдорон, ба мисли раисони ноҳия, мудирони шӯъбаҳои маориф дар озмуни квотаҳо иштирок карда ва ҳатто соҳиби ҷойҳо ҳам мешуданд. Бо назардошти бартараф намудани ҳамин камбудиҳо соли 2006 тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон қоидаҳои қабул тибқи квотаи президентӣ тасдиқ карда шуд. Дар заминаи талаботи қоидаҳои қабул, ин камбудиҳо ба оҳистагӣ аз байн рафтанд. Ҳангоми қабули духтарону писарон тибқи квота, баъзе нофаҳмиҳо низ вуҷуд дошт. Фарзандони афроди мансабдор, ки дар марказҳои шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳо таҳсил мекарданд ва дар вақти сӯҳбатҳо иштирок карда соҳиби квота мешуданд. Баъдан барои бартараф намудани чунин нофаҳмиҳо дар марказҳои тамоми шаҳру ноҳияҳо гимназия ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат таъсис дода шуд. Ва аксарияти довталабоне ки хоҳиши тибқи квота таҳсил карданро доштанд ва онҳо имрӯз дар чунин гимназияҳо таҳсил мекунанд. Яъне имрӯз омӯзгор, роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва роҳбарияти вазорати маориф ва илм, ки намояндагӣ мекунанд, онҳо масъули он ҳастанд, ки беҳтаринҳоро интихоб намоянд.

Радиои Озодӣ: Мушоҳида мешавад, гоҳ-гоҳе донишҷӯёне, ки тариқи квота таҳсил мекунанд донишгоҳро тарк мекунанд, ин ҳодисаро вазорат сабт мекунад ва омили аслӣ чӣ аст?

Сафарбой Самадов: «Ҳар сол вазорати маориф баъди анҷоми соли таҳсил дар асоси мактуби худ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дархост менамояд, ки чанд нафар донишҷӯён аз ҳисоби духтарону писарон таҳсилро дар донишгоҳҳо тарк намуданд. Бояд гӯям, ки солҳои пешин аз сабаби кофӣ набудани сатҳи донишашон донишҷӯён тарки донишгоҳ мекарданд. Солҳои ахир бошад тарк кардани донишҷӯёни тариқи квота таҳсилкунанда, асосан аз оилаҳои камбизот буда, омилаш нарасидани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ном бурда мешавад. Як чизро бояд таъкид намоям, он шахсоне ки дар риштаҳои омӯзгорӣ таҳсил мекунанд, дар сурати баъди курси дуюм тарк кардану шароит надоштан агар шӯъбаҳои маориф ва мақомотҳои маҳаллӣ бо кори омӯзгорӣ таъмин намоянд, вазорати маориф онҳоро ба шӯъбаҳои ғоибонаи донишгоҳҳо ба таври истисно интиқол медиҳад то онҳо ҳам донишгоҳро хатм кунанду ҳам аз рӯи ихтисоси худ фаъолият кунад».

Радиои Озодӣ: Синну соли онҳое, ки бояд квотаро ба даст биёранд муайян шудааст? Яъне як нафар баъд аз хатми мактаби миёна то чанд соли дигар метавонад дар озмуни квотаи президентӣ иштирок кунад?

Сафарбой Самадов: «Аз рӯи қоидаи иштирок дар озмуни квота ҳар нафар метавонад то се соли баъди хатм дар озмуни квота иштирок кунад. Яъне хатмкунанда пас аз як сол, ба ҷои қарори шурои педагогӣ ки он ҷо таҳсил кардааст, қарори шуроӣ меҳнатии корхонае ки дар он кор мекунад пешниҳод мекунад. Барои чунин ашхос зарур аст, ки ҳатман дар ягон корхона, хоҳ давлатӣ ва хоҳ хусусӣ фаъоият дошта бошад».
XS
SM
MD
LG