Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба Ҷашни Истиқлол. Машқи донишҷӯён ва таҳкими чораҳои амниятӣ. ВИДЕО


Садҳо корманди пулис барои назорати тартибот дар рӯзи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон сафарбар шудаанд. Ҳазорон донишҷӯи дигар дар гушаҳои мухталифи кишвар барои ширкат дар барномаҳои ҷашнӣ тамрин мекунанд.

Дар Тоҷикистон барои таҷлили 28-умин солгарди касби истиқлол дар 9-уми сентябр омодагӣ мегиранд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр гуфт, аз ҳоло бештари кормандони Вазорати корҳои дохилӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сафарбар шудаанд.

Ӯ гуфт: “Дар ҷойҳое, ки президенти кишвар иштирок мекунад, тадбирҳо боз ҳам пурзуртар шудааст. Ҳадаф ин аст, ки ин иди миллӣ хуб ҷашн гирифта шавад”.

Соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон истиқлоли худро эълон дошт. Тоҷикистон беш аз 70 сол як ҷумҳурии зери назари Шӯравӣ буд. Расм шудааст, ки ҳар сол 9-уми сентябр бо баргузории чорабиниҳои ҳунарӣ аз ин озодӣ ёд кунанд.

Дар зимн, мунтақидон аз сарфи зиёд дар ин ҷашни давлатӣ танқид мекунанд ва мегӯянд, чорабиниҳои ҳунарӣ бо баҳои аз дарс дур шудани ҳазорон донишҷӯ баргузор мешаванд.

Ҳамкорони мо аз телевизиони “Настояшее время” ба маҳалли тамрини донишҷӯёну хонадагони мактаҳои миёна дар Душанбе рафтанд ва навор бардоштанд.

Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед:

Ҷалби донишҷӯён барои ширкат дар Иди Истиқлол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Хонандагону донишҷӯёни Душанбе рӯзе ду бор, субҳ ва бегоҳ нақшҳояшонро тамрин мекунанд. Онҳо намоиши ҷашниро омода месозанд. Дар пушти саҳна ҷойи пой мондан нест. То ҷашни истиқлол се рӯзи дигар мондааст ва иштирокчиён бояд нақшҳояшонро олӣ иҷро кунанд. Барои тамошои намоиш Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ҳам меояд. Бо чунин реҷаи тамрин донишҷӯён фурсати дар бораи таҳсил фикр карданро надоранд.

Ин гуна машқҳои дастаҷамъӣ бо ҷалби ҳазорон хонандагону донишҷӯёнро “маршировака” меноманд. Раҳпаймоиҳо бахшида ба ҷашнҳои бузург, соле 3 ва ё 4 бор баргузор мешаванд. Муҳассилин ҳангоми тамринҳо аз дарсҳо озод мегарданд. Мақомот таъкид мекунанд, ширкат дар тамринҳо довталабона аст, ҳарчанд ҳар муассисаи таълимӣ бояд шумораи муайяни донишомӯзонро ба маърака сафарбар кунад.

Коргардонҳои намоиши ҷашнӣ дар бораи ҷузъиёти барнома маълумот намедиҳанд. Шумораи дақиқи иштирокчиён ва мӯҳтавои намоиш ҳам ошкор карда намешавад. Муҳимтар аз ҳама харҷи маъракаро ҳамеша пинҳон медоранд. Дар солҳои ахир касе дар бораи харҷи намоишҳои бузург иттилоъ надодааст. Коршиносон мегуянд, харҷҳо зиёданд ва ин зоеъ кардани пули давлату миллат аст.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, чунин ҷашнҳои боҳашамати пурхарҷ ба касе лозим нест. Ӯ таҷлили иди истиқлолро бо чунин шева “талаф кардани пули буҷае медонад, ки бояд барои пардохти нафақа, маоши омӯзгорон ва ё баргардонидани қарзи хориҷӣ сарф шавад”.

“Ҳатто агар тавре мегӯянд, хароҷот аз кисаи соҳибкорон аст, ин ҳам пули Тоҷикистон аст. Бояд онро низ самаранок истифода кард. Масалан, соҳибкор метавонист онро барои пешрафти кори худаш харҷ кунад, то ин ки баъдан ба буҷаи давлатӣ андоз супорад. Ин талаф кардани вақти мактаббачагон ва донишҷӯён аст, ки метавонистанд, дар ин муддат дониш омӯзанду дар фаъолияти баъдӣ истифода кунанд”,--гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон ҷашни истиқлол ҳамеша пуршкӯҳ таҷлил карда мешавад. Мақомот инро ҳодисаи муҳими сол медонанд. Ҳар сол бо баҳонаи ин ҷашн мактабу корхонаҳо месозанд, ки онҳоро шахсан Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ифтитоҳ мекунад. Имсол дар арафаи ин ҷашн чархаи дуввуми нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба кор медароранд.

XS
SM
MD
LG