Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухҳои Исмоилхон вакилони афғонро қонеъ кард


Муҳаммад Исмоилхон, вазири энержӣ ва оби Афғонистон.
Муҳаммад Исмоилхон, вазири энержӣ ва оби Афғонистон.

Вакилони парлумони Афғонистон аз посухҳои вазири энержӣ ва оби кишвар Муҳаммад Исмоилхон ба суолҳояшон, қонеъ шуданд.

Рӯзи душанбе вакилони Вулусӣ Ҷирга аз Исмоилхон хостанд, ки сару садоҳои зиёди марбут ба худи ӯ ва вазорати энерживу об, аз ҷумла, изҳороташ дар бораи ташкили Шӯрои муҷоҳидин, адами масрафи буҷаи инкишофӣ дар соли гузашта, набудани шаффофият дар қарордодҳои вазорат ва дар ихтиёри ширкатҳои эронӣ гузоштани татбиқи бештари тарҳҳои марбут ба обу энержиро шарҳ бидиҳад.

Исмоилхон дар ибтидо гуфт, ки баррасии фаъолияти ӯ аз сӯи вакилон на бо кораш дар мақоми вазирӣ, балки бештар бо сару садҳои бархоста дар робита ба як суханронияш дар Ҳирот рабт дорад.

Бархе аз вакилони парлумон Исмоилхонро дар роҳандозии тарғиботи зидди ҳукумати Кобул ва ғайриқонунӣ ҷамъ овардани силоҳ айбдор карданд. Сару
Парлумони Афғонистон
Парлумони Афғонистон
садоҳо дар бораи он ки вазири обу энержии Афғонистон Исмоилхон тарафдоронашро дар вилояти Ҳирот дубора ба мусаллаҳшавӣ даъват кардааст, тақрибан як моҳ пеш паҳн шуданд ва нигаронии мақомоти афғонро ба бор оварданд.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, дар авоили моҳи ноябр Исмоилхон дар як нишаст дар вилояти Ҳирот гуфтааст, ки ба хотири дифоъ аз Афғонистон як Шӯрои саросарии муҷоҳидинро ташкил медиҳад. Ӯ аз ҷонибдоронаш хостааст, то якдаст ва мунсаҷим шаванд. Ба дунболи мақомоти вилояти Ҳирот хабар доданд, ки Исмоилхон ба мардуми манотиқи Ҷабраил ва Қулидарвоз либоси низомӣ тақсим кардааст. Эймал Фавзӣ, сухангӯи раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай дар пайи ин сару садоҳо гуфт, ки "малишасозӣ" ё таъсиси гурӯҳҳои худсари низомӣ амале ғайриқонунист ва давлат аз чунин ҳаракатҳо пуштибонӣ намекунад.

Исмоилхон дар нишасти парлумон иддаои зидди ҳукумат ҳарф заданашро бори дигар рад кард ва гуфт, ки як сӯитафоҳум боиси сару садоҳо дар бораи нақшаи алайҳи ҳукумат бархостани ӯ ва силоҳҷамъоварияш шудааст. Ӯ афзуд, ки дар суханронияш дар Ҳирот бо ҳимоят дар ҳукумати Ҳомид Карзай талош намуд то нигарониҳои мардум баъд аз соли 2014, яъне баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз кишварро бартараф созад.

Вакили парлумон Шукрия Борикзай вазирро барои он интиқод кард, ки ба беҳтар шудани таъмини мардум бо нерӯи барқи худӣ муваффақ нашудааст. Ба гуфтаи хонум Борикзай, Афғонистон кишварест, ки бояд худаш нерӯи барқ тавлид кунад ва аммо ҳоло маҷбур аст, ки онро аз дигар кишварҳо харидорӣ намояд.

Шукрия Борикзай, вакили парлумони Афғонистон
Шукрия Борикзай, вакили парлумони Афғонистон
Исмоилхон дар посух гуфт, дар ҳоле, ки татбиқи тарҳҳои зиёди вазорати энерживу об бар асари набудани сармояи зарурӣ дар буҷаи кишвар ба таъхир уфтодааст, масъулини вазорат барои амалӣ шудани даҳҳо тарҳи дигар талош мекунанд. Ӯ афзуд, ки, аз ҷумла, дар манотиқи гуногуни Афғонистон панҷ сарбанд барои тавлиди нерӯи барқ бунёд мешавад ва сохтмони танҳо яке аз онҳоро муҳандисони эронӣ бар ӯҳда доранд. Ҳамзамон ӯ иқрор кард, ки бунёди чанд нерӯгоҳ дар кишвар воқеъан ҳам шурӯъ нашудааст, зеро барои ин тарҳҳои бузург миллиардҳо доллар сармоя ва замону фазои амн зарур аст.

Аз 173 вакили ҳозир дар иҷлосияи Волусӣ Ҷирга, 141 нафарашон посухҳои Исмоилхонро пазируфтанд ва барои дар мақоми вазирӣ боқӣ мондани ӯ райъ доданд.

Муҳаммад Исмоилхон 66 сол дорад ва аз фармондеҳони маъруфи муҷоҳидин ва аз аъзои аршади Ҷамъияти исломии Бурҳонуддин Раббонист, ки алайҳи артиши Шӯравӣ ҷангид ва замони раёсатҷумҳурии Раббонӣ то ишғоли Ҳирот аз сӯи Толибон волии манотиқи ғарби Афғонистон буд. Баъди суқути режими “Толибон” дигарбора ба курсии волии Ҳирот нишаст, вале соли 2004 зери фишори ҳукумати Кобул ин мақомро тарк намуд ва дар иваз вазири энержӣ ва об таъйин шуд. Муҳаммад Исмоилхон миёни мардуми Афғонистон чун “Шери Ҳирот” маъруф аст.
XS
SM
MD
LG