Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвоҳои нав алайҳи Исмоилхон


Исмоилхон, вазири обу энержии Афғонистон
Исмоилхон, вазири обу энержии Афғонистон

Сарусадоҳо пиромуни ин ки гӯё Исмоилхон сокинони Ҳиротро ба мусаллаҳшавӣ даъват кардааст, мояи нигаронии мақомоти афғон гардид.

Сарусадоҳои бархоста пиромуни вазири обу энержии Афғонистон Исмоилхон, ки гӯё тарафдоронашро дар вилояти Ҳирот дубора ба мусаллаҳшавӣ даъват кардааст, нигаронии мақомоти афғонро ба бор овард. Эймал Фавзӣ - сухангӯи раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай гуфтааст, "малишасозӣ" ё таъсиси гурӯҳҳои худсари низомӣ амале ғайриқонунист ва давлат аз чунин ҳаракатҳо пуштибонӣ намекунад. Худи Исмоилхон мегӯяд, ҷонибдоронашро ба мусаллаҳшавӣ нахондааст, балки сӯҳбатҳои ӯро сӯъитаъбир кардаанд.

Гуфта мешавад, дар авоили моҳи ноябр Исмоилхон дар як нишаст дар вилояти Ҳирот гуфтааст, ки ба хотири дифоъ аз Афғонистон як Шӯрои саросарии муҷоҳидинро ташкил медиҳад. Ӯ аз тарафдорони худ хостааст, то якдаст ва мунсаҷим шаванд. Ба дунбол, мақомоти Ҳирот хабар доданд, ки дар манотиқи Ҷабраил ва Қулидарвоз ба мардум формаҳои низомӣ тақсим кардаанд.

Доктор Довуд Саббоҳ - волии Ҳирот ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пушти ин талошҳо маҳз Исмоилхон истодааст: “Ин ҳаракат аз чанд моҳи пеш шурӯъ шуда буд. Мо ибтидо бовар намекардем ва фикр доштем, ки як ҳаракати маданист. Вале баъдан дидем, ки пушти сараш аҳдофи низомӣ ва аҳдофи сиёсии бисёр амиқтар нуҳуфтааст. Афрод танзим мешуд ва ба онҳо ваъдаҳои додани аслиҳаву ҳатто таъйини маошу ин гапҳо сурат гирифта буд. Худи ҷаноби вазири энерживу об ҳам гуфта буданд, ки мо рафта будем ва чунин тарҳҳоеро дорем.”

Ҳарчанд ҳанӯз хабари тақсими силоҳ дар байни мардум таъйид нашудааст, вале ин ҳама сарусадоҳо дар байни мардум ҳаросеро эҷод кардааст, ки шояд фармондеҳони бонуфуз дар гӯшаҳои дигари Афғонистон низ даст ба ташкили чунин гурӯҳҳо ва танзиму мусаллаҳсозии тарафдорони худ бизананд, ки кишварро ба хатари ба рангу ба қувваи дигар даргирифтани ҷанги дохилӣ рӯбарӯ хоҳад кард. “The New York Times” навиштааст, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи минтақавӣ ба мизони ҳимоят аз ҳукумати марказии Афғонистон низ латма зада, ҷунбишҳои марказгурезро дар ин кишвари ҷангзада дубора бедор хоҳад кард.

Эймал Фавзӣ - сухангӯи Ҳомиди Карзай гуфтааст, ки баёнияҳои вазири обу энержӣ баёнгари хатти машши давлат нест ва ташкили ҳар навъ нерӯи хориҷ аз чорчӯби нирӯҳои расмии давлатӣ ғайриқонунист ва мардум қабулаш нахоҳад кард. Худи Исмоилхон ҳафтае пеш ин иддаоҳоро радд кард ва гуфт, суханони ӯро сӯъитафсир кардаанд, вале дар асл фармондеҳони ҷиҳодӣ бо масъулияте ки дар баробари амнияти Афғонистон доранд, нахоҳанд гузошт, ки кишвар дубора ба самти барбодӣ биравад: “Ман бисёр муттаассифам, ки инро баръакс ҷилва доданд ва баръакс сӯъитаъбир карданд, ки инҳо мехоҳанд мардумро мусаллаҳ кунанд. Агар як мил силоҳ тавзеъ шуда бошад, мо омодаем пешорӯи миллат ба муҳокима ҳозир бишавем ва сахттарин ҷазоро қабул бикунем.”

“The New York Times” навиштааст, Исмоилхон танҳо нафаре аз фармондеҳони собиқи ҷиҳоди Афғонистон нест, ки азми танзими дигарбораи нирӯҳои муҷоҳидинро дар сар доранд. Ноиби Карзай – Муҳаммадқасими Фаҳим – дар моҳи сентябр гуфтааст, агар урдуи давлатӣ тавони муқобила бо толибҳоро надорад, пас аз муҷоҳидин дархости кумак кунад. Аҳмадзиё Масъуд – бародари фармондеҳи фақиди эътилофи шимол Аҳмадшоҳи Масъуд ба “The New York Times” гуфтааст, мардум намедонад, ки пас аз хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар соли 2014 бо Афғонистон чӣ хоҳад шуд.

Бино ба хабарҳо, дар ин авохир нархи аслиҳа дар бозори сиёҳи Афғонистон башиддат боло рафтааст, ки нозирони умур инро баёнгари афзоиши алоқаи мардум ба силоҳ қаламдод мекунанд.

“The New York Times” менависад, агар ин сарусадоҳо дар бораи танзими муҷаддади гурӯҳҳои муҷоҳидин дар Ҳирот дуруст бошад, зоҳиран ба ин маъност, ки ҷангсолорони собиқи афғон мехоҳанд дар майдони Афғонистон барои худ ҷои пои бештар дошта бошанд. Ба навиштаи ин рӯзномаи амрикоӣ, агар Афғонистон аз нав ба гирдоби ҷангҳои дохилии шабеҳи оғози солҳои 1990 ғарқ шавад, ин тамоми дастовардҳои ҳукумати Карзай ва муттаҳидини ғарбиашро ба хок яксон хоҳад кард.

Муҳаммад Исмоилхони 66-сола аз фармондеҳони маъруфи муҷоҳидин ва аз аъзои аршади Ҷамъияти исломии Бурҳонуддин Раббонист, ки алайҳи артиши Шӯравӣ ҷангид ва дар аҳди Раббонӣ то замони ишғоли Ҳирот аз сӯи Толибон волии манотиқи ғарби Афғонистон буд. Баъди суқути режими Толибон дигарбора ба курсии волии Ҳирот нишаст, вале соли 2004 таҳти фишори ҳукумати марказӣ аз ин симат канор рафт ва дар иваз мақоми вазири обу энержиро гирифт.
XS
SM
MD
LG