Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди барқ дар Тоҷикистон: Таъмири дастгоҳҳо ё зиёд додани об ба Узбекистон?


Бо идома ёфтани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои сокинон мақомоти тоҷик дар ин бора посухҳои норӯшан медиҳанд.

Ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, таъмири дастгоҳҳову зеристгоҳҳо идома дорад ва ба ин хотир рӯзона барқро қатъ мекунанд. Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ду рӯз пеш дар ҷаласае дар вилояти Хатлон гуфтааст, қатъи барқ ба "кам будани об дар обанборҳо" вобаста аст. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, сабаби асосии камбуди барқ аз меъёр зиёд додани об ба Узбекистон мебошад.

КӢ РОСТ МЕГӮЯД?

Ширкати "Барқи Тоҷик" рӯзи 4-уми декабр дар посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ навиштааст, сабаби қатъи барқ "идома ёфтани таъмир" аст. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар тамоми нерӯгоҳ ва зеристгоҳҳои калон, аз ҷумла Норак ва Сарбанд таъмир идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, "дар зеристигоҳҳои Душанбе-500 ва Регар-500 ҳам таъмир рафта истодааст."

Вале баъзе аз коршиносон ва сокинон ба иддаои "Барқи Тоҷик" шубҳа доранд ва мегӯянд, таъмири саросарии дастгоҳҳо наметавонад як моҳ зиёд давом кунад. Шубҳаҳо ба назари "Барқи Тоҷик" баъди он зиёдтар шуд, ки муовини нахуствазири Тоҷикистон қатъи интиқоли барқро ба дигар омил рабт дод. Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 2-юми декабр дар ҷаласае дар Хатлон гуфт, об дар обанборҳои Тоҷикистон кам аст.

Посухҳои духелаи мақомдорони тоҷик дар бораи қатъи интиқоли барқ дар ҳолест, ки манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, як сабаби камобӣ дар обанборҳои нерӯгоҳҳои Тоҷикистон бар замми хушксолӣ ва камобӣ дар дарёҳо, аз ҷумла Вахш, назар ба соли гузашта зиёд додани об ба Узбекистон аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Посухҳои норӯшан ба идомаи маҳдудияти интиқоли барқ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

УЗБЕКИСТОН МЕГӮЯД, "ОБИ ИЗОФӢ" ГИРИФТ

Барои мисол, бо қарори Девони вазирони Узбекистон аз 18-уми июли соли 2020 бинобар камобӣ барои обёрии заминҳои минтақаи Сирдарё аз обанбори "Баҳри Тоҷик" оби изофӣ гирифта шудааст. Он замон Вазорати оби Узбекистон гуфта буд, ба ин хотир ба Тоҷикистон 5 дастгоҳи обкашӣ бо қудрати обпартоии 500 литр дар як сония ва инчунин 20 насоси дигар дода мешавад. Ҷониби Узбекистон барои гирифтани оби изофӣ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 1,5 миллирад сум (тақрибан 145 ҳазор доллар) додааст.

Иттифоқан рӯзи 1-уми майи соли 2020 дар Узбекистон сарбанди обанбори Сардоба, ки як қисме аз заминҳо аз он обёрӣ мешуд, канда шуд ва камбуди обро дар қаламрави кишвари ҳамсояи Тоҷикистон бештар кард.

Бо вуҷуди сар додани оби аз ҳарсола зиёд ба Узбекистон, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ки дар ниҳодҳои энергетикии кишвар фаъолият доранд, аммо бо нигаронӣ аз пеш омадани мушкил дар корашон нахостанд номашон бурда шавад, "мақомоти тоҷик умед доштанд, то фасли тирамоҳ оби зарурӣ дубора дар обанборҳои Тоҷикистон, бахусус обанбори Норак ҷамъ мешавад." Вале, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар низоми энергетикии Тоҷикистон, оби зарурӣ то ин дам ҷамъ нашудааст.

"САРД ШУД, САНДАЛӢ ГУЗОШТЕМ"

Таъмири дастгоҳ аст ё камбуди об ва ё зиёд интиқол додани об ба Узбекистон. Ҳарчи аст, бештаре аз сокинони Тоҷикистон дар ин шабу рӯзҳои сард ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯ ҳастанд. Сокинон мегӯянд, аз соати 7 то 17 интиқоли барқ ба манзили онҳо қатъ мешавад ва чунин вазъ зиндагиашонро мушкил кардааст.

Рамазонӣ Раҳматуллоев, сокини деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) мегӯяд, маҷбур шуданд дубора рӯ ба “сандалӣ” биоранд. “Хонаро гарм кардан мушкилтар шуд. Барқ хеле кумак мекард, 12-15 соат дар шабонарӯз хомӯш мекунанд. Сандалӣ гузоштем,”-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Бо ин вазъ мақомот намегӯянд, ки сокинон кай пурра бо барқ таъмин мешаванд. Дар мактуби ширкати “Барқи Тоҷик” ба Радиои Озодӣ танҳо ишора шудааст, ки ин кор баъди он имконпазир аст, ки “ба кори муттасил ва эътимодноки система» мутмаин бошанд. Масъулини ширкат гуфтанд, сабаби кашол ёфтани таъмир дар дастгоҳҳо саривақт дастрас накардани таҷҳизоти зарурӣ аз хориҷи кишвар аст. Ҳарчанд бо вуҷуди баста будани марзҳо интиқолу молу коло ва таҷҳизот иҷозат аст.

"ДАРДИ КӮҲНА"

Камбуди барқ дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон барои мардуми Тоҷикистон мушкили нав нест. Баъд аз касби истиқлол сокинон ба камбуди барқ рубарӯ ҳастанд. Ҳарчанд соли 2017 мақомот гуфтанд, маҳдудият ё лимити барқ бардошта шуд, баъд аз он низ дар соатҳои муайян интиқоли барқ ба манзили сокинон қатъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бинобар омори расмӣ Тоҷикистон дар моҳи октябр ба хориҷи кишвар ба маблағи 2 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст. Содироти барқ назар ба соли 2018 ба қадри 1,6 миллион доллар камтар будааст.

Дар 10 моҳи соли 2020 дар Тоҷикистон 16,1 миллиард киловат/соат барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019-ум 5,1 дарсад кам будааст. Кишвар дар соли 2020 бо маблағи 50,3 миллион доллар ба се кишвар – Узбекистон, Афғонистон ва каме ба Қирғизистон барқ фурӯхтааст. Имсол Тоҷикистон аз ин ҳисоб назар ба соли 2019 39 миллион доллар камтар даромад гирифт.

Шарҳҳоро бинед (24)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG