Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Эмомалӣ Раҳмон ба танқидҳо дар бораи бебарқӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли маориф ва Академияи илмҳо ба танқидҳо дар бораи камбуди барқ дар кишвар вокуниш кард. Ин мулоқот 30 май дар Душанбе доир шуда, пораҳое аз суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.

Президент дар суҳбати берун аз маърузааш гуфт, ин танқидҳо ба гӯши ӯ ҳам мерасанд, ки Тоҷикистон кай ба истиқлолияти энержӣ мерасад?

Эмомалӣ Раҳмон далел овард, ки аҳолӣ ду баробар зиёд шуда, сарфаи нерӯи барқ ҳам аз ин ҳисоб афзудааст. Бунёди хонаҳои нав, истифодаи асбобҳои зиёди рӯзгор, ки бо барқ кор мекунанд, ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, истифодаи барқро дар дохили кишвар зиёд кард. Президент роҳи ҳалро дар сохтани неругоҳи "Роғун" дид, ки ба гуфтаи ӯ, сохтанаш вазифаи давлат ва ҳукумат аст.

Аммо президент дар бораи камбуди шадиди барқ дар зимистони гузашта, ки ҳатто то Душанбе расид, чизе нагуфт. Дар сардиҳои охири зимистон бисёр минтақаҳои кишвар ба гуфтаи сокинон, шабонарӯз фақат 1-2 соат барқ мегирифтанд. Бархилофи солҳои гузашта, дар Душанбе ҳам қатъи барқ сартосарӣ шуд. Мақомот сабабро ба кам будани об дар обанбори Норак рабт доданд.

Аммо фарзияҳое ҳам садо дод, ки барқ ба хориҷи кишвар фурӯхта шуд. Мақомот инро рад карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энержиро яке аз чор ҳадафи стратегии худ медонад. Аммо мунтақидон мегӯянд, ҳукумат то ҳол натавонист мардумро пурра бо барқ таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG