Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Лавров: "Ҳадафи Ғарб дигар кардани Русия аст, на Украина"


Сергей Лавров. Милан, 16 октябр
Сергей Лавров. Милан, 16 октябр

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав шартҳои гузоштаи Ғарб барои лағви таҳримоташ ба зидди Русияро усулан қабул надорад.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 19 октябр дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии НТВ гуфт, Маскав ба “савдо”-е, ки Ғарб ҷиҳати лағви таҳримоти зидди Русия пешниҳодаш кардааст, розӣ нест. Лавров гуфт, “ба мо гуфтанд, ки агар шумо ба ҳалли бӯҳрони Украина кумак кунед, мо таҳримотро аз байн мебарем. Аммо шартҳояшро мо хоҳем гуфт – як қадам бигузоред ва бубинем, ки оё силоҳбадастон ба нозирон имкони расидан ба марзҳои Русияро хоҳанд дод ва амсоли ин.” Лавров афзуд: “Посухи мо хеле одӣ буд – мо ягон хел шарту шурутро намепазирем ва иҷро намекунем.”

Сергей Лавров дар ин мусоҳиба гуфт, ҳадафи таҳримоти Ғарб на ҳалли бӯҳрони Украина, балки “дигар кардани Русия аст.” Ба ақидаи ӯ, қудратҳои ғарбӣ бӯҳрони Украинаро баҳонаи фишор ба Русия қарор додаанд, то “моро маҷбур кунанд, ки дар масъалаҳои барои мо муҳиму калидӣ тарзи бархӯрди Ғарбро қабул кунем.” Вазири хориҷаи Русия чунин бархӯрд нисбат ба Маскавро рафтори “асри гузашта, даврони гузашта ва тарзи тафаккури бозмонда аз аҳди истеъморгароӣ” номид.

Кишварҳои Ғарб то имрӯз алайҳи Русия ба далели рафтор ва дахолатҳояш дар Украина 4 навбат таҳримот ҷорӣ кардаанд.

Порошенко: Украина дар зимистон бе газ намемонад

Музокироти Путин ва Порошенко дар Милан. 17 октябр
Музокироти Путин ва Порошенко дар Милан. 17 октябр

Сӯҳбатҳои Лавров дар ин мавзӯъ дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко гуфт, кишвараш дар ин зимистон гази Русияро хоҳад дошт. Порошенко рӯзи 18 октябр дар мусоҳиба бо телевизиони Украина гуфт, Русияву Украина бояд танҳо дар масъалаи нархи газ ба як созиш бирасанду бас. Ӯ гуфт, ду ҷониб ба тавофуқ расидаанд, ки Украина барои ҳар 1000 метри мукааб гази то 31 март гирифтааш ба Русия 385 доллар пардохт мекунад.

Порошенко, ки рӯзи 17 октябр дар Милани Италия бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот дошт, гуфт, Киев барои газе ки дар моҳҳои май ва июн истифода бурд, нархи 325 доллар барои 1000 метри мукааб ва барои фасли зимистон нархи 385 долларро пешниҳод кардааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, Русия исрор дорад, ки Украина барои тамоми сол 385-долларӣ пардохт кунад.

Мақомоти Русияву Украина ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 21 октябр дар Брюссел барои баҳси нархи газ бори дигар гирди ҳам хоҳанд омад. Ширкати давлатии “Газпром”-и Русия ба ҳукумати Украина сахт фишор оварда истодааст, то қарзи ба чанд миллиард доллар расидаашро пардохт кунад. Путин дар Милан ҳатто гуфт, ки Украина бояд қарзи газашро бо таҳвили транши навбатии Сандуқи байналмилалии пул кам кунад.

Петро Порошенко гуфт, ширкати давлатии “Нафтогаз”-и Украина дар ҳоли ҳозир тавони пардохти ин қарзи бузургро надорад . Аз ҷумла ба далели қарзи истифодабарандагон дар вилоятҳои ошӯбзадаи Донетску Луҳанск – ду ҷабҳаи ҷангҳои шадид байни нирӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони тарафдори Русия, ки бахшҳое аз ин ду вилояти аксараш русзабонро таҳти назорати худ даровардаанд.

Путин дар Милан
Путин дар Милан

Порошенко гуфт, дар сурати азсаргирии интиқоли гази Русия, Киев “имконоти мухталифе” барои пайдо кардани манбаъҳои пардохти пули он дорад ва аз ҷумла метавонад аз кумакҳои молии Сандуқи байналмилалии пул истифода кунад. Ӯ гуфт, як ҳайати Сандуқи пул дар миёнаи моҳи ноябр барои баррасии тағйироти имконпазир дар барномаи кумакҳои молиаш ба Украина ба Киев меояд.

Русися сеяки бозори гази табиии Иттиҳодияи Аврупоро таъмин мекунад. Нисфи гази Русия ба Аврупо аз тариқи қаламрави Украина сарозер мешавад. Ихлол дар ҷараёни транзити гази Русия аз тариқи Украина дар солҳои 2006 ва 2009 Аврупоро дар авҷи зимистон ба хатари камбуди газ рӯбарӯ карда, боиси афзоиши башиддати нархи ин навъи маводи сӯхт шуда буд.

Петро Порошенко дар ин мусоҳибааш ҳамчунин гуфт, порлумони Украина марзи минтақаҳои буферӣ байни нирӯҳои амниятии ин кишвар ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанскро мушаххас хоҳад кард. Поршенко гуфт, минтақаи буферӣ бахше аз тавофуқоти Минск аст, ки дар авоили моҳи сентябр ба хотири хатми ҷангҳои хунини 5-моҳа дар шарқи Украина имзо шуд. Раҳбари Украина гуфт, САҲА барои назорати оташбас ҳавопаймоҳои бесарнишин ва нозирон аз Фаронса ва Олмонро таъмин хоҳад кард.

Оташбас ба сурати умум ба ҷангҳо дар шарқи Украина тақрибан нуқта гузошт, ҳарчанд то ҳол набардҳо байни ду ҷониб дар фурудгоҳи шаҳри Донетск, дар наздикии шаҳри Мариупол ва дар рустоҳои атрофи шаҳри Луҳанск қариб ҳар рӯз идома доранд.

Осори ҷангҳо дар фурудгоҳи Донетск
Осори ҷангҳо дар фурудгоҳи Донетск

Интизор меравад, минтақаи буферии 15-километрӣ, ки бояд аз тӯпхонаҳо ва дигар анвоъи силоҳҳои вазнин холӣ карда шавад, ба ин даргириҳои пайваста, ки қариб ҳар рӯз мунҷар ба қурбониҳо мешаванд, нуқтаи таммат бигузорад. Украина мегӯяд, танҳо дар даргириҳои рӯзи 18 октябр боз ду сарбозаш кушта шуданд.

СММ мегӯяд, тайи 6 моҳи ҷангҳо дар шарқи Украина беш аз 3700 нафар кушта шудаанд. Шумори онҳое, ки аз ноамнӣ дар Донетску Луҳанск фирор кардаанд, садҳо ҳазори дигар гуфта мешавад.

Украина дар пайи барканории раисиҷумҳури рӯ ба Маскаваш Виктор Янукович дар моҳи феврал ба гирдоби бӯҳрони сиёсие фурӯ рафт, ки бовар меравад, дар пушташ Русия истодааст. Русия дар моҳи март бо истифода аз заъфи ҳукумати нави Украина нимҷазираи аксари аҳолиаш русзабони Қримро ишғол ва бо баргузории як раъйпурсӣ ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

Дар моҳи апрел ҷудоиталабони тарафдори Русия, ки ба бовари мақомоти Украина ва кишварҳои ғарбӣ, аз сӯи Маскав ҳимоят, ҳидоят ва бо пулу нирӯву силоҳ таъмин мешаванд, дар вилоятҳои низ умдатан русзабони Луҳанск ва Донетск сар боло карданд. Онҳо бо ишғоли марказҳои маъмурӣ ва бахшҳои дигаре аз ин ду вилоят аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” ва “Ҷумҳурии мардумии Донетск” хабар дода, сипас ин ҳардуро дар иттиҳоди наве бо номи “Новороссия” гирди ҳам оварданд ва даъвои истиқлол аз Украина карданд.

Вазъ дар Донбасс то 18 октябр
Вазъ дар Донбасс то 18 октябр

Ҳукумати Украина аз 15 апрел дар Донетску Луҳанск амалиёти густардаи “зиддитеррор”-ро шурӯъ кард, ки баъд аз комёбиҳои қобили мулоҳизааш дар моҳҳои июну июл ба ҳуҷуми ҷавобии ҷудоиталабон рӯбарӯ шуд. Дар Киев мегӯянд, ки ҷудоиталабонро дар ин ҳуҷуми ҷавобӣ Маскав ба сурати ошкор кумак ва ҳамдастӣ мекард.

Билохира дар моҳи сентябр дар шаҳри Минск байни тарафҳо қарордоди оташбас имзо шуд, ки оташи ҷанги бузургро дар шарқи Украина тавонист асосан хомӯш кунад, вале зоҳиран ҳалли сиёсии мавзӯъ метавонад хеле тӯл бикашад. Аз ҷумла мақом ва сарнавишти баъдии вилоятҳои Донетску Луҳанск, ки оё дар ҳайати Украина хоҳнад монд ё мисли Приднестровйеву Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ё Қаробоғ, ба боз як низоъи дигари мунҷамидшуда дар харитаи Шӯравии собиқ табдил хоҳанд ёфт?

XS
SM
MD
LG