Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Ғарбу Маскав аз интихоботи Украина (ВИДЕО)


Нозирони аврупоӣ интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумони Украинаро ҳамчун як корзори пуррақобат ва ҷавобгӯи меъёрҳои як интихоботӣ тавсиф карданд.

Нозирони байналмилалӣ интихоботи порлумонии Украинаро ҷавобгӯи меъёрҳо эътироф карданд ва Русия изҳори умед кард, ки ин интихобот ба ташкили ҳукумати “созанда” оварда, ба коҳиши танишҳо мусоидат хоҳад кард.

Интихоботи порлумонии рӯзи 26 октябри Украина бо пирӯзии бечунучарои аҳзоби рӯ ба Аврупо анҷом ёфт. Украиниҳо умедворанд, ки кишварашон акнун баъди як соли бебандубориҳои сиёсӣ ва чандин моҳи ҷангҳо бо ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқ дубора ба по хоҳад хест.

Истиқболҳо аз интихоботи Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00
Линки мустақим

Кент Ҳарстедт, ҳамоҳангсози вижаи САҲА рӯзи 27 октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, интихоботи Украина “як интихоботи ба қадри фаровон пуррақобат буд, ки ба интихобкунандагон имкони воқеии интихоб дод ва дар умум ҷавобгӯи озодиҳои аслӣ буд.” Ӯ афзуд, раъйдиҳӣ ва шумориши раъйҳо шаффоф гузашт, мақомоти интихоботӣ холисона рафтор карданд ва маърака пуррақобат буд. Ҳарстедт афзуд, бархе мавридҳои тарсондану таҳдид ҳам вуҷуд дошт ва бархе расонаҳо дар муқобили манфиатҳои корпоративӣ ва сиёсӣ мустақилияти чандоне нишон надоданд.

Сергей Лавров
Сергей Лавров

Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров аломат дод, ки Маскав метавонад бо вуҷуди, ба гуфтаи ӯ, “тахаллуфоти зиёд” дар ҷараёни корзор ва “шеваҳои зӯроварӣ, ки нисбат ба як идда аз номзадҳо ба кор бурда шуд”, натиҷаҳои интихоботи Украинаро бипазирад. Маскав умедвор аст, ки интихоботи рӯзи 26 октябр ба ташкили ҳукумате хоҳад бурд, ки “созанда хоҳад буд, на пойбанд ба идомаи густариши мухолифат дар ҷомиа ва бо Русия,” - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо хабаргузории ИТАР-ТАСС. Лавров бори дигар даъвати Кремл аз Киев барои музокироти мустақим бо намояндагони минтақаҳо, аз ҷумла бо вилоятҳои таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русияро такрор кард.

Президенти Кумиссиюни Аврупо Жозе Баррозо мардуми Украинаро табрик кард ва гуфт, ин интихобот “пирӯзии демократия ва барномаи ислоҳоти аврупоӣ мебошад.” Раиси порлумони Аврупо Мартин Шултс гуфт, украиниҳо ”метавонанд бо он чи ки ба даст оварданд, бо озодие бо шарофати як интихоботи муназзам, одилона ва пуррақобат насиби онҳо шуд, ифтихор кунанд.”

П.Порошенко: Мардуми Украина аз Аврупо ҳимоят кард

Бар асоси шумориши 50 дарсади оро, ҳизби Ҷабҳаи мардумии сарвазир Арсений Ятсенюк ва эътилофи раисиҷумҳур Петро Порошенко мутаносибан бо касби 21,61 ва 21,45 дарсади оро дар интихоботи рӯзи 26 октябр пешсафанд. Дар ҷои сеюм бо 11,1 дарсад Иттиҳодияи “Самопомич”, як созмони дигари рӯ ба Аврупо ба раҳбарии Андрей Садовой қарор гирифтааст.

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко аз пирӯзии бечунучарои аҳзоби рӯ ба Аврупо дар интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумони кишвараш истиқбол кард ва гуфт, музокирот барои ташкили ҳукумати ҷадид ба зудӣ шурӯъ хоҳад шуд.

Петро Порошенко шаби 26 октябр, билофосила баъди анҷоми раъйгирӣ ва эълони натиҷаҳои экзит-поллҳо дар як паёми телевизионӣ гуфт, беш аз 75 дарсади мардуми Украина дар интихоботи рӯзи якшанбе "ба сурати қавӣ ва бебозгашт аз ҳаракати Украина ба сӯи Аврупо пуштибонӣ карданд."

Дар маҷмӯъ, зоҳиран 7 ҳизбу эътилоф ба ҳайати ояндаи Верховни Рада - порлумони Украина - роҳ меёбанд. Ба ҷуз аз се ҳизбу эътилофи зикршуда ҳамчунин "Эътилофи мухолифин", ки асосан дар заминаи ҳизби минтақаҳои ҳамагӣ як сол пеш дар Украина ҳоким ташкил шудааст, ҳизби радикалии сиёсатмадори қавмгаро Олеҳ Ляшко ва ҳизби "Баткившина"-и сарвазири собиқ Юлия Тимошенко ва ҳам шояд ҳизби низ қавмгарои Свобода садди 5-дарсадиро убур карда, ба порлумони оянда роҳ меёбанд.

Петро Порошенко гуфт, музокирот ба манзури ташкили эътилофи ҳоким рӯзи 27 октябр оғоз мешавад ва Ҷабҳаи мардумии сарвазир Арсений Ятсенюк "шарики асосӣ"-и эътилофи ӯ дар амри ташкили ҳукумати ояндаи Украина хоҳад шуд.

Натоиҷи шумориши чоряки орои интихоботи порлумонии Украина тақрибан ҳамсони натиҷаҳои 3 экзит-поллест, ки рӯзи 26 октябр дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ доир кардаанд.

Натиҷаҳои экзит-полл
Натиҷаҳои экзит-полл

Бар асоси натиҷаҳои экзит-полли миллӣ, ҳизби "Эътилофи Петро Порошенко"-и раисиҷумҳури Украина бо касби 23 дарсади оро пешсаф аст. Ҷабҳаи мардумии сарвазири Украина Арсений Ятсенюк бо 21,3 фоиз дар ҷои дувум қарор гирифтааст. Эътилофи "Самопомич" ба таври ғайриинтизор 13, 2 фоизи овозҳоро ба худ ихтисос медиҳад.

Натиҷаҳои экзит-полл дар Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00

Барои бори аввал дар таърихи баъд аз истиқлоли Украина ҳизби коммунист ба порлумон роҳ намеёбад.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумони Украина дар шароите гузашт, ки қисматҳои бузурге аз вилоятҳои Донетску Луҳанск таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор дорад. Ба гуфтаи мақомот, дар 15 ҳавза аз 32 ҳавзаи интихоботӣ дар ин ду вилоят раъйгирӣ доир нашуд ва ба ин далел, 27 курсӣ аз 450 курсии Верховни Рада холӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG