Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътимоди ҳамагӣ 40% ба ҳукумат. Ин кам аст ё зиёд?


Танҳо 40 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар эътимод дошта, танҳо ҳар нафари сеюм артишро ва ҳар нафари чорум милисаву додгоҳро сазовори боварӣ хондаанд.

Сатҳи эътимоди аҳолии Тоҷикистон ба ҳукумат, артиш, додгоҳ ва милиса, бино бар пажӯҳиши маркази омӯзиши афкори умуми Central Asia Barometer, рӯ ба коҳиш будааст. Тибқи натоиҷи ин пажӯҳиш, ҳамагӣ 40,6 дарсад гуфтаанд, ки ба ҳукумат ва 28,8 дарсад ба ҳокимияти давлатӣ эътимод доранд. Онҳое, ки ба артиш бовар доштаанд, 31 дарсадро ташкил кардааст. Дар ҳамин ҳол, бовари пурсидашудагон, ба милисаву додгоҳ боз ҳам камтар, яъне чизе бештар аз 24 фисад будааст.

Масъулони ин маркази пажӯҳишӣ мегӯянд, назарсанҷии мазкур дар миёни сокинони 10 шаҳри Тоҷикистон аз тариқи сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ бо онҳо анҷом ёфта, дар он назари 1 500 ҳазор марду зан – намояндагони касбу кор ва синну соли гуногун гирифта шудааст. Аз онҳо наздик ба 10 дарсад гуфтаанд, ба ниҳодҳои милиса ва додситонӣ комилан бовар надоранд. Дар ҳамин ҳол, беш аз 25 дарсади пурсидашудагон аз изҳори назар дар ин маврид худдорӣ кардаанд.

Ин пажӯҳиш дар Тоҷикистон дар ҳоле мизони эътимоди мардум ба ҳукумат ва ниҳодҳои давлатиро рақам задааст, ки аксари созмонҳои мутолиотӣ аз баррасии чунин мавзӯъ худдорӣ мекунанд.
Зафар Абдуллоев, раҳбари Маркази таҳлилиии «Контент» мегӯяд: «Аз нигоҳи ман ба чунин назарсанҷиҳо мешавад бовар кард. Ҳарчанд тавре ба назар мерасад мизони эътимоди мардум ба ҳукумат бештар нишон дода шудааст. Инро мешавад фаҳмид, зеро мардуми Шарқ ва собиқ Шӯравӣ аз гуфтани ҳақиқат метарсанд. Албатта, чунин таҳлилҳо бояд ва аз ҷониби сохторҳои мухталифи давлативу ғаайридавлатӣ ва байналмилалӣ анҷом шавад. Танҳо дар он сурат метавон вазъи куллиро нишон дод.» Ба назари Зафар Абдуллоев, чунин пажӯҳишҳо пеш аз ҳама ба манфиати худи ҳукумат аст, то ин ки мақомот барои рафъи камбудиҳо ва гузаронидани ислоҳот самтгирии муайяне дошта бошад.

Аммо Раҷаби Мирзо, таҳлилагари сиёсии тоҷик ба чанд далел натиҷаҳои назарпурсиро зери суол мебард. Ба андешаи вай, аз як сӯ гузаронидани чунин назархоҳӣ барои Тоҷикистон меъёр нашудааст ва аз тарафи дигар худи мардум аз гуфтани назари воқеъияшон худдорӣ мекунанд. Аммо Раҷаби Мирзо розист, ки бовари мардум ба ҳукумату ниҳодҳои давлатӣ торафт коҳиш меёбад.

Вай мегӯяд, «азбаски ҷомеа ҷомеаи авторитарист ва дар ин гуна ҷамъиятҳо як нафар ё як гурӯҳи одамон ҳалли масъалаҳоро ба ӯҳдаи худ гирифтаанд, дар он сурат бисёр душоар мешавад, ки мардум ҳам дигар мавқеъи худро ошкор гӯянд ва роҳҳои алтернативиро ҷӯянд. Бо он чи ки тариқи матбуоту расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаваду мебинем ва ҳатто агар мо муроҷиати шаҳрвандонро аз болои мақомот ба худи мақомоти аз онҳо болотар муқоиса кунем, мо рақами боз ҳам бештарро мебинем. Яъне боварӣ нисбатан камтар аст.»

Вале Аҳмадшоҳи Комилзода, таҳлилгари дигар мегӯяд, ин назарсанҷӣ воқеиятҳои Тоҷикистонро ифшо мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати якранге, ки дар тӯли 20 сол ва ё бештар аз он вуҷуд дорад, аз худ камбудиҳое зоҳир кардааст, ки ба пойин рафтани бовари мардум ва беэътиноии онҳо боис гардидааст.
Аҳмадшоҳи Комилзода гуфт, «ман ба дурустии таҳлил бовар дорам, зеро худи он чи ки мо ҳар рӯз дар зиндагӣ мушоҳида мекунем, аз силсилаи мушкилоти ҷомеаи кишвари мо ҳикоят мекунад. Ин гуна пажӯҳишҳо хело аз мушкилотро боз мекунад. Ва барои ҳукумату давлати мо ки бештар ҷонибдори он аст, аз ҳар гуна далелҳое, ки камбудиҳои онҳоро боз мекунад канораҷӯи мекунаннд, ин амри маълум аст. Зеро онҳо мехоҳанд дар ҷомеа оромӣ бошад. Аммо барои ҳукумат зарур аст, то бидонанд, чунин пажӯҳишҳо дар бораи онҳо чӣ мегӯянд."

Зимнан чанд сол пеш дар як назархоҳие, ки дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати Созмони Милал ва худи ҳукумат анҷом шуда буд рейтинги “фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ” дар Тоҷикистон ҳам ба миён омад, ки дар он 53 дарсади пурсидашудагон кормандони милисаро бевиҷдону фасодкор гуфтаанд. Аммо раддабандии мизони эътимод ба дигар ниҳодҳои давлатӣ ва он ҳам аз тарафи як созмони мустақил бори аввал сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG