Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони зиндониҳои сиёсӣ: "Хости худо ҳамин будааст"


Аксар хешовандони аъзои зиндонии ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз матраҳ шудани исми наздиконашон дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава хабар надоранд, вале бо ин ки ба як рӯшанӣ дар қазияи ҳамсару падаронашон умед мебанданд, боз ҳам сарнавишти онҳоро “хости худо” медонанд.

Дар ҷаласаи ҳошиягии САҲА рӯзи 12 сентябр аъзои ҲНИТ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки ба қазияи маҳбусони зиндонӣ таваҷҷӯҳ кунанд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ шумори онҳоро тахминан 200 нафар номид. Баъди ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода сентябри соли

Моҳе як маротиба тӯли ним соат дидор мекунем. Дафъаи охир, ки дида будам, вазъаш бад набуд, ҳарчанд магар дар зиндон вазъи беҳтар дошта мешавад?

2015 ҲНИТ дар Тоҷикистон мамнӯъ ва як ташаккули террористӣ эълон шуд ва дар баробари даҳҳо тарафдори он, 13 узви раёсаташ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Рӯзи сешанбе, 12 сентябр дафтари матбуоти ин ҳизб гуфт, ки аризаи Муҳаммадалии Ҳаит, муовини маҳбуси раиси ҲНИТ-ро дар ҳаҷми 78 саҳифа ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ фиристоданд. Дар ҳоле, ки мухолифон дар ҷаласаи ҳошиявии САҲА дар Варшава аз вазъи зиндониҳои сиёсӣ изҳори нигаронӣ карданд, аксар хешовандони ин зиндониҳо дар Тоҷикистон дар бораи ин нишаст хабаре надоранд.

"Ҳамааш дар дасти парвардигор аст"

Аз ҷумла, Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит 13 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски ба шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрасӣ надорад, то ҳол аз ин хабар огаҳ нест. Ҷӯраева гуфт: “Аслан аз ин кор хабар надорам, вале ба умедам, ки эҳтимол дорад парвандаи шавҳарам баъд аз ин бозбинӣ мешавад. Ҳамааш дар дасти парвардигор аст”.

Ҳамроҳ бо муовини дигари раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит тобистони соли 2016 дар додгоҳи пушти дарҳои баста ба зиндони абад маҳкум шуд. Мақомот баъдан гуфтанд, ки гуноҳи аъзои раёсати ҳизб дар мурофиа тасдиқи худро пайдо кард ва онҳо барои маблағгузориву ташкили ошӯби мусаллаҳонаи Назарзода дар соли 2015 ва талош ба табаддулоти давлатӣ гунаҳгор шудаанд.

Саидумар Ҳусайнӣ ба зиндони абад маҳкум шудааст
Саидумар Ҳусайнӣ ба зиндони абад маҳкум шудааст

11 узви дигари раёсати ин ҳизб ба мӯҳлати аз 2 то 28 соли зиндон маҳкум шуданд. Савринисо Ҷӯраева мегӯяд, мувофиқ ба муқаррароти марбут ба маҳкумшудаҳои ҳукми абад, ӯ дар ним сол як бор ба дидорбинии ҳамсараш меравад ва мулоқоти наздиктарини онҳо 27 сентябр дар назар аст:

Дар шаш моҳ як маротиба тӯли ним соат дидор мекунем. Дафъаи охир, ки дида будам, вазъаш бад набуд, ҳарчанд магар дар зиндон вазъи беҳтар дошта мешавад? Шикояти ҷиддие надошт, аммо дар дил ҳамеша ба тағйири ҳукмаш умедвор аст”, - афзуд хонум Ҷӯраева.

Муҳаммадалии Ҳаит
Муҳаммадалии Ҳаит

Маҳкумшудаҳои дигари узви ҲНИТ ҳам ба бозбинии ҳукмҳои азизонашон умед доранд. Яке аз онҳо Фароғат Сайфуллозода, ҳамсари сардабири ба 16 соли зиндон маҳкумшудаи ҳафтаномаи “Наҷот” аст, аз ҷониби ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ чоп мешуд. Хонум Сайфуллозода гуфт, ки дар бораи он чи ки дар берун аз Тоҷикистон ва нишасти САҲА мегузарад, хабар надорад ва ҳамчунин намедонад, ки то куҷо парвандаи ҳамсараш шонси бозбинӣ дорад.

Вай гуфт, ки аз худо мехоҳад, ки дар парвандаи ҳамсараш тағйироте шавад: “Моҳи гузашта бо ҳамсарам дар зиндон дидор доштам, вазъаш миёна аст. Хеле мехоҳад, ки ҳукмаш тағйир ёбад ва ба озодӣ барояд. Ин ҳама дар дасти худованд аст”.

Ҳикматулло Сайфуллозода
Ҳикматулло Сайфуллозода

Дар ҳоле, ки бархе дигар хешовандони аъзои маҳкумшудаи ҲНИТ аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ мекунанд, дигарон мегӯянд, баъди ин мурофиаҳо тарки кишвар карда дар берун аз ватан ба сар мебаранд.

Ҳамоише бо талаби озодии зиндониҳои сиёсӣ дар даромадгоҳи САҲА

Рӯзи 12 сентябр дар даромадгоҳи САҲА дар Варшава аъзои мухолифин аксҳои калони аъзои зиндонишудаи ҲНИТ-ро баланд карда талош доштанд таваҷҷӯҳи ширкатдорони силсилаҷаласаҳои бахшида ба ҳуқуқи башарро ба сарнавишти ин нафарон ҷалб кунанд. Аз рӯи иттилои дарёфтии ахир, дар ҷаласаи САҲА ҳадди аққал як нафар ба намояндагӣ аз мақомоти Тоҷикистон иштирок ва дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Брюс Панир аз таҷаммӯи мухолифони тоҷик дар ин нишаст интиқод кард.

Вале мақому вазифа ва исми ин намояндаи ҳукумати Тоҷикистон маълум нест. Дар остонаи нишасти САҲА вебсайти расмии "Ховар" бо пахши матлабе аз номи расонаҳои интернетӣ ҳушдор дод, ки дар сурати ба ҷаласаи САҲА роҳ дода шудани аъзои мухолифин, дафтари ин созмон дар Душанбе баста мешавад. Ҷаласаи САҲА то 22 сентябр идома мекунад.

Брюс Панир
Брюс Панир

Дар суханронии худ дар ҷаласаи ҳошиягӣ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки то дирӯз ҳеҷ нафаре аз САҲА омода нашудааст, ки бо онҳо мулоқот кунад. Кабирӣ САҲА-ро ба риояи муқаррарот ва талаботи оинномавии худ даъват кард. Худдории ҳузури ҳайати васеи ҳукумати Тоҷикистон дар нишастро ба бойкоти соли гузаштаи чаласаи САҲА аз ҷониби намояндагони Душанбе рабт медиҳанд.

Сентябри соли 2016 ба ҳангоми баррасиҳои вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аъзои мухолифон бо намояндагони мақомоти тоҷик баҳси шадид карда ба озодии зиндониҳои сиёсӣ даъват карданд. Тоҷикистон мегӯяд, дар ин кишвар зиндониҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд ва ҳамаи онҳое, ки маҳкум шудаанд, барои қонуншиканиҳое, ки роҳ додаанд, пушти панҷара рафтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG