Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии пулис ва сӯфиҳо дар Теҳрон. "300 нафар боздошт шуд". ВИДЕО


Таҷаммӯи тарафдорони як гурӯҳи сӯфиҳо бо номи "Дарвешҳои Гунободӣ" дар рӯбарӯи яке аз шӯъбаҳои пулис дар Теҳрон дар эътироз ба боздошти яке аз дарвешҳо, сабаби даргирӣ ва хушунат миёни кормандони пулис ва афроди ин гурӯҳ шудааст.

Бинобар гузоришҳо аз Эрон, даргириҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва тарафдорони гурӯҳи сӯфиҳо машҳур бо "дарвешҳои гунободӣ", шаби душанбе ва субҳи сешанбе идома кардааст. Сухангӯи пулис изҳор доштааст, "илова бар се корманди пулис, ду нерӯи басеҷӣ" низ кушта шуданд.

Силсилаи Неъматуллоҳ Султон Алишоҳи Гунободӣ, ки пайравони он маъмулан бо номи "дарвешҳои гунободӣ" шинохта мешаванд, яке аз силсилаҳои сӯфӣ аст, ки дар усул ва фуруъ ба мазҳаби шиа, бовар доранд.

Хабаргузории давлатии Эрон аз қавли сухангӯи пулис мегӯяд, "беш аз 300 нафар" боздошт шудаанд. Сухангӯи пулис гуфтааст, "ронандагон"-и мошинҳое, ки ба гуфтаи пулиси Эрон ба нерӯҳои амниятӣ ҳамла кардаанд, дар миёни боздоштшудаҳо ҳастанд.

Мақомоти Эрон пеш аз ин аз кушта шудани се тан аз кормандони пулис дар "ҳамлаи автобус" сухан гуфта буд. Мақомот мегӯянд, ки як узви нерӯҳои басеҷ рӯзи душанбеи 19-уми феврал дар "ҳамлаи як мошин" ва як узви дигар низ бо "зарбаҳои силоҳи сард" кушта шудааст. Аммо вебсайти сӯфиҳо нақши дарвешҳо дар ҳамла ба нерӯҳои пулисро радд карда ва мегӯяд, таҷаммӯи онҳо "мусолиматомез" будааст ва онҳо оғозкунандаи даргириҳо набуданд.

Ин роҳпаймоӣ рӯзи душанбеи 19-уми феврал дар эътироз ба боздошти Неъматуллоҳ Райёҳӣ, аз сарони дарвешҳои гунободӣ, ки аз сӯи пулиси амнияти Теҳрон боздошт шудааст, баргузор шуд. Неъматуллоҳ Райёҳии 70-сола, сокинин Шаҳркурд аст ва бар асоси бархе гузоришҳо, "дар пайи ҷобаҷо шудани басеҷиҳо ва нерӯҳои амниятӣ дар атрофи маҳали зиндагии дарвешҳо", ба Теҳрон сафар карда буд.

Касро Нурӣ, аз фаъолони ҳуқуқи дарвешон, ки дар ин эътирозҳо ҳузур доштааст, ба бахши эронии Радиои Озодӣ гуфт, "наздики сад нафар ҳамла карданд ба дарвешҳои гунободӣ, тирандозӣ карданд, латукӯб карданд. Мо ҳоло нигарони ҷони доктор Нур Алӣ Тобанда ҳастем. Мо то ба охир истодагарӣ мекунем."

Даргирии пулис ва сӯфиҳо дар Теҳрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:32 0:00

Нур Алӣ Тобанда, қутби дарвешҳои гунободӣ аст, ки дар кӯчаи Гулистони ҳафтум дар минтақаи Посдорони Теҳрон зиндагӣ мекунад. Кормандони пулис пештар низ ду бор давоми моҳи ҷорӣ бо дарвешҳои гунободӣ дар минтақаи Гулистон даргир шуда буданд. Дарвешҳои гунободӣ эълом карда буданд, ки кормандони пулис ният доштанд Нур Алӣ Тобанда, қутб ё пири дарвешони гунободиро боздошт кунанд. Аммо пулиси Теҳрон ин иддаоро радд кардааст.

Дар ҳоле, ки дарвешҳои гунободӣ дар сар задани даргириҳои рӯзи душанбеи 19-уми феврал пулисро гунаҳкор медонанд, аммо Саид Мунтазир Ал-Ҳудо, сухангӯи нерӯҳои амниятӣ дар гуфтугӯ бо телевизиони Эрон гуфтааст, ки се корманди пулис дар ин даргириҳо кушта шудаанд. Ӯ дар ин бора гуфт, "мутаассифона се тан аз кормандони нерӯҳои пулис дар даргириҳои асри имрӯз дар хиёбони Гулистон ба шаҳодат расиданд ва ҳамлаварон низ боздошт шуданд."

​Хабаргузории "Форс" наздик ба Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон дар гузорише сӯфиҳоро ба "эҷоди ташаннуҷ" муттаҳам кард ва навишт, "аммо ҳамлаи хашмгини яке аз тарафдорони ин фирқа бо як автобус ба сафи кормандони интизомӣ дар муқобили шӯъбаи пулис, онро ба як ҳодисаи маргбор ва хунин табдил кард."

"Форс" афзудааст, "ҳуҷуми девонавори ин автобус дар кӯчаи Посдорон ба тарафи шӯъбаи пулис боиси осеб дидани 12 мошини роҳгузар шуд ва чандин тан аз пиёдагардон ҳам захмӣ шуданд."

Ин хабаргузорӣ аз қавли манбаъҳои огоҳ навишт, ронандаи автобус, ки ба мардум ва кормандони пулис ҳамла кард, шахсе бо номи Ёвар Муҳаммад Салос, аз пайравони сӯфиёни гунободӣ аст. Ин манбаъ иддао кардааст, ки "ин автобус ба яке аз сарони ин фирқа тааллуқ доштааст."

Ба навиштаи "Форс", ду нафар аз кушташудаҳо афсар ва як нафари онҳо сарбоз будаанд. Хабаргузории ИЛНА ҳам гузориш додааст, ки ҳафт тан аз кормандони пулис бинобар захмӣ шудан, ба бархе аз бемористонҳои шаҳри Теҳрон интиқол дода шуданд.

Силсилаи Неъматуллоҳ Султон Алишоҳи Гунободӣ, ки пайравони он маъмулан бо номи "дарвешҳои гунободӣ"с шинохта мешаванд, яке аз силсилаҳои сӯфӣ аст, ки дар усул ва фуруъ ба мазҳаби шиа, бовар доранд. Бо вуҷуди ин, бархе аз эътиқодҳои вижаи пайравони ин оин боис шудааст, то дар солҳои гузашта Ҷумҳурии исломӣ ба шиддат онҳоро саркӯб кунад.

XS
SM
MD
LG