Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумораи боздоштшудаҳо дар робита бо ҳамлаи интиҳории Манчестер


Дар ҷараёни ҷустуҷӯи густурдаи нерӯҳои амниятии Бритониё пас аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Манчестер, акнун шумораи боздоштшудаҳо ба ҳафт нафар расидааст. Ҳамзамон ҷузъиёти бештаре аз хонаводаи омили ҳамла нашр шуда ва гуфта мешавад, ки "як шабака" дар ин ҳамла даст доштааст.

Пулиси Манчестер субҳи панҷшанбеи 25-уми май аз боздошти як гумонбари дигар хабар додааст. Ба ин тартиб, шумораи боздоштшудагон дар робита ба ҳамлаи интиҳории шаби 23-юми май, ба ҳафт нафар расидааст, ки як зан ва шаш мард мебошанд. Пеш аз ин пулиси Бритониё гуфта буд, ки Салмон Убайдии 22-сола, гумонбар ба анҷоми ин ҳамлаи интиҳорӣ, ин корро ба танҳоӣ анҷом надода ва дар чаҳорчӯби як шабака амал кардааст.

Пулиси Бритониё қаблан гуфта буд, ки Салмон Убайдии 22-сола, гумонбар ба анҷоми ин ҳамлаи интиҳорӣ, ин корро ба танҳоӣ анҷом надода ва дар чаҳорчӯби як шабака амал кардааст.

Пулиси ҳукумати "Ваҳдати миллӣ"-и Либия, ки қудратро дар Троблус дар даст дорад, рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки бародар ва падари Салмон Убайдӣ бо номҳои Ҳошим ва Рамазонро боздошт кардааст. Як сухангӯи пулиси ҳукумати "Ваҳдати миллӣ"-и Либия гуфтааст, бародари гумонбар дар ҳамлаи Манчестер, аз нияти ӯ хабар дошта ва ҳар ду аз аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" буданд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" як рӯзи пас аз таркиши Манчестер иддао карда буд, ки омили ин ҳамла, аз "сипоҳон"-и ин гурӯҳ аст. Бо ин вуҷуд мақомҳои бритониёӣ ҳанӯз гуфтаҳои пулиси Троблусро радд ва ё таъйид накардаанд.

Ҳамла ба Манчестерро писари як паноҳҷӯй аз Либия анҷом додааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Хабаргузории "Франс-пресс" низ ба нақл аз вазири умури дохилии Фаронса нақл кардааст, ки Убайдӣ эҳтимолан дар сафаре, ки ба Либия дошт, ба Сурия низ рафтааст. Салмон Убайдӣ аз падар ва модари либиягӣ дар шаҳри Манчестер ба дунё омадааст. Илова бар падару модари боздоштшудааш дар Либия, яке дигар аз бародаронаш низ дар Лондон боздошт шудааст.

Дар ҳамлаи шаби 23 май ба як толори консертӣ дар шаҳри Манчестер, ҳадди ақал 22 нафар кушта ва ҳудуди 60 тани дигар захмӣ шуданд, ки аксари онҳо ҷавондухтарон буданд. Ҳамлавар бомбаи дастсозро дар як ҷомадон ҷой намуда ва дар ҷараёни консетри ҳунарманди ҷавони амрикоӣ Ариан Гранда худро тарконд. Таркиши Манчестер хунинтарин ҳамлаи террористӣ дар Бритониё пас аз ҳамлаҳои соли 2005 дар Лондон мебошад. Дар ҳамлаҳои Лондон 52 нафар кушта шуда буданд.

Ҳамлаи Манчестерро маргталаб анҷом дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00

XS
SM
MD
LG