Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкони тоҷик ҷарроҳии наву мушкилро дар Душанбе таҷриба карданд. ВИДЕО


Пизишкони тоҷик ҳангоми кор

Пизишкони тоҷик бори аввал дар Душанбе пайвандсозии ғадуди зери меъдаро таҷриба карданд. Онҳо гуфтанд, "баъд аз ҷарроҳӣ меъёри қанд дар бадани бемор муътадил шуда, кори гурдаҳоро танзим мекунад".

Мақомоти соҳаи тандурустӣ мегӯянд, солҳои охир табибони тоҷик дар пайвандсозии узвҳои бадан ба пешрафтҳое даст ёфтаанд ва бовари сокинон ҳам ба онҳо ва корашон афзудааст. Дар айни замон кам нестанд он беморони ниёзманд, ки омода ҳастанд бо сарфи ҳазорҳо доллар худро ба бемористонҳои Ҳинду Олмон ва Русияву Исроил бирасонанд.

Саидмаҳмуд Исмоилзода, мудири Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандсозии ғадуди зери меъда ба гирифторони бемориҳои гуногун анҷом дода мешавад.

Ӯ афзуд: "Бемороне, ки дар асоси бемории қанди нав норасоии кори гурда доранд. Онҳоеро, ки норасоии ғадуди зери меъда азият медиҳад. Ҳамчунин бемороне, ки оризаи нобиноии чашм доранд ва сабабаш бемории қанди навъи як аст, ин амалиёт гузаронида мешавад."

Пизишкони тоҷик ҳангоми ҷарроҳӣ
Пизишкони тоҷик ҳангоми ҷарроҳӣ

Дилбар Назарова, сокини 56-солаи шаҳри Турсунзода, барои наҷоти ҷони фарзандаш Дилшод Исматови 30-сола як гурда ва порае аз ғадуди зери меъдаи худро дод.

Ҳамида Имомова, ҳамсари Дилшод Исматов, рӯзи 15-уми декабр гуфт, шавҳараш понздаҳ сол боз аз бемории қанд азият мекашад. "Роҳ рафта наметавонист, ҳамеша варам мекард, бисёр азоб кашид. Ба инҷо омадем ва машварат шуд, ки ӯро ҷарроҳӣ кунем", -- афзуд ӯ.

Барои пайвандсозии ғадуди зери меъда ва гурда табибон модару писарро бист рӯз омода кардаанд. Ҷарроҳии нахустин зиёда аз шаш соат идома дошт.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Аввалин ҷарроҳии пайванди гурда ва ғадуди зери меъда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Аммо ба бовари Саидмаҳмуд Исмоилзода, мудири Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, бояд ҳарчи зуд пайванди "марги мағзӣ"-ро ба роҳ монд, зеро пайванд аз одами зинда хеле мушкил аст.

Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, танҳо волидон ва хешовандон метавонанд "донори зинда" барои пайвандсозии узву бофтаҳои инсон бошанд. Ҳоло ҷараёни "донорҳои марги мағзӣ" дар Тоҷикистон шакл нагирифтааст.

Моҳи феврали имсол табибони марказ ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар аз донорҳои зинда ва шахси бегонаро анҷом доданд. Ду модари тоҷик барои наҷоти ҷони фарзандони хеш порае аз ҷигарҳои худро ба фарзандони хурдсолашон доданд.

Мудири Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон мегӯяд, ҳанӯз арзиши ин навъи ҷарроҳиро мушаххас накардаанд.

Табибони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар нӯҳ соли фаъолият беш аз 700 пайвандсозии гурда ва ҷигар анҷом додаанд, ки аксарият муваффақона будааст. Дар ин миён баъзе аз онҳое, ки ҷарроҳӣ шудаанд, фавтидаанд, аммо табибон мегӯянд, "муроқибати нодурусти пас аз ҷарроҳӣ сабаби асосии марги беморон будааст, на иштибоҳ дар амалиёт".

Имсол бо вуҷуди густариши бемории коронавирус ва се моҳ баста будани марказ 130 ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ҷигар сурат гирифтааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG