Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсари Эбӣ - овозхони маъруфи эронӣ дар Душанбе ҷарроҳӣ шуд. ВИДЕО


Эбӣ (Иброҳим Ҳомидӣ) ва писараш Фаршед барои дастгирии модар аз Амрико ба Душанбе омаданд

Табибони тоҷик субҳи 10 октябр дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ҷарроҳии табдили гурдаи Маҳшед Ҳомидӣ, ҳамсари Иброҳим Ҳомидӣ, маъруф ба Эбӣ, ҳунарманди шинохтаи эронитабори муқими Амрикоро анҷом доданд.

Бо ин ки мутмаинам бо умеди Худо ҳама чӣ дуруст хоҳад буд, вале дилшурӣ дорам (дар изтиробам), нигаронам ва боз ҳам нигаронам

Табибон мегӯянд, пас аз ҷарроҳии чаҳорсоата вазъи Маҳшед Ҳомидӣ муътадил аст. Лаҳзаҳои ҷарроҳии пайвандсозӣ, худи ҳунарманд Эбӣ, писараш Фаршед Ҳомидӣ ва дустону наздикон ҳузур доштанд. Эбӣ, ҳунарманди маъруфи эронитабор дар як сӯҳбати ихтисосӣ рузи 10-уми октябр дар бо Радиои Озодӣ гуфт:

«Барои ҳамсарам, ки ҷарроҳӣ дорад, ин ҷо омадаам ва хеле хушҳолам, ки ҷарроҳӣ инҷо иттифоқ афтод. Бо умеди Худо, фикр мекунам ҷарроҳӣ муваффақ бошад, иншаоллоҳ, ки ҳаст. Ман ин ҳафта ба Амрико меравам ва ҳафтаи дигар дубора боз ба Тоҷикистон меоям. Фикр мекунам, то чаҳор ҳафтаи дигар меҳмони шумо хоҳам буд».

Ишқе ба дарозои 27 сол

Эбии 69-сола бо ҳамсараш Маҳшед 27 сол пеш дар Амрико издивоҷ кардааст. Ӯ мегӯяд, тамоми таронаҳои ошиқонаашро дар васфи Маҳшед сурудааст ва бо гузашти ин солҳо оташи ишқу муҳаббаташ ба ҳамсар кам нашудааст. Бо он ки овозхони маъруфи таронаҳои “Ҳариқи сабз”, “Дилтангам” ва дигарҳо пушти дари ҷарроҳӣ бо журналистони Радиои Озодӣ хеле боҷуръатона суҳбат мекард, вале эҳсос мешуд, ки садояш каме меларзад. Вақте чанде аз дӯстонаш ба назди ӯ омаданд, чашмонаш пур аз об шуд ва чеҳрааш тар шуд. Эҳсосе, ки натавонист пинҳон кунад.

Вай гуфт: «Бо ин ки мутмаинам бо умеди Худо ҳама чӣ дуруст хоҳад буд, вале дилшурӣ дорам (дар изтиробам), нигаронам ва боз ҳам нигаронам».

Нафаре, ки гурдаашро ба Маҳшед, ҳамсари Эбӣ бахшидааст, яке аз наздикони ин хонавода будааст. Ба гуфтаи ин овозхон, ҳамсари 53-солааш чанд соли ахир аз дарди гурда ранҷ мекашид ва ниҳоят дӯстони табибаш тавсия доданд, ки ҷарроҳии пайвандсозиро дар Тоҷикистон зери назари тими ҷарроҳони муштараки тоҷику эронӣ анҷом диҳад.

Эбӣ: "Ба умеди Худо ҳастам, вале нигаронам..."
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:15 0:00

Писари Эбӣ: Модарам шуҷоъ аст

Фаршед Ҳомидӣ - ягона писари Эбӣ, ки ҳамроҳ бо падараш субҳи чоршанбе аз Сан-Франсискои Амрико ба Душанбе расид, тавонист чанд лаҳза қабл аз ҷарроҳӣ бо модараш дидор кунад. Ӯ ҳангоми ворид шудан аз дари бемористон аз табибон хоҳиш кард, ки чанд лаҳза пеш аз ҷаррозҳӣ бо модараш дидор кунад ва ӯ баъди ин дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш пеш аз онҳо даҳ рӯзи пеш барои анҷоми ташхис ба Тоҷикистон омада буд. Фаршед гуфт, дар ин лаҳзаҳо ҳама фикру хаёлаш дар бораи модар аст ва дуо мекунад, ки ӯ зуд шифо ёбад.

“Ба ӯ гуфтам, ки мусбат фикр кунад ва ҳамааш ба хубӣ анҷом меёбад. Модарам хеле зани шуҷоъ аст, вале имрӯз каме ниёз ба он дошт, ки ману падарам ҳам мисли ӯ шуҷоъ бошем. Мунтазираш ҳастем, ки ба зудӣ аз утоқи ҷарроҳӣ берун биёяд”, - гуфт Фаршед Ҳомидӣ.

Фаршед
Фаршед

Ҳамсари Эбӣ нахустин шаҳрванди Амрико аст, ки дар Тоҷикистон аз амалиёти пайвандсозӣ мегузарад. Аз кишварҳои ғарб қаблан як шаҳрванди Испания низ дар ин марказ ҷарроҳии пайвандсозии гурдаро пушти сар кардааст. Ҷарроҳии пайвандсозии узв дар ин муассисаи тиббии Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигар арзонтар буда, солҳои ахир сифати кори онҳо низ мавриди таваҷҷӯҳи корафтодаҳо аз кишварҳои хориҷӣ шудааст.

Ҷарроҳии нахустин амрикоӣ дар Маркази миллии пайвандсозии узвҳо

Саидмаҳмуд Исмоилзода, раҳбари Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт бори аввал аст, як шаҳрванди Амрико ва он ҳам ҳамсари як овозхони машҳури эронитаборро ҷарроҳӣ кардаанд. Исмоилзода афзуд, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 25 бемор аз хориҷи кишварро аз амалиёти пайвандсозии гурда гузарониданд. «Аз он ҷумла аз Қирғизистон, Узбекистон, Озорбойҷон, Гурҷистон, Ливан, Исроил чор нафарро ҷарроҳи пайвандсозӣ кардем», - таъкид намуд ӯ.

Дар маҷмӯъ дар ин марказ соли ҷорӣ 150 нафар аз амалиёти пайвандсозии гурда ва ҷигар гузаштанд ва ба гуфтаи масъулони марказ, ҳамааш муваффақиятомез буд.

Эбиву ҳамсараш бо машварати дӯстон барои ҷарроҳии ҳамсар ба Тоҷикистон омаданд
Эбиву ҳамсараш бо машварати дӯстон барои ҷарроҳии ҳамсар ба Тоҷикистон омаданд

Иброҳим Ҳомидӣ ё Эбӣ, хонандаи саршиноси попи эронӣ баъди инқилоби исломӣ дар Эрон кишварро тарк кард. Мегӯяд, солҳост дар Амрикову Испания зиндагӣ ва аз он ҷо истода таронаву консертҳои худро барпо мекунад. Аз ҷумла, таронаҳои охири ӯ - “Носталжӣ”, ки бо Гугуш иҷро кардааст ва “Ҷони ҷавонӣ” дар миёни ҳаводорони тоҷикаш ҳам хеле маъруф шудаанд. Эбӣ гуфт, ки қарор кард дар арафаи иди Наврӯзи соли оянда дар Тоҷикистон як консерти худро баргузор кунад.

  • 16x9 Image

    Сарвинози Руҳуллоҳ

    Аз соли 2012 дар дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад.

    Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

    Қаблан корманди радиои "Имрӯз", хабаргузории "Тоҷнюс", Оҷонсии иттилоотии "Ховар" ва радиои "Ховар" буд

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG