Пайвандҳои дастрасӣ

Морел: “Мо бо тамоми кишварҳои ОМ ҳамкорӣ мекунем”


Пйер Морел
Пйер Морел

Фиристодаи хоси ИА дар Осиёи Марказӣ гуфт, посухи интиқодҳои созмонҳои ҷамъиятӣ рӯзҳои наздик садо медиҳад.

Бо гузашти панҷ сол аз стратегияи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дар Осиёи Марказӣ, созмони Human Rights Watch аз таназзули нишондодҳои ҳуқуқи башар дар қаламрави кишварҳои минтақа интиқод кардааст. Дар муроҷиати тоза ба Иттиҳодияи Аврупо 46 созмони байнулмилалӣ ва ҷамъиятии мудофеи ҳуқуқи инсон дар ин қаламрав, аз ҷумла 13 созмони фаъол дар Тоҷикистон, аз мақомоти аврупоӣ даъват кардаанд, ки дар баробари татбиқи ҳадафҳои худ, инчунин аз раҳбарони Осиёи Марказӣ эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсонро ҷиддан тақозо кунанд. Ин созмонҳо мехоҳанд, бархӯрди Иттиҳодияи Аврупо ба масъалаи ҳуқуқи башар дар минтақа идомаёбанда ва бонатиҷа бошад, ҳуқуқи башарро қурбони ҳадафҳои энерживу амниятӣ накунад ва мавзӯи ҳуқуқи башарро дар равобит бо ҳукуматҳо ошкоро ва барҷаста гардонад.

Даҳҳо созмони иҷтимоии ҳомии ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ва ҳам Арманистон, Русия, Озарбойҷон, Фаронса, Австрия, Белгия, Амрико, Бритониё, Молдова ва Литва дар муроҷиат ба Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, ба ҳангоми иҷрои стратегияи худ дар Осиёи Марказӣ дар амри риояи ҳуқуқи инсон тадбирҳои муассир биандешанд. Моҳи июни соли 2007-ум Иттиҳодияи Аврупо чаҳорчӯби ҳамкориҳояш бо Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистонро дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва масоили дигар мушаххас карда ва гуфта буд, масъалаи ҳуқуқи инсон аз мавзӯъҳои меҳварии ин стратегия хоҳад буд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Пйер Морел, фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ хостем, назарашро дар ин маврид бигӯяд. Вай гуфт, "рӯзи душанбеи оянда вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ин паёмро арзёбӣ намуда, ба он посух хоҳанд дод. Феълан ман чизе бештар аз он гуфта наметавонам. Баъди арзёбии вазирон ман салоҳият хоҳам дошт, ки назари Шӯрои вазиронро ба самъи шумо ва ҷонибҳои манфиатдор расонам. Вазирон ин арзёбиро тақозо кардаанд, онҳо табодули назар хоҳанд кард ва ҷавоби онҳо ҷавоби расмии Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд."

Озодӣ: Ҳомиёни ҳуқуқ ба камбудиҳои кори шумо ишора кардаанд ва гуфтаанд, ки мавзӯи ҳуқуқи башар дар ин панҷ соли охир қариб ки нодида гирифта шуд. Шумо бо ин гапҳо розӣ ҳастед? Ва агар тавонед, муваффақиятҳои панҷ соли стратегияи ИА дар ОМ-ро аз мавқеи худ арзёбӣ кунед.

- Дар давоми панҷ соли гузашта мо ин стратегияро дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ раҳандозӣ кардем. Мо бо тамоми кишварҳои минтақа ва инчунин Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем, бо ҳамаи панҷ кишвари минтақа созишномаҳои дуҷониба имзо кардаем. Бар илова, мо чанд ташаббусро дар чорчӯби минтақавӣ иҷро мекунем. Масалан, ташаббуси ҳокимияти қонун, тасарруфи захираҳои обии минтақа, маориф, назорати марзҳо, мубориза бо терроризм, қочоқ ва ғайра.

Озодӣ: Яъне, ҷаноби Морел, шумо ба ин паём зиёд мувофиқ нестед?

- Мо содиқона вазифаамонро иҷро мекунем. Панҷ сол пеш мо фақат як намояндагӣ доштем, ки он ҳам дар Алмаато буд. Ҳозир мо дар чор ҷумҳурӣ намоядагии такмилшуда дорем ва ба наздикӣ дафтари мо дар Ашқобод таъсис ва боз мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳоли ҳозир Иттиҳодияи Аврупо дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагиҳои худро боз кардааст. Ин аст натиҷаи асосии кори мо дар тӯли панҷ соли гузашта. Мо ба мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо намояндагони созмонҳои башарӣ ва ғайридавлатиро даъват кардаем ва ҳозир ҳастем, ки пешниҳодҳои онҳоро шунавем. Хуллас, рӯзи душанбе дар Люксембург баъди нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба ин паём посухи расмӣ ироа хоҳад шуд.

Созмонҳои ҷамъиятӣ, ки аз таназзули нишондодҳои ҳуқуқи башар дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар панҷ соли охир интиқод кардаанд, пешниҳод доранд, ки Аврупо ҳадафҳои худро дар масъалаи ҳуқуқи инсон барои ҳар кишвар ба таври мушаххас маълум карда, барои тағйироти бонатиҷа дар ин самт талош ба харҷ диҳад.

Аз тақозоҳои муҳими дигари ин созмонҳо даъват ба ҳамкории наздиктари Иттиҳодияи Аврупо бо созмонҳои мустақили ҳуқуқи башар дар минтақа мебошад. Зери ин муроҷиатнома созмонҳое ба монанди Бюрои байнулмилалии ҳуқуқи башари Қазоқистон, Human Rights Watch, Ҷамъияти ҳуқуқи башари Узбакистон, Ташаббуси Туркманистон барои ҳуқуқи башар, Эътилофи ҳуқуқшиносони Тоҷикистон, НАНСМИТ, “Авесто”, Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ташаккули “Қонун ва шукуфоӣ” (Душанбе) ва даҳҳо дигар созмонҳо имзо гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG