Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Фаронсавиҳо омили муноқиша бо пулис шуданд"


Масъулони Раёсати умури дохилии Душанбе ду шаҳрванди Фаронсаро дар нақзи тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам медонанд.

Як масъули раёсати умури дохилии Душанбе гуфт, ду корманди фаронсавии дафтари Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо тартиботи ҷамъиятиро нақз карда, ба кормандони пулис "ҳамла" овардаанд.

Полковник Кароматуллоҳ Раҷабов, сардори бахши тартиботи ҷамъиятии Раёсати умури дохилии Душанбе, зимни шарҳи ҳодисае, ки шоми 4-уми июн дар назди Театри опера ва балети пойтахт иттифоқ афтодааст, гуфт, "Малика Малки, атташеи Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамсараш - Ҷалол Каззу он шаб дар ҳолати мастӣ қарор доштанд ва ба истироҳати дигар сокинон халал расонданд."

Ӯ илова кард, "бо вуҷуди хоҳиши кормандони пулис барои ором кардани фаронсавиҳо, онҳо муқобилият нишон дода ва бо забони худашон ба таҳқири мардум пардохтанд." Ҳатто ба қавли полковник Раҷабов, ин ду шаҳрванди Фаронса овозхонҳоеро, ки дар ин маҳфил ҳузур доштанд, низ таҳқир кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар чунин вазъ кормандони пулис хостаанд, то ҳарду фаронсавиро ба идораи пулис бурда ва бо даъвати намояндаи Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо қазияро ҳал кунанд. Аммо ин ду фаронсавӣ ба дархости пулис итоат накарда, Малика Малки бо шишаи шароб хостааст, то ба сари Кароматуллоҳ Раҷабов бизанад. Дар ин ҳолат кормандони пулис лейтенант Файзов Гулмурод, майор Шододов Далер, майор Қурбонов Рамазон аз ин ҳамла ҷилавгирӣ кардаанд. Бо ин ҳам хонум Малки ва шаҳвараш ором нашуда, ба се пулис дарафтодаанд.

Нақли шоҳид. Фаронсавиҳо чӣ кор карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
Линки мустақим


Кароматуллоҳ Раҷабов мегӯяд, дар натиҷаи бархӯрди номуносиби ҳар ду шаҳрванди Фаронса ба кормандони пулис осеб расид. Пас аз ин, намояндаи Комиссияи Иттиҳодияи Аврупоро даъват ва шаҳрвандони фаронсавиро ба онҳо таслим кардаанд. Нисбат ба "бархӯрди номуносиб"-и шаҳрвандони хориҷӣ ҳудуди 20 нафар шоҳид баёнот додаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия ба вазорати умури хориҷии кишвар нома ирсол кардааст. Мақомоти идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, Комиссияи Иттиҳодияи Аврупоро дар ҷараёни ин қазия гузоштанд.

Аммо масъулони Комиссияи Итиҳодияи Аврупо субҳи рӯзи ҷумъа, 8-уми июн, ба “Озодӣ” гуфтанд, ки то ҳол номаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро дарёфт накардаанд. Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, худи раҳбарияти Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо ба таҳқиқи ҳодиса пардохтаанд ва бевосита бо хонум Малки суҳбат анҷом доданд.

Бо ин ҳам, Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо изҳороте дар ин робита пахш накардааст, вале Маҳбуба Абдуллоева мегуяд, онҳо пас аз таҳқиқи комили ҳодиса матбуотро дар ҷараён хоҳанд гузошт.
XS
SM
MD
LG