Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтовар таҳдид кардааст, ки Думаи Русияро метарконад


Бинои Думаи давлатии Русия
Бинои Думаи давлатии Русия

Додгоҳи шаҳри Пензаи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Бахтовар Фозиловро барои таҳдиди телефонӣ, ки Думаи давлатии Русияро хоҳад тарконд, ба як соли зиндон маҳкум кард.

Шахсе ба идораи полис занг задаву гуфтааст, ки дар зери бинои Думаи давлатии Русия бомба гузоштааст ва агар барояш пул наоранд, ин биноро мунфаҷир хоҳад кард.

Мақомоти Русия мегӯянд, ошкор кардаанд, ки террористи телефонӣ шаҳрванди Тоҷикистон Бахтовар Ҷумъаевич Фозилов аст, ки аз дохили маҳбас ба полис занг задааст. Ин мақомот намегӯянд, ки ҳувияти Бахтоварро чӣ гуна фош кардаанд. Айбдоршаванда дар додгоҳ ин иттиҳомро рад кард, аммо сухангӯи Додгоҳи вилоятии Пенза Наталя Биченкова мегӯяд: «Қаблан, дар ҷараёни тафтиш, вай ба дасти худ баёнот навишт, ки дарвоқеъ аз як маҳбус телефони ҳамроҳро вом гирифта, ба навбатдор занг задааст ва ҳатто баъдан телевизор тамошо кардаанд, ки хабари ӯ чӣ пайомад медиҳад.»

Мақомоти Русия мегӯянд, овози Фозилов ва забти садоии телефони полисро ташхиси фоноскопӣ карда, ба натиҷае расидаанд, ки маҳз ӯ ба идораи полис занг задаву ба таркондани Думаи давлатӣ таҳдид кардааст. Вале мақомоти Русия шарҳ намедиҳанд, ки чӣ гуна Фозиловро пайдо намудаанд ва маҳз ӯ зери шубҳа афтодааст.

Бахтиёр Фозилов дар ҳоле аз маҳбас занг задааст, ки бо иттиҳоми одамкушӣ ба 10 соли ҳабс маҳкум шуда, аз ин ду солашро ба поён расондааст. Акнун ба ҳашт сорли боқимонда як соли дигар изофа хоҳад шуд. Вакили дифои айбдоршаванда мегӯяд, Фозилов ба ҳукми додгоҳи шаҳри Пенза розӣ нест, худро бегуноҳ мешуморад ва аз болои ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят кард. Аммо додгоҳи бознигарӣ ҳукмро бетағйир боқӣ гузошт.

Моҳи марти соли 2013 як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербурги Русия баъд аз он боздошт шуд, ки дар ҳолати сархушӣ ба полис занг зада, талаб кард, ки агар барояш 300 000 рубл наоранд, фурудгоҳи Пулковоро хоҳад тарконд. Ин занги телефонӣ сабаби қатъи парвозҳо, кӯчондани одамон ва тафтиши бинои фурудгоҳ шуд. Субҳи рӯзи дигар ваҳшатафкани телефониро дар хиёбони Наставникии шаҳр боздошт карданд. Дертар ӯ ба 3 соли ҳабс ва 200 000 рубл ҷарима маҳкум шуд.

Соли 2011 як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки ба воситаи телефон таҳдид карда буд, ки ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр»-ро метарконад боздошта шуда буд.

XS
SM
MD
LG