Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремлин: Қодиров президенти Чеченистон боқӣ мемонад


Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Сухангӯи Кремлин гуфт, ки ҳеҷ тағйироте дар мақоми президенти Чеченистон Рамазон Қодиров пешбинӣ нашудааст ва ӯ вазифаҳои худро мисли пешина иҷро мекунад. Дар ин бора рӯзи 27 ноябр Дмитрий Песков изҳорот дод.

Раҳбари ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, ки фурсати аз мақом канор рафтани ӯ расидааст. “Давраҳое буд, ки афроди мисли ман бояд ба хотири ҷорӣ шудани назму тартибот ҷанг мекарданд. Вале ҳоло тартибот ҷорӣ шудааст”, гуфт Қодиров дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Россия 1” рӯзи 26 ноябр.

Рамазон Қодирови 41-сола гуфт, ки ҷойгузини ӯро Кремлин интихоб мекунад ва афзуд, ки чанд нафареро медонад, ки аз ӯҳдаи иҷрои ин кор мебароянд.

Вале рӯзи 27 ноябр намояндаи аршади Кремлин гуфт, ки Рамазон Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон дар мақомаш боқӣ мемонад. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков аз Қодиров чун як шахси қобили эътимоди Путин ёд кард ва гуфт, ки ҳеҷ тағйироте дар мақоми ӯ пешбинӣ нашудааст ва ӯ дар вазифаи президенти Чеченистон боқӣ мемонад.

Моҳи феврали соли 2007, замоне, ки Қодиров 30-сола шуд, президенти Русия Владимир Путин ӯро ба мақоми президенти Чеченистон номзад кард. Аз он замон то имрӯз ӯ раҳбарии ин ҷумҳурии воқеъ дар Қафқози Шимолиро ба ӯҳда дорад ва бори охир сентябри соли 2016 бори навбатӣ дар ин мақом баранда шуд.

19 апрели соли 2017
19 апрели соли 2017

Фаъолони ҳуқуқ ва мунаққидон Қодиров ва силоҳбадастони тобеи ӯро барои нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, одамрабоӣ, шиканҷа ва кушторҳои ғайриқонунӣ айбдор мекунанд. Яке аз танқидҳои ахири байналмилалӣ дар нисбати ӯ ба саркӯби аққалиятҳои ҷинсӣ дар Чеченистон рабт мегирад. Худи Қодиров ҳама гуна иттиҳомотро рад мекунад.

Дар мусоҳибааш Қодиров инчунин гуфт, ки ӯ ба бегуноҳии панҷ маҳкумшуда дар робита бо қатли сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Борис Немтсов дар соли 2015 бовар дорад. Вай гуфт: “Аз рӯи иттилои ман, ин панҷ нафар комилан бегуноҳанд”. Вай гуфт, “ба касе зарур буд, ки ин парванда баста шавад ва бигӯянд, ки гунаҳгорони қатли Немтсов ошкор шуданд”.

Борис Немтсов, собиқ муовини аввали нахуствазир ва як сиёсатмадори ислоҳотталаб солҳои охир танҳо мунаққиди Путин ва Кремлин буд. Ӯро феврали соли 2015 дар як пули наздик ба Кремлин аз пушти сараш ба қатл расонданд. Моҳи июли имсол додгоҳе дар Маскав як марди чечентабор Заур Дадаев ва чор ҳамроҳи ӯро ба мӯҳлати аз 11 то 20 сол маҳкум ба зиндон кард.

Хешовандони Немтсов бовар доранд, ки куштор дар сатҳи хеле боло фармоиш дода шудааст.

XS
SM
MD
LG