Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди сахттар кардани тақдими шаҳрвандӣ ба хориҷиҳо дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки қоидаи додани шаҳрвандӣ ба хориҷиҳое, ки соҳиби ҳаққи иқомат ҳастанду ҳамсари рус доранд, сахттар карда шавад.

Ба пешниҳоди Вячеслав Володин, муҳлати ҳаққи гирифтани шаҳрвандии Русия барои ин гурӯҳи хориҷиҳо “бояд на ду, балки се сол бошад”. Ӯ бовар дорад, ин қоида хориҷиҳоро барои дар фурсати кӯтоҳ гирифтани шаҳрвандӣ дилсард ва аз мавридҳои издивоҷи расмӣ, вале ғайривоқеӣ, пешгирӣ мекунад.

Баъд аз ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав дар моҳи марти 2024, Думаи давлатии Русия қонунҳои муҳоҷиратро дар ин кишвар бозбинӣ ва сахттар мекунад.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтанд, аз аввали соли 2024 беш аз 65 ҳазор хориҷиро аз ин кишвар ронда, 120 ҳазор нафари дигарро аз ҳаққи вуруд маҳрум намуданд.

Шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия дар даҳ соли охир ба поинтарин нишондод расидааст ва ин ҳолат, ба бовари коршиносон, боиси эҷоди буҳрон дар баъзе аз бахшҳои хидматрасонӣ ва якбора боло рафтани арзиши баъзе аз хадамот мешавад.

XS
SM
MD
LG