Беҳрӯз Зеваров, роҳбари “Топ Медиа” ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи тавофуқи ҳосилишуда тӯли як моҳ клипҳои Баҳром Ғафурӣ дар бузургтарин телевизиони мусиқии форсии ҷаҳон ройгон пахш хоҳанд шуд. Вай афзуд, қарор аст клипҳои овозхонҳои дигари тоҷик низ тариқи ин шабака ба муштариёни шабака пешниҳод гарданд.
Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, «худи ман бевосита бо масъулони ин шабака тамос гирифтам ва пешниҳоди ҳамкориро намудам. Ин гуфтушуниди мо чанд моҳ тӯл кашид, зеро ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва пахши таронаҳои овозхонон дар ин шабака санадгузории зиёд мехоҳад. Шартҳои техникие, ки барои намоиши клип аз ҷониби шабака пешниҳод шудааст, ин аст, ки бояд клип ҳатман дар формати MP4 ва ё Move ва ҳаҷми он бояд 1920 ба 1980, яъне Full HD бошад. Ҳоло аксарияти овозхонони мо дар ҳамин шакл клипҳои худро наворбардорӣ мекунанд.»
PMC – яке аз маъруфтарин телевизионҳои байнулмилалии форсист, ки ба пахши умдатан клипҳои овозхонони Эрон ихтисос ёфтааст ва роҳ ёфтан ба эфири он мушкил аст. Ба гуфтаи Беҳрӯз Зеваров, барои пахши клип дар шабакаи PMC садои овозхон матну оҳанги суруд ва саҳнасозии клип муҳим будааст.
Дар ҳамин ҳол, прайслисти PMC ҳам барои овозхонони тоҷик хеле гарон аст.
То имрӯз дар ин шабака аз ҳунарпешагони тоҷик танҳо клипҳои овозхони маъруф Садриддини Наҷмиддин ва он ҳам он таронаҳояш, ки бо лаҳни эронӣ иҷро кардааст, пахш мешуд. Гуфта мешавад, баъди пахши оҳангҳои ин овозхони тоҷик дар телевизиони мазкур шӯҳрати ӯ афзуд ва заминаи ҳамкориҳояш бо ҳунармандони саршиноси эронӣ ва афғониро фароҳам кард.
Садриддини Наҷмиддин дар тамоси катбӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, пахши клипҳои ӯ асосан бо талаби мухлисони ӯ аз Эрон, ки тариқи паёмҳои мобилӣ ё СМС сурат мегирад ва ҳамаи клипҳо аз сӯи коргардонҳои эронии муқими Амрико омода шудаанд.
Шаҳроми Абӯбакр, яке аз овозхонони тоҷик низ мегӯяд, соле пеш ба дафтари марказии ин ширкати телевизионӣ барои пахши оҳангҳояш муроҷиат кардааст. Аммо онҳо пешниҳод кардаанд, ки Шаҳром бояд таронаҳошро бо лаҳни эронӣ сабт кунад. Вай гуфт, «барои ман ин пешниҳоди онҳо қобили қабул набуд, зеро ман мехоҳам маро бевоиста ҳамчун ҳунарманди тоҷикзабон шиносанд.Албатта орзуи ҳар яки мо овозхонон ҳам ин аст, ки санъати мардуми худро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон бидиҳем ва ба ҳамин хотир кӯшиш менамоем, ки ба чунин шабакаҳо роҳ ёбем.»
Дар ҳамин ҳол, Беҳрӯз Зеваров, роҳбари “Топ Медиа” мегӯяд, дар қарордоди онҳо бо PMC мавзӯъи ба шеваи эронӣ сабт шудани клипҳо матраҳ набудааст.
Марҳабо Азизова, продюсери тоҷик, ки аксаран ба даъват ва ташкили консерти ҳунармадони хориҷӣ дар Тоҷикистон машғул аст, имзои ин қарордодро барои шоу- бизнеси Тоҷикистон ва муаррифии ҳунармандони тоҷик дар берун аз кишвар муҳим арзёбӣ мекунад.
Ӯ мегӯяд, «бубинед, барои чӣ аксаран мо овозхонони Эрону Афғонистонро барои додани консерт ба Тоҷикистон даъват мекунем, аммо овозхонони моро ба ҷуз аз Шабнаму Садриддин даъват намекунанд, зеро онҳо чандон шинохта нестанд. Мо низ ба воситаи ҳамин шабакаи PMC маъруф будан ё набудани овозхонро баҳо медиҳем ва даъват мекунем. Албатта, мо овозхонони хуб дорем, ки бояд муаррифӣ шаванд ва ин шабака метавонад дар ин роҳ нақши муассир дошта бошад.»
Имконияти дар миёни форсзабонон матраҳ гардидани овозхонони тоҷикро тавасусути шабакаи PMC Фарҳод Зикиров оҳангсози шинохтаи тоҷик низ шонсе хубе медонад, ки аз он бояд истифода бурд. Аз сӯи дигар ба таъкиди ин оҳангсоз ба эҳтимоли қавӣ ба ҳамин васила сифати тарона ва клипҳо низ ба маротиб боло хоҳад рафт.
Фарҳод Зикиров афзуд, «таври маълум, овозхонони мо мебинанд, ки дар ин шабака сатҳу сифати пешниҳоди оҳанг ва клип чӣ гуна аст, талош мекунанд, барои мувофиқ ба ин меёрҳо будан талош мекунанд. Албатта барои ин маблағи зиёд лозим аст, аммо бар ивази ин овозхонони мо маъруфияти бештар дар берун аз Тоҷикистон касб мекунад ва доираи мухлисони худро меафзоянд. Ҳамаи ин барои даъват шудан ба хориҷа ва гузоштани консерт барои ҳаводорони бурунмарзӣ шароит фароҳам мекунад.»
Шабакаи PMC- 9 майи соли 2003 ба ҳадафи «ироаи садои нав» ба ҷавонони Эрон аз сӯи як тоҷири эронӣ ташкил шуда, ҳоло аудиторияи худро танҳо дар Эрон 11 миллион нафар ҳадс мезанад. Тариқи ин телевизион клипҳои арабӣ ва ғарбӣ ҳам пахш мешаванд.
Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, бо даъвати роҳбарияти PMC моҳи феврал ба Дубай, дафтари марказии ширкати телевизионӣ сафар дорад ва умедвор аст, ки сари қиматҳо барои овозхонони тоҷик имтиёзҳоеро ба даст хоҳад овард.