Рӯзи сешанбеи 7 июл дар шаҳри Исломобод ҳайати ҳукумати Афғонистон ва аъзои гурӯҳи “Таҳрики Толибон”-и Афғонистон ба натиҷае расиданд, ки музокиротро ба хотири дастёбӣ ба тавофуқ ва сулҳи дутарафа идома медиҳанд. Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Покистон хабар дод. Ба иттилои як мақоми вазорати хориҷаи Покистон, ҳарду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки бояд барои расидан ба сулҳ то охири ин ҷараёнҳо тавофуқ ва ӯҳдадории тамомро ба намоиш мегузоранд.
Дар сӯҳбат бо бахши покистонии радиои Озодӣ – радиои “Машъал” мақоми ВКХ Покистон гуфт, ки дар ин музокирот Ҳикмат Халил Карзай, муовини вазири умури хориҷаи Афғонистон ва намояндаи Толибон Мулло Ҷалил иштирок мекунанд. Дирӯз дар ин гуфтугӯҳо намояндагони мақомоти ИМА ва Чин ҳам ширкат доштанд. Вазорати
хориҷаи Покистон мегӯяд, “ширкатдорони музокирот эътироф мекунанд, ки бояд тадбирҳоеро ба хотири эҷоди ҳусни эътимод ва боварӣ дар миёни тамоми гурӯҳҳои дахил дар ин ҷараёнҳо” биандешанд. Бино ба ин изҳорот, ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки музокиротро ба хотири эҷоди як муҳити созгор барои сулҳу ҳамоиши ҷонибҳо идома хоҳанд дод. Музокирот баъди анҷоми моҳи Рамазон идома мекунад.
Тавофуқи ин навбат ҳосилшуда дар ҳолест, ки Толибон ба амалиёти ҷангии худ зидди нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон идома медиҳанд ва имсол ошӯбҳои онҳо дар қаламравҳои шимолу шарқи ин кишвар, дар наздикиҳои марз бо Тоҷикистон вусъат пайдо кардааст.
Ба эътимоди мақомоти амниятии Тоҷикистон, дар марз бо ин кишвар на камтар аз 1500 ҷангии мухолифи ҳукумати Афғонистон қарор доранд. Моҳе пеш даргириҳои шадид дар вилояти Бадахшони Афғонистон боиси нигаронии шадиди мақомот ва ҳам сокинони маҳаллӣ шуд. Мақомоти Кобул мегӯянд, дар ҳайати гурӯҳҳои наздик ба Толибон ҷангиёни хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам меҷанганд, ки аъзои гурӯҳҳои мисли “Ансоруллоҳ” ва “Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон” мебошанд.
Изҳороти Гулбиддин Ҳикматёр ба ҷонибдорӣ аз ДИИШ
Дар ҳамин ҳол, худи Толибон ҳам дар рӯбарӯи чолиши наве қарор доранд. Баъзе аз ин гурӯҳҳои ҷангӣ, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ҳоло ба муқобили Толибон силоҳ бардоштаанд. Дар изҳороти ахираш яке аз ҷангсолорони қадимаи мухолифини Афғонистон Гулбиддини Ҳикматёр ҳам аз пуштибонии “Давлати исломӣ” хабар додааст. Раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон ба пайравонаш гуфтааст, ки агар байни ҷунбиши Толибони мусаллаҳ ва тундравҳои “Давлати исломӣ” задухӯрд ба амал ояд, пайравони Ҳизби Исломӣ бояд аз ДИИШ ҳимоят кунанд.
Дар ин бора рӯзномаи “Иттилооти рӯз”, чопи Кобул дар сармақолаи худ хабар додааст. Ҳикматёр дар ин эъломия гуфтааст: “Толибон, Шӯрои
Низор ва коммунистҳо душманони қасамхӯрдаи онон мебошанд”. Муаллифи ин сармақола навиштааст, ҳимояти Ҳикматёр ва ҳизбаш аз "Давлати исломӣ" ин гурӯҳро тақвият нахоҳад кард, чун ин ҳизб тавоноии пешинаашро аз даст додааст. Вале рӯзномаи дигари чопи Кобул бо номи “Ормони Миллӣ”, ки як нашрияи ғайридавлатист, ба ин эъломия нигоҳи ҷиддитар дорад ва дар мақолае аз номи Шӯрои Олиии Сулҳи Афғонистон навиштааст, ки ҳукумат бояд дар робита бо эъломияи Ҳизби Исломӣ ба раҳбарии Ҳикматёр аксуламал нишон диҳад.
Мақомоти Шӯрои Олии Сулҳ гуфтаанд, ки ин мавзӯъ барои онон нигаронкунанда аст. Гулбиддин Ҳикматёр ва пайравонаш дар Ҳизби Исломӣ баъд аз конфронси Бонн дар охири соли 2001 дар ҳошия қарор гирифтанд. Дар солҳои баъд аз конфронси сулҳи Афғонистон дар Бонн, яъне дар давоми ин 14 соли гузашта дар Ҳизби Исломии Ҳикматёр чанд бор тафриқа пеш омад. Вале як гурӯҳи ҷангии ин ҳизб ҳамчунон боқӣ мондааст ва худро мухолифи ҳукумати марказии Кобул медонад.
Соли гузашта Ҳикматёр интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро интихоботи намоишӣ арзёбӣ кард. Бо вуҷуди ин, вай аз аъзои ҳизбаш даъват кард, ки дар интихобот ширкат кунанд, яъне ба интихобот раванд, варақаҳои райро бигиранд ва дар Шӯроҳои вилоятӣ ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои Ҳизби Исломӣ рай диҳанд ё ба номзадҳое раъй диҳанд, ки дар бораи Ҳизби Исломӣ назари хуб дошта бошанд.
Ҳатто Қутбиддин Ҳилол-муовини пешини Ҳикматёр дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мустақилона худро номзад кард. Вале вай шикаст хӯрд. Дар эъломияи кунунии Гулбиддин Ҳикматёр рӯшан нашудааст, ки ин эъломия ба маънои ба истилоҳ “байъат” кардани гурӯҳи вай бо "Давлати исломӣ" аст ё хайр.