Дар ноҳияи Шаҳринав, дар тақрибан 50-километрии пойтахти Тоҷикистон, сегоник (се писар) таваллуд шудааст. Волидон мегӯянд, ҳарчанд аз муноисбати пизишкон розиянд, ба таваҷҷуҳ ва пуштибонии бештар ниёз доранд.
"Барои ҳамсарам бисёр вазнин аст"
Модари сегоник омӯзгори ҷавон Зуҳро Ташанова аст. Ҳоло шумораи умумии фарзандонаш ба шаш расид. "Худо дод, шукр, хурсанд шудем. Хушдоман дорам, модар дорам, калон мекунем. Номашро Муҳаммадҷон, Абубакр ва Умар мемонем," -- гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми март.
Фаррух Имомов, падари сегоник, то чанд сол пеш ба корҳои мавсимӣ ба Бритониё мерафт. Ду сол боз дигар даъват намешавад. Фаррух мегӯяд, ба ин далел душвории зиндагияш зиёд аст ва бо таваллуди сегоник нигаронияш ҳам бештар гардид.
“Аз ҳисоби молӣ бисёр азият мекашам. Аз бонк қарздорам, ба мусофиркашӣ машғул ҳастам. Мехоҳам, каме ёрӣ диҳанд. Ҳозир ниёзи якуми мо нигоҳубини навзодон аст. Худатон ҳам дидед, ки фарзанди нахустини мо маъюб аст. Барои ҳамсарам бисёр вазнин аст,” – афзуд вай.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Фарзанди нахустини Фарруху Зуҳро ҳафтсола ва камтавон аст. Фалаҷи майнаи сар дорад ва рӯйи ҷогаҳ хобидааст. Хонавода ҳар моҳ барои табобати ин фарзанди бемор то ду ҳазор сомонӣ (тақрибан дусад доллар) харҷ мекунанд. Вай на ҳарф мезанад ва на ҳаракат мекунад. Табобаташ дар хориҷ 20-25 ҳазор доллар масраф доштааст.
Раҳима Саидова, модаркалони сегоник, мегӯяд, “мушкил аст, инро бардоштан даркор. Ман мебардорам, модараш мебардорад, вазнин. Миён дард мекунад, пой дард мекунад. Худамон ҳам пир шудаем."
"Як ҳамшира диҳанд"
Бо вуҷуди камсобиқа будани сегоник дар Шаҳринав, ба гуфти ин хонавода, ҳанӯз аз ҳукумати ноҳия на касе ба табрикашон омад ва на пешниҳоди ёрӣ кард.
Замирахон Ташанова, модаркалони дигари сегоник, аз муносибати табибони таваллудхона сипосманд аст, аммо умедвор аст, ки ҳукумати ноҳияи Шаҳринав ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ ба ёрии духтару набераҳояш мерасанд.
Ӯ афзуд: “Шароити духтарам тамоман вазнин аст. Хона надорад. Кумак кунанд. Як ҳамшира диҳанд. Ҳукумат ҳам ёрӣ кунад. Хӯрдан даркор, зистан даркор.”
Бунафша Назарова, мудири таваллудхонаи Беморхонаи марказии Шаҳринав, низ мегӯяд, навзодон дар ҳафтмоҳагӣ ва бо ҷарроҳӣ ё буриши қайсарӣ зода шудаанд ва ба нигоҳубини вижа ниёз доранд.
“Инҳо бояд хӯроки серғизо хӯранд. Вазнашон кам аст. Ҳамаи ғизое, ки инҳо мегиранд, аз шири модар аст. Нигоҳубини як фарзанд дигар аст. Се фарзанд вазнинтар. Бо ёрии ҳамаҷонибаи табибон ва хонаводаашон ин тифлонро бояд калон кунем, зеро ин дастоварди калони ҳамин ноҳияи мо ҳисоб мешавад,” – гуфт Бунафша Назарова.
То кунун дар Тоҷикистон таваллуди дугоник, сегоник, чаҳоргоник ва панҷгоник сабт шуда, дар баъзе маврид мақомот ба хонаводаи онҳо манзилу ҷиҳоз додаанд. Вале шашгонике, ки моҳи январи соли 2023 дар вилояти Суғд ба дунё омад, ҳамагӣ чанд соат умр дид.
Модари сегоники нахустин дар ноҳияи Шаҳринав, ки омӯзгори забони русист, пас аз таваллуди фарзандон хонанишин шудааст. Падари оила сарфи назар аз ин ки дар хонадонаш ҳодисаи фараҳбахш рух дод, маҷбур аст, ба мусофирбарӣ идома диҳад. "Бо 150 ҳазор сомонӣ қарзи бонк мошин гирифтаам ва бояд ҳам оиларо хӯронам ва ҳам пули бонкро баргардонам," – гуфт ӯ.