Зани танҳои қазоқ, ки шавҳари тоҷикаш ӯро монда рафтааст, мегӯяд, баъд аз онки аробаашро дуздиданд, дигар пуле барои харидани ароба надошт, ки кор кунад ва барои ҳамин ба гадоӣ рӯ овард.
Падарам омад, писари амакам омад, ки маро бибаранд. Аз ҳукумат гуфтанд, ки кӯдаконатро дар ятимхона супор ва худат рав. Ман розӣ нашудам ва дар ҳамин ҷо мондам
"Кор мекобам, намеёбам"
Элмира Таганова, ки 12 соли пеш бо умеди бунёди хонаи бахт бо марди тоҷике аз Қазоқистон ба Тоҷикистон омада, баъди тарки хона кардани шавҳар бо аробакашӣ дар бозорҳои Душанбе рӯзии худ ва чаҳор бачаашро меёфт, бе кор мондааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки арфоди ношинос ароба – ягона гардонандаи чархи зиндагиашро дуздидаанд.
«Аллакай як моҳ зиёд шуд, ки ароба надорам. Ҳоло талбаандам. Кор мекобам, намеёбам. Ҳатто мегӯям, ки ба автобусҳо пулчинак гиред, қабул намекунанд», - шикоят кард ӯ.
Элмира Таганова шаҳрванди Қазоқистон буда, феълан ҳеч санад надорад. Онҳоро гум кардааст. Қаблан аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки барои таҳияти ҳуҷҷат ва рафтани ӯ ва фарзандонаш ба Қазоқистон кумак кунанд. Аммо ҷавоби мақомот Элмираро дилсард кардааст.
Ӯ мегӯяд, “аз сабаби онки фарзандонам шаҳрванди Тоҷикистонанд, намегузоранд, бо ман раванд.”
"Падарам аз Қазоқистон омад, то маро барад"
Як мақоми тоҷик ҳам гуфт, дар сурати зарурат ин зан метавонад фарзандҳояшро ба хонаи бепарасторон супурда, барои таҳияи санад ба Қазоқистон биравад.
Радиои Озодӣ 3 моҳ қабл рӯзгори сахти ин занро нақл кард. Он вақт ҳам Элмира Таганова аз мушкили аснод, шароити сахти зиндагӣ ва надоштани ҷойи зист қисса карда буд. Баъди нашри ин гузориш сафорати Қазоқистон дар Душанбе Элмираро даъват карда, гуфтааст, омода аст барои интиқоли ӯ ва чаҳор фарзандаш ба Қазоқистон кумак кунад. Падараш ҳам ба суроғаш омад.
“Падарам омад, писари амакам омад, ки маро бибаранд. Аз ҳукумат гуфтанд, ки кӯдаконатро дар ятимхона супор ва худат рав. Ман розӣ нашудам ва дар ҳамин ҷо мондам”, - мегӯяд ин зан.
Аввали ишқ – осмони баланд, охири ишқ – хоки домангир
Элмира Таганова ҳанӯз 10-12 соли пеш ба ин ҳолат афтодани худро тасаввур ҳам намекард. Ӯ соли 2006 барои бунёди хонаи бахт бо як ҷавони тоҷик ба Тоҷикистон омад.
Мегӯяд, то соли 2016 бо шавҳари тоҷикаш зиндагии хуб дошт. Ба гуфтаи худаш, баъд аз ду дафъа таваллуди дугоник, ки ҳама духтар буданд, зиндагии хубаш ба поён расид. Шавҳараш бо баҳонаи ин ки наметавонад барояш писар таваллуд кунад, онҳоро аз Хатлон ба пойтахт овард ва дигар суроғ накард.
Гузориши пешинаи Озодӣ:
Соли аввали зиндагии Элмира ва фарзандонаш дар Душанбе бо оворагардӣ ва дар роҳҳои зеризаминӣ гузашт. Элмира мегӯяд, дар даст ягон санад надорад ва бинобарин натавонист ҷое кори беҳтар пайдо кунад ва дар бозори “Деҳқон”-и маҳаллаи Гипрозем ба аробакашӣ шурӯъ карда буд.
Аммо ҳоло ҳамин аробаашро ҳам аз даст додааст.
Маҷбур аст, сабр кунад
Ин зани 33-сола дар чаҳорсӯи зиндагӣ дармондааст. Аз як сӯ мехоҳад ба ватанаш Қазоқистон равад, аз сӯи дигар намехоҳад аз фарзандон ҷудо зиндагӣ кунад.
Аммо азбаски Тоҷикистон фарзандонашро ҳамчун шаҳрвандони кишвар бо ӯ рафтан намегузоранд, маҷбур аст, то омода шудани ҳуҷҷат ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқиаш дар Тоҷикистон бимонад. Ҳоло ӯ дар ҳуҷраи нимсохти Гавҳарбӣ, фарроши яке аз бозорҳои пойтахт зиндагӣ мекунад.
То ба ҳол пайдо кардани хонаводаи шавҳари собиқаш ба мо муяссар нашуд. Онҳо низ баъди нашри гузоришҳо дар бораи вазъи зиндагии Элмира ва фарзандонаш ба ҷустуҷӯи онҳо наомадаанд.